Федератсияи ҷаҳонии таэквондо WT феҳристи тақсими роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро нав кард.
Боиси хушнудист, ки намояндаи тими миллии Ӯзбекистон Никита Рафалович дар вазни +80 кг ба сафи иштирокчиёни Олимпиада дохил шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КМО, Рафалович дар раддабандии олимпӣ дар охири соли 2023 дар ҷои шашум қарор дошт.
Ҳамин тариқ, аввалин бор дар таърихи худ дастаи Ӯзбекистон оид ба таэквондо WT дар Бозиҳои олимпии дарпешистода бо 3 мард ва 2 зан намояндагӣ мекунад.