Ба онҳое, ки аз дастгоҳҳои каммасраф истифода мебаранд, тахфиф дода мешавад

Ба истеъмолкунандагон барои насби таыщизоти сарфакунандаи энергия нисбат ба тарифи ҷорӣ 15 фоиз тахфиф дода мешавад.

Бо таҳрири нави қарор барои истеъмолкунандагон ва субъектҳои соҳибкорӣ як қатор қулайҳо фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, тибқи қоидаҳои қарор дар бораи истифодаи неруи барқ ​​ва гази табиӣ ба истеъмолкунандагон нисбат ба тарифи ҷорӣ барои 3 сол аз ҳаҷми неруи барқе, ки ​​дар натиҷаи иваз кардани дастгоҳҳои кӯҳнаи барқ бо дастгоҳҳои нави сарфакоронаи энергия сарфа карда шудаанд, 15 фоиз тахфиф дода мешава.

Дар ин:

Баъди аз тарафи истеъмолкунандагон пешниҳод шудани барномае, ки ҷадвали иваз кардани таҷҳизоти электрикӣ ва сарфаю сариштакории дар натиҷаи он ба даст овардашударо пешбинӣ менамояд, «Ўзенергоинспекция» дар давоми 10 руз эътибори ин барномаро дида мебарояд ва бинбар натиҷааш мувофиқа мекунад ё бо асосҳо мувофиқаро рад мекунад;

ҳаҷми қувваи барқи сарфашуда, ки дар натиҷаи корҳои дар асоси барномаи тасдиқшуда анҷом дода шудааанд, аз ҷониби аудитори энергетики омӯхта шуда, аз рӯи ин маблағҳо хулоса дода мешавад; хулосаи аудитори энергетикӣ ба «Ўзенергоинспекция» ва муассисаи таъмини барқи минтақавӣ пешниҳод карда шуда, аз рӯзи пешниҳоди хулосаи мусбат тахфифҳо татбиқ карда мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: