Аз моҳи март то кунун дар Мексика бар асари гармои шадид 155 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора дар ҳисоботи ҳарҳафтаинаи мониторинги ҳарорати шадид, ки Вазорати тандурустии Мексика нашр кардааст, гуфта мешавад.
Иёлати Веракруси соҳили халиҷи Мексика ҳамчунон аз рӯи шумораи фавтидагон пешсаф аст. Дар ин ҷо 56 кас ҳалок гардид. Иёлати Табаско аз рӯи сатҳи фавт пас аз он қарор дорад. Дар он ҷо 18 кас ҳалок шуд.
Вазорати тандурустӣ пешбинӣ мекунад, ки мавҷи ҳарорати ниҳоят баланд дар рӯзҳои наздик дар кишвар идома хоҳад ёфт. Report.az хабар медиҳад, ки ҳароратсанҷ дар иёлатҳои Баҷа Калифорния ва Сонора аз 45 дараҷа зиёд аст.