Пас аз оне, ки дар факултети мо имтиҳоноти ниҳоӣ ба поён расид, мудири кафедраамон Махфират Қурбоналиева супориш доданд, ки аз фанни «Фолклори тоҷик» амалиёти малакавӣ гузаронем.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки моҳияти асосии фолклорро қадриятҳои миллии қадима, адабиёти даҳанакии халқ ва таърихи пайдоиши он ташкил мекунад. Мо барои гузаронидани амалиёти малакавӣ ба деҳаҳои худ равон шудем.
Ман кори таҷрибаомӯзиро мувофиқи шарти асосии амалиёти малакавӣ аз суҳбат бо мардуми деҳа оғоз намудам ва ба ин васила хостам таърихи пайдоиши деҳаи худро хуб омӯзам. Дар давоми ду ҳафта бисёр маълумотҳои ҷолибу шавқоварро дастрас намуда тавонистам. Пиронсолони деҳаамон таърихи пайдоиши деҳаамонро аз даври Амир Насруллоҳ оғоз мешавад, гӯён таъкид намуданд. Аз рӯи нақлҳои шунидаам Амир Насруллоҳ бо лашкари худ ба ин ҷо меояд ва обу ҳаво, заминҳои ҳосилдору обҳои зулолу ширинаш ба ӯ маъқул мешавад. Ҳамин тавр ӯ дар лаби дарёи калони деҳаамон қасре барпо намуда, ба навкарони худ низ фармон медиҳад, ки барои зистан дар ҳамин ҷо макон бунёд созанд. Шояд аз ҳамон даврони қадим бобоёнамон аз дарёи шӯхи Тӯпаланг ҷӯй кашида, соҳили онро боғу роғ карда бошанду деҳаи мо саргаҳи он ва аз ин сабаб «Сари Ҷӯй» ном гирифта бошад.
Аз рӯи нақлҳое, ки аз муаллимони мактаби рақами 82-юми Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиё шунида будам, Амир Насруллоҳ каме дуртар аз деҳаамон қароргоҳеро барои истироҳат намудан бо дӯстони худ месозонад, ки номи он манзил «Бодахона» аст. Баъдтар, бо мурури вақт номи деҳа тағйир ёфта «Подахона»-ро гирифтааст. Аммо ин ном ба касе маъқул намешавад ва аз ин сабаб бо номи «Гулистон» иваз карда шудааст.
Ҳамин тавр ман ин маълумотҳоро ба дафтарам сабт намудам. Ғайр аз ин боз чандин шеъру зарбулмасалеро, ки аз қадим дар байни мардуми деҳаамон маълум аст, навишта гирифта, барои супоридани ҳисобот ба донишгоҳ рафтам. Ҳамаи шарикдарсонам бо худ намунаҳои мероси қадимаи санъати ҳунармандӣ, амсоли кӯзаи гилин, табақи чӯбин, сӯзаниҳо, атласу тоқиҳои қадима, зарпочча ва чандин маводҳои дигаре, ки аз қадим мерос мондааст, оварда, ҳамчун маҳсули амалиёт супориданд ва баъд тақдимоту ҳимояи корҳои малакавӣ оғоз гардид. Шарикдарсон ба навбат ҳисоботи амалиёти малакавии худро супориданд. Ин аввалин таҷрибаомӯзӣ ва тақдимоту ҳимояи мо – донишҷӯёни хатмкардаи соли аввал буд, ки хеле шавқовар ва пурмазмун ҷараён дошт. Мо амин гардидем, ки таҷрибаомӯзӣ донишро афзун мекардааст.
Моҳчеҳра РАСУЛОВА,
донишҷӯйи ДДТ.