ҚАДАМИ ЗОҲИД ДАР РОҲИ ДОКТОРӢ

Ба қарибӣ дар толори ҷамъомадҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими дифоъ аз рисолаи доктории Зоҳид Қӯрғонов дар бахши забоншиносӣ, доир ба мавзӯи «Таҳқиқи муқоисавӣ-таърихии унсурҳои ёвари сервазифаи осори садаҳои Х-Хlll бо даврони муосир» баргузор гардид.

Зоҳидҷон Қӯрғонов худ зодаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато, хатмкардаи мактаби рақами 43 буда, пас аз мактаб, шомили факултаи филологияи ДДХ мегардад. Ҳамсари худ Наргисро низ аз ҳамин шаҳр дарёфт намуд. Ҳоло онҳо соҳиби  ду писараки дӯстрӯ ҳастанд , ки бо одобу ахлоқи ҳамида ба дили ҳар фард роҳ ёфта метавонанд. Ногуфта намонад, ки хизматҳои келин  дар ҷодаи корҳои Қӯрғонов беҳамтост. Зеро ҳақ фармудаанд:
Зани хуби фармонбари 
порсо,
Кунад марди дарвешро 
подшоҳ.            
Ӯ соли 2009 рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, пас аз чанд соли пажӯҳиш дар риштаи забоншиносӣ, таҳқиқоти ҷомеъ ва муфассалеро дар мавзӯи мазкур анҷом дода, онро ба сифати рисолаи докторӣ ҳимоя кард. 
Мушоҳидаи ҷараёни ҳимояи докторӣ аз он шаҳодат дод, ки бори аввал ба ин мавзӯъ аз ҷониби диссертант таваҷҷуҳ зоҳир шуда, масъалаи мавриди назари ӯ пурра ҳалли худро ёфтааст. Ин нукта ба кулли ҳайати аъзои Шӯрои дифои назди донишгоҳ манзур гардид. Дар ҷаласаи муҳокимаи рисола академик Носирҷон Салимӣ, раиси Шӯрои дифоъ профессор Матлуба Хоҷаева ва дигарон андешаҳои худро иброз доштанд. 
Аз муҳокимаи олимони соҳа маълум гардид, ки мавзӯи интихобкардаи Қӯрғонов на танҳо ба манфиати илми забоншиносии тоҷик, балки он дар забоншиносии тамоми забонҳои рӯйи дунё дорои аҳамият аст. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ рисолаи доктории Зоҳид Қӯрғонов сазовори дараҷаи баланди илми забоншиносӣ гардид. Ба таъбири Мирзо Бедил, ки мегӯяд: «Аз фалак бе нола коми дил намеояд ба даст, Шаҳд хоҳӣ, оташе зан хонаи занбӯрро». Шабҳои бехобӣ, норасоиҳои моддӣ, заҳматҳои бисёрсолаи Зоҳидҷон барабас нарафт. Албатта хизматҳои устодони мактаб ва донишгоҳ низ дар ин ҷода беҳамтост.                                        
Зоҳидҷон чун шахси ҳалиму хоксор бо дониш ва дурандешии худ байни ҷамоаи донишгоҳ ба ҳурмату иззати хосса сазовор аст. 
Ҳангоми аз сарҳад гузаштан, бо Мадина ном духтаре дар як сабукрав равона будем, пурсон шудам: 
– Хоҳар, шумо аз куҷоед ва ба куҷо равонаед?
– Ман аз ноҳияи Ғончӣ, Бекобод барои дидани хешовандонам равонаам. 
– Шумо мехонед ё кор мекунед? 
– Ду сол қабл аз ин факултаи филологияи тоҷики ДДХ-ро хатм намудам, ҳоло кор мекунам.
– Пас, омӯзгор Зоҳидҷон Қӯрғоновро мешиносед? 
– Албатта мешиносам. Он кас дар қалби ман ҳамчун устоди ҳалиму хоксор, меҳрубон ва донандаи моҳири пешаи худ як умр нақш бастаанд.
Аз шунидани чунин суханҳо ва суҳбати ногаҳонӣ, рости гап, дилам ба ваҷд омад, дар чашмҳоям донаҳои ашк ҳалқа зад. 
– Духтарам, пас мужда диҳед, устодатон, ки ҳамдиёри мо ҳастанд, имрӯз рисолаи докториро дар сатҳи воло ҳимоя намуд. 
Духтарак бо ҳаяҷон: «устод арзандаанд, илоҳо саломат ва ба бахти миллати мо ҳамеша сарбаланд  бошанд. Табрики маро албатта расонед!» – гуфт.
Бо ҳамин кайфияти хуш сӯи зодгоҳ омадем. Барои модари Зоҳидҷон, момои Тошбика, ки интизори мо буд, воқеаро нақл намудем. Модар аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфт.
Ба Зоҳидҷон Қӯрғонов барори эҷодӣ хоста, бо чунин байти шоира Фарзона, мегӯем:
Худо, ки дод чунин 
хилқати мунир туро,
Инояти азалӣ бод дастгир 
туро.
                
Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, 
Аълочии маориф ва
 илми Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: