Дар нашриёти «Душанбе-принт»-и шаҳри Душанбе китоби дуюми «Ҳаёт, адабиёт, воқеият»-и сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба табъ расид.
Дар китоб мақолаҳои солҳои охир навиштаи муаллиф ҷамъоварӣ шуда, дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои таърихи адабиёти классикии тоҷику форс, адабиёти муосири тоҷик, равобити адабӣ, чеҳраҳои адибону донишмандони пешину имрӯза, рушди адабиётшиносӣ ва пажӯҳишгарони он ва баъзе масъалаҳои фарҳангӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Китоб аз чаҳор қисм иборат буда, дар қисми якум доир ба манбаъҳои асотирӣ ва ривоятӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ, Шамсиддини Шоҳин, муносибати дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ сухан меравад.
Қисми дуюмро баъзе масъалаҳои назму насри адабиёти садаи бист ва аввали садаи бисту якуми тоҷик дар бар гирифтааст.
Дар қисми сеюми китоб, ки «Мулоҳизаҳо дар бораи баъзе адибони тоҷики Ӯзбекистон» ном дорад, мақолаҳои «Ташаккул ва таҳаввули ашъори дузабона дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек», «Дунёи рангини Асад Гулзодаи Бухороӣ», «Чу парвона ба сӯйи шуълаи умед», «Бозтоби олами маънавии инсон дар ғазалиёти Паймон», «Шоири озодандеш ва ошиқи зиндагӣ», «Тарғиби равобити адабӣ тавассути маҷаллаи навтаъсиси «Дурдонаҳои Шарқ» ва «Бухорои Шариф – оинаи ҷаҳоннамои миллат»-и муаллиф ҷой гирифтаанд.
А. Раҳмонзода дар ин қисм дар бораи равобити адабии ду халқ ва сабаби падид омадани назми дузабона, инчунин муҳити илмиву адабии ҳар ду халқ маълумот дода, таъкид кардааст: «Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон адибони тоҷиктабор ба таълифи асарҳои пурмазмуну гуногунжанр машғул шуда, дар рушди адабиёти тоҷикӣ ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд. Асарҳои бадеии тозанашр барои ғанӣ гардондани донишу малака ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони ҳар ду халқ хидмат карда, дар ташаккулу тафаккурашон нақши арзанда мебозанд. Зеро адабиёт тарбиятгари ҷомеа аст».
Мақолаи «Нигоҳи Абдуқайюми Ҳасанзод доир ба ашъори шоирони тоҷики Ӯзбекистон» дар қисми чоруми китоб омадааст, ки дар он муаллиф рӯйдодҳои сӣ соли охир, бахусус, даҳсолаи охирро таҳлил карда, ташаккули адабиёти тоҷикро дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон як дастоварди муҳим дар замони соҳибистиқлолӣ медонад.
Метавон гуфт, ки китоб барои шиносоӣ пайдо кардан доир ба баъзе масъалаҳои мубрами таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фолклоршиносӣ ба дӯстдорони сухан ва донишҷӯён маводи наву тоза пешниҳод менамояд.
М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».