«ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ, МУТТАҲИД ШАВЕМ!»

Тӯли чанд соли охир мамлакати мо дар доираи моҳонаи ҷавонон ва 30 июн – Рӯзи ҷавонони Ӯзбекистон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» озмун ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, барномаҳои консертӣ дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар рӯҳияи баланд баргузор мешаванд.

Таърих гувоҳ  аст, ки дар ҳама давру замон ҷавонон дар ҳама кишварҳои мухталифу тараққиёфта мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва давлату ҳукумат қарор гирифтаанд. Насли ҷавон неруи бузурги  давлату ҷомеа ба шумор меравад, зеро онҳо табақаи мустаҳкам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.
Воқеан, дар шароити муосири инкишофи давлати соҳибистиқлоламон бо ташаббуси Президент Ш. Мирзиёев ва ҳукумати кишвар ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳа-мияти алоҳида дода мешавад. Имрӯз ҷавонони Ӯзбекистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт маҳорати худро нишон медиҳанд, дар қатори ҷавонони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ном ва парчами Ӯзбекистонро баланд мебардоранд. 
Ҷашнвораи ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, якҷо бошем» аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки солҳои охир дар сартосари кишварамон ҷавонони зиёдро дар атрофи худ муттаҳид кард. Ба наздикӣ дар маркази шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд низ чунин чорабинӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, Садорати агентии кор бо ҷавонон, ҳокимияти шаҳри Нурафшон ва ташкилоту идораҳои дахлдор баргузор шуд. 

Меҳровар 
ҚОДИРЗОДА, 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: