ВАЗИР НАТИҶАҲОИ ИСЛОҲОТРО МЕСАНҶАД

Вазири кишоварзии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов зимни як сафари корӣ ба вилояти Қашқадарё бо натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодие, ки дар соҳаи зери роҳбарияш пиёда мегарданд, аз наздик шинос шуд.

Чун дар ҳама соҳаҳо дар соҳаи хоҷагии деҳоти кишварамон ислоҳоти доманфарохе дар амал татбиқ мегарданд ва мурод аз он ҳарчи зудтар рушд додани соҳаи аграрӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва таъмини ниёзи рӯзафзуни бозорҳои ҷаҳониву дохилӣ ва ба ин тартиб ба даст овардани даромади ҳарчи зиёдтар аз фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад. Ҳамчунин таъмин намудани бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмин сохтани амнияти бозори истеъмолии ҷумҳурӣ аз мақосиди аввалиндараҷаи ин ислоҳот мебошанд.
Иброҳим Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо фермерони ноҳияи Қамашӣ гуфт, ки хоҷагии деҳотро бо илми ин соҳа бояд пайванд дод, то натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оянд.
– Илми кишоварзиро бояд ҳар як фермер ва соҳибкорони соҳаи хоҷагии деҳот омӯзанд ва кори худро бо илми мавриди назар ҳамоҳанг созанд. Ин талаби замон ва ислоҳоти аграрие мебошад, ки солҳои охир дар сохтори хоҷагии деҳот мунтазам пиёда мешаванд, – таъкид намуд вазир.
Вазир ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии фермерии «Бозор ӯғли Абди» дар ноҳияи Қамашӣ шинос гардид. Хоҷагии фермерии мазкур дар 13 га майдон навъи хориҷии пунбадонаро кишт намудааст ва интизор меравад, аз он ҳосили нисбатан баланде ба даст оварад. Ҳамчунин дар 10 га замин навъи «Vexa»-и гандум, ки марбути селексионерони Русия аст, кишт намудааст ва корҳои озмоишӣ ва омӯзишӣ дар ин бора идома доранд. Дар сурати ба даст омадани натиҷаи дилхоҳ оянда кишти он дар хоҷагиҳои дигари ғаллапарвар ба роҳ монда хоҳад шуд.
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: