ПАҲЛАВОН МАҲМУДИ ХОРАЗМӢ ВА АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Рӯзномаҳои тоҷикӣ («Бухорои Шариф» ва «Овози тоҷик») қадамҷойи адибони тоҷику ӯзбек будааст.

Солҳои 60-70-уми асри гузашта ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») шоирон Собир Абдулло, Набихони Чустӣ, Назармат, Юсуфҷон Ҳузурӣ ва дигарон, чун ба хонаи дӯст, тез-тез меомаданд, баҳсу мунозираҳо барпо мешуд. Баҳсу талоши адибон дар атрофи тарҷумаи бадеӣ, ғолибан ҳақиқатзо буд, ки ба китобҳо кӯчидааст. Аз ҷумла, ин ҳақиқат: «Паҳлавон Маҳмуд чӣ дар шеър ва чӣ дар фалсафа идомадиҳандаи эҷодиёти Хайём аст. Дар адабиёти форсӣ, баъди Хайём шоире, ки фақат рубоӣ навишта бошад, нест. Ин ҳол дар адабиёти халқҳои туркӣ ҳам дида намешавад... Паҳлавон Маҳмуд тамоми умр, фақат бо забони форсӣ-тоҷикӣ рубоӣ эҷод кардааст.  
Зотан, Паҳлавон Маҳмуд ғояҳои фалсафӣ ва бадеии Умари Хайёмро такмил дода, рӯҳияи давру замонро таҷассум кардааст. Ин, ҳам дар хайёмшиносӣ ва ҳам дар таърихи адабиёти ӯзбеку тоҷик, навигарии муҳим аст».   
(Иқтибос аз Т. Ҷалолов: «Паҳлавон Маҳмуд. Рубоийлар.» Т.1979. саҳ. 20)
Устод Айнӣ дар тазкираи худ: «Намунаи адабиёти тоҷик» мероси адабии  Паҳлавон Маҳмуд – Пирёр Валӣ (Пурёи Валӣ)-ро  баланд арзёбӣ кардаанд.
Пирёр Валӣ дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба сифати Ҷаҳонпаҳлавон, Хайёми Хоразм, таъсисгари Зӯрхона (омӯзишгоҳи варзишӣ), пешвои Футувват (тибқи «Мақомот»), эҳёгари ҳаракати ҷавонмардӣ (муҳаққиқ Сайид Нафисӣ), пайрави беҳамтои Хайём (хулосаи адабиётшинос Т. Ҷалолов) ёд шудааст.
Фалсафа ва фасоҳату балоғати ашъори мавсуф то ба ҳаддест, ки дар баёзу тазкираҳо баъзе   рубоиёташро моли Хайём, ё баръакс, баъзе рубоиҳои Хайёмро ба Паҳлавон Маҳмуд нисбат додаанд.  
Лозим ба ёдоварист, ки  ҳамин анъана (форсинависӣ) дар Хоразми асрҳои миёна муравваҷ буд, асрҳои сонӣ (то қарни ХХ) низ идома дошт. Чуноне ки дар хонигариҳои  Хоразму Қӯқанд  ва дар  аморати Бухоро идома пайдо кардааст. Далелаш:«Девони Амирӣ» (хони Қӯқанд) ашъори пуробуранги Оҷиз (амир Абдулаҳадхон – падари Олимхон), эҷодиёти Муниси Хоразмӣ,  Муҳаммадризо Огаҳӣ хоҳад буд. 
Огаҳӣ муаллифи силсилаи ғазалу рубоиҳои равону дилнишини тоҷикист, «Қобуснома»-и Кайковус, «Гулистон»-и  Саъдӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, асарҳои Низомӣ, Ҷомӣ, Хусрави Деҳлавӣ барин  намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷикро  ба забони туркии чиғатоӣ (ӯзбекӣ) тарҷума кардааст. 
Ин куҳандиёр дар таърих ба сифати  зодгоҳ ва тарбиятгари  уламои олами ислом эътироф шудааст.   
Шаҳри Хева, мисли Бухорою Самарқанд, сайёҳони оламро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашад.  
... Рӯй оварданам ба осор ва рӯзгори Паҳлавон Маҳмуд омилҳои дигар низ дорад. Зеро, бисёр наттоқони кишвар аз классикони адабиёти тоҷик ё аз осори  фуқаҳо ва уламои ислом (чун Имоми Аъзам, Наҷмиддини Кубро, Баҳоуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрори Валӣ) намуна оварда, аз ёдоварии матни асл, ки тоҷикӣ, ё арабист, худдорӣ менамоянд. Солҳои пеш таомул дигар буд. Ҳатто пеш аз ба саҳна баромадани ҳофиз номи суруд, бастакор, агар шеър тарҷума бошад, номи мутарҷим низ эълон мешуд. 
Бояд эътироф намоем, ки тарҷумаи ӯзбекии рубоиҳои Паҳлавон Маҳмуд  равону дилчасп то ба ҳаддест, ки  одами ноошно бо эҷодиёти шоир,   тоҷикӣ будани матни рубоиро ба гӯшаи хаёл намеоварад. Чандин  навори «ютуб»-ро ҳам дидам. Аҳвол ҳамонест, ки гуфтам. Аз ягон роҳбалади сайёҳон нашунидаам, ки номи тарҷумони рубоиёти шоирро ба забон гирифта бошад. 
Ҳайронам, чунин рафтор дар замони пеш дида намешуд. Алишер Навоӣ ҳам форсию туркиро ба як чашм медид. Дар тазкирааш намунаи назми шоирони тоҷикро бидуни тарҷума овардааст. Чунин ҳусни эътибор ба адабиёти якдигар, зотан, равшангари қаробат, дӯстии турку тоҷик буду ҳаст. 
Дар аҳди шуравӣ ҳам «Рубоиёти Хайём» дар як китоб, ки мураттибаш Ш. Шомуҳаммедов мебошад,  ба ду забон чоп шудааст. 
Равонии тарҷумаи рубоиёти Паҳлавон Маҳмудро ман самараи  меҳнати тарҷумон медонам. Аммо тарҷумонҳои бемасъулият низ кам нестанд. 
Аҳли сухан  медонанд, ки тарҷумаи шеър, махсусан дарки маъниҳои Умари Хайёму Пирёр Валӣ, ки мағз андар мағз фалсафианд, кори саҳл нест. Пушти як рубоӣ, як сатри он ва гоҳе барои дарёфти маънии як вожа тарҷумонҳои асил ба адабиётшиносон ва ба ходимони «Ҳақиқати Ӯзбекистон» муроҷиат мекарданд.  
Аввалин муҳаққиқе, ки дар аҳди шӯравӣ бо ихлос ба таҳқиқи  мероси адабии Пирёр Валӣ даст зада, рубоиёти ӯро ба ӯзбекӣ тарҷума карда буд, адабиётшинос Тӯхтасин Ҷалолов мебошад, ки то соли 1979 се китоб (якумаш – 1962, дуюмаш – 1975) ба дасти чоп расондааст. Азбаски Пирёр Валӣ, аз аҳли тасаввуф буд, тахаллусаш ҳам мураккаб аз ду рукни исломӣ мебошад («пир», «валӣ»).  Гузашта аз ин, баъзе рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд дар баёзҳо ба номи шоирони дигар гузаштааст ё баръакс. 
Муҳаққиқ аз баёзҳо 334 рубоии шоирро интихоб намуда, аввал бо дӯстонаш Мунирхон Муинзода, шоир Васфӣ маслиҳат карда, баъди саррофӣ ба тарҷума пардохтааст. Дар кори тарҷума шоирон Э. Воҳидов, Боқир (Амонулло Валихонов ), Улфат (Имоиддин Қосимов) низ саҳм гирифтаанд.  
  
Таърихи  эъмори мақбараи шоир
   
Тибқи «Маноқиби Паҳлавон...» ин мақбара, дар асл, ҷойи ҳавлӣ ва  устохонаи телпаку пӯстиндӯзии Паҳлавон Маҳмуд будааст. Вақте ки шоир дар синни 79 (1326) аз ҳаёт чашм мепӯшад, бино ба васияташ, дар ҳавлии устохонаи худаш, дар гӯрхонаи одӣ дафн кардаанд. Аммо дере нагузашта қимати заминҳои гирду атрофи мазори Паҳлавон Маҳмуд боло меравад, дар паҳлу ва поёни пойи ин бузургвор баъзе зодагон ва ҳатто шоҳони хоразмӣ ба худ хокҷо  интихоб кардаанд, ки алалоқибат ҷиҳати азнавсозии мақбараи пешвои футувват зарурат пеш меояд. Охирин дафъа воқеаи аз нав сохтани мақбараи «Полвон Пир» баъди 500 соли вафоташ, дар аҳди Муҳаммад Раҳимхон оғоз ёфта, баъди 25 сол дар замони салтанати писари ӯ – Оллоҳқулихон  (соли 1835) ба итмом мерасад ва шаклу шамоилеро, ки имрӯз дорад, ба худ мегирад.

Паҳлавон Маҳмуд чаро издивоҷ накард?

Тибқи сарчашмаҳо падари Паҳлавон Маҳмуд дар Куҳнаурганҷ ба дунё омада, аз пайравони содиқи тариқати Наҷмиддини Кубро (1145-1221) будааст. Дар айёми пиронсолӣ ба вай устодаш пешниҳод мекунад, ки азми Хева намояд. Вақте  барҷомондагӣ ва бе фарзанд будани худ пеш оварда, ба ҷояш фиристодани дигар ҷавонмардеро дархост менамояд, пешвои тариқати Кубравия «омода ба сафар бошед, ба инояти Худованд дар ҳамон ҷо фарзанд мебинед», гӯён фотиҳа медиҳад.
Паҳлавон Маҳмуд дар пиронсолии падару модар ба дунё омада, муаддаб, илмдӯст, меҳрубон тарбия ёфта, ҷавони тақводоре мешавад, бахусус, панҷ вақт намозро  тарк намекард. Ба ҷуз як воқеае, ки амри шайтонӣ будааст. 
Овардаанд, ки субҳгоҳе бармаҳал сӯйи масҷид мешитофт. Дар кӯча зебосанами номзад ба арӯсиашро бори аввал мебинад ва  аз пасаш раҳ паймуда, ҳатто садои муаззинро нашнида, намозро қазо мекунад. Ба ҳамин сабаб аз баҳри издивоҷ мегузарад. Вафодор ба аҳдаш бо ишқи Ҳақ умр ба танҳоӣ мегузаронад.
  
Эътирофи сарчашмаҳо

Дар тазкираи «Оташкадаи Озарӣ» гуфта мешавад, ки Паҳлавон Маҳмуд бо лақаби  Пирёр Валӣ шуҳрат ёфта, овозаи паҳлавониаш олам гирифт, яктои  замон, дар шеърият пурқудрат буд, маснавии «Канз-ул-ҳақоиқ» аз ӯст. Рубоиёти дар мавзӯоти тасаввуф эҷодкардаи ӯ марғубанд. 
Мусташриқи машҳур Сайид Нафисӣ, дар баробари баланд арзёбӣ кардани рубоиёти шоир, ӯро аз поягузорони тариқати футувват (ҳаракати ҷавонмардӣ), сарҳалқаи ҳаракати истиқлолхоҳии «Сарбадорон» талқин кардааст.
Шамсиддини Сомӣ (а.ХIХ), ки дар асл муаррихи турк аст, дар «Қомус-ул-аълом»-и худ навиштааст, ки Паҳлавон Маҳмуд аз шуарои машҳури Эрон, зодгоҳаш кенти Урганҷи Хоразм аст, дар ҷавонӣ аз зӯри бозу ва паҳлавонӣ ифтихор мекард. Дар охирҳои умр дар тариқати тасаввуф бисёр риёзат кашид, ҷисман заиф гашт. Маснавии «Канз-ул-ҳақойиқ» аз ӯст. 
Дигар тазкиранависи турк – Муҳаммадтоҳир дар рисолаи «Туркларин улум ва фунуна хизматлари» (Истанбул,1909) бо такрори ҳамон матне, ки дар «Қомус-ул-аълом» омадааст, иктифо кардааст, ки қаблан иқтибос шуд.
 
Дил ба ёру даст ба кор...
              
Аз «Мақомот...» ва дигар манобеъ пайдост, ки Ҳазрати Паҳлавон марди оқил, ориф, саховатпеша буда, дар Хева мақбараи шуҳадои ҷанги зидди Чингизро эъмор кардааст. Ривояти мазкур иддаои «муҳаққиқоне»-ро, ки вафоти шоирро ба ҷанги Чингиз алоқадор медонанд, инкор мекунад.
Чунонки ишора рафт, Паҳлавони пуровоза аз мусобиқаҳои гуштӣ бисёр даромад мегирифт. Аммо таъминоташ аз ҳунари косибӣ – дӯхтани пӯстину телпак буд. Мисли  Умари Хайём, ки  рӯзӣ аз ҳунари хаймадӯзӣ, Ҳазрати Баҳоуддин рӯзӣ аз бастани нақш ба матоъ ёфта, аз «Дил ба ёру даст ба кор»-он будааст. (Ва ин ғоя ҳанӯз дар қарни IX тавассути Шайх-ул-машойих Абубакри Шиблӣ (а.IХ) рӯйи кор омадааст).   
Бисёр сарчашмаҳо ба  исми  шоир лақаби «Пир», «Валӣ», «Пешво» ва «Паҳлавон»-ро зам кардаанд. Худи шоир зимни як рубоӣ тахаллусашро Пирёр Валӣ номидааст:
Аз санги сиёҳ лоҷвардӣ маталаб,
В-аз филфилу занҷабил сардӣ 
маталаб.
Бишнав сухани Маҳмуди 
Пирёр Валӣ,
Аз одами нодуруст мардӣ маталаб.
Мактаби хусусӣ ва «Зӯрхона»-и ҷаҳонпаҳлавон дар асоси  ғояи  «Мо ба муҳтоҷон медиҳем, Худо ба мо медиҳад!» барои равнақи ҳаракати иҷтимоии ҷавонмардӣ раҳ кушодааст. 

Ҳикояти мағлубият

Инак, дар хусуси ду корномаи Ҷаҳонпаҳлавон дар мулки Ҳинд ва сабаби дар гуштингирӣ бори аввал (ва охир) ҷоми  мағлубият чашидани ӯ.

Назар ба нақле Паҳлавон Маҳмуд ба тӯйи  хонадоршавии валиаҳди подшоҳ ба Ҳиндустон даъват мешавад, то дар тантанаҳои зӯрозмоӣ иштирок намояд. Паҳлавони хоразмиро таомуле будааст, ки пеш аз фарорасии вақти баромадан  ба майдони гуштӣ дар шаҳр сайру гашт мекард, ба зиёратгоҳҳо мерафт. 
Ҳамин тавр, Паҳлавон ба сайр мебарояд ва аз пушти девори як ҳавлӣ (тибқи дигар ривоят аз қабристон) нолаю таваллои пиразанеро мешунавад, ки ба писараш аз Худо мадад мехост, то ки бар Паҳлавони хоразмӣ ғолиб омада, рӯзгори ноободашро обод, ятимони гуруснаашро сер, рӯҳи шавҳарашро шод гардонад. Паҳлавон Маҳмуд аз нолаи модар мутаассир шуда, дар мусобиқа пирӯзиро насиби рақиб мегардонад.  
Молики мулк аз хурсандӣ ба шарафи пирӯзии паҳлавони ҳиндӣ «маъракаи  шикор» ташкил дода, Паҳлавони хоразмиро низ ба ин сайр даъват мекунад. Дар шикоргоҳ тифоқо ду пойи пеши филе, ки «тахти равон» мебурд дар ботлоқ фурӯ рафта, ҳаёти подшоҳро зери хавф мегузорад. Ҳарчанд шоху бутта ва сангҳо ба зери пойи фил рехтанд, натиҷа надод. Ҳамин дам Паҳлавон Маҳмуд омада ба китфаш филро боло бардошта подшоҳро аз марг наҷот медиҳад. Подшоҳ ба зӯру иқтидори Паҳлавон қоил монда, суол медиҳад, ки «ба ин тавоноӣ дар гӯштӣ чаро нотавон гаштӣ?»
Паҳлавон Маҳмуд, ки одати дурӯғ гуфтан надошт, асли воқеиятро баён карда, боиси тааҷҷуби подшоҳи ҳинд – Ропор Чупа мешавад, ки  аз хушҳолӣ  амр додааст, то ҳар чи бипурсад, муҳайё кунед.   
Аммо Паҳлавон фақат як чиз металабад – озод кардани  ҳамдиёрони дар ҷанги зидди Чингиз асирмонда. Қисса кӯтоҳ, ин дафъа Паҳлавон аз мусобиқа на бо симу зари бисёр, балки бо 200 нафар хоразмии озодгашта ба ватан баргаштааст.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.

НАМУНАҲО АЗ РУБОИЁТИ 
ПАҲЛАВОН МАҲМУД
  
Ё Раб, ту дарахти умри мо паст макун,
Ё Раб, зи шароби ҳастиям маст макун.
Ё Раб, ба карам ҷумла ҷавонмардонро,
Муҳтоҷу парешону тиҳидаст макун.
***
Шоҳӣ талабӣ, бирав гадои ҳама бош,
Бегона зи хешу ошнои ҳама бош.
Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар гиранд,
Дасти ҳама бар сару хоки пои ҳама бош.
***
Дар дасти аҷал, ки нест дармон ӯро,
Бар шоҳу гадост ҳукму фармон ӯро.
Шоҳе, ки ба ҳукми хеш Кирмон мехӯрд,
Имрӯз ҳамехуранд кирмон ӯро. 
***
Онем, ки пили чарх натобад лати мо,
Бар чарх зананд навбати шавкати мо.
Гар дар сафи мо мӯрчае гирад ҷой,
Он мӯрча шер гардад аз давлати мо.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: