Абдулло СУБҲОН
Пирмарде навҷавонӣ,
Аз абармардон* нишонӣ.
Беҷаҳонҳоро ҷаҳонӣ,
Безабонҳоро забонӣ.
Халқи олам аз ту медонад, ки дар ин марзу бум –
Ӯзбакистони навин,
Аз замонҳои қадим – асри оҳан ё биринҷӣ...
Тоҷикон ҳам истиқомат мекунанд.
Бо вуҷуди бурдҳову бохтҳо дар зиндагӣ,
Шукри номат мекунанд...
Тан агар зиндаст бо обу ғизо,
Рӯҳро бояд ғизои маънавӣ.
Рӯҳро бояд каломи рӯҳбахш,
Чун каломи Мавлавӣ...
Дар даҳони рӯҳи мардум
ту ғизои маънавии Рӯдакиву Мавлавиӣ...
Мерасонӣ то шууру мағзи инсонҳо,
ки аз як гавҳаранд.
Дар масал дунё агар як хона аст,
Аҳли он аз як падар, як модаранд...
Муддаоят одаму одамгарист,
Посдории забони модарист...
Порсиям дар забон, лек
Нестам бо порсоён дар намоз
Ай каломат сабзтар аз ояҳо,
Аз қазо гар сӯйи қибла сар барам,
Бо дилу дасти намозӣ,
Ҷойи саҷҷода туро мегустарам...
____________
*Абармардон – аҳли қалами рӯзнома дар оғози садаи ХХ: устод Садриддин Айнӣ, Абдуқайюм Қурбии Самарқандӣ (нахустин сармуҳаррири рӯзнома), Саидризо Ализода, Ҷавдат, Нисор Муҳаммади Афғон, Фахриддини Роҷӣ, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон.