«Ўзбекистон ҳаво йуллари» байни Самарқанд ва Иркутск парвози доимиро ба роҳ мемонад

Аз фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд парвози мустақими ширкати миллии ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” ба Иркутск оғоз шуд.

Парвозҳо аз Самарқанд ба Иркутск ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе тибқи ҷадвали зерин сурат мегиранд:

Парвоз аз Самарканд соати 08-15, фурудоӣ ба Иркутск 15-50.

Парвоз аз Иркутск соати 17-45, фурудоӣ ба  Самарқанд.

Вақт барои ҳар як фурудгоҳ маҳаллӣ мебошад.

Билетҳоро метавон аз сайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин кассаҳои шабонарӯзии аэропорти байналмилалии Самарқанд харид кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: