БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ДОНИШОМӮЗОН КӢ МАСЪУЛ?

Дер боз ният доштам, ки дар мавзӯи мактабу маориф, тарбияи насли имрӯза ва сатҳи саводнокии ҷавонон матолибе нависам.

Зеро, моҳҳои охир дар матбуоти даврӣ, радиову телевизион, инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба мавзӯи мактабу муаллим якчанд гузоришу мақолаи мубоҳисавӣ эълон гардиданд, ки ба барҳам додани ҷазои ҷисмонӣ дар раванди тарбияи наврасон равона шудааст. 
Камина низ ҳамчун собиқадори соҳаи таълим тарафдори ҷазои ҷисмонӣ нестам. Дар оғози фаъолияти меҳнатӣ чанд сол дар мактабҳои ноҳияи Самарқанд ҳамчун муаллим ва мудири қисми илмӣ кор кардаам. Ғайр аз ин, тӯли чанд муддат ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ аз фанни педагогика ва таърихи педагогика дарс гуфтам. Илова бар ин, солҳо ин ҷониб ҳамчун журналист маҳз дар мавзӯи мактаб, таълиму тарбияи насли наврас очерку мақолаҳо навиштам ва бо такя ба ҳамин таҷрибаҳоям хостам чанд мулоҳизаи худро доир ба ҷазои ҷисмонӣ ба хонандагон баён кунам.
Ба қарибӣ дар телевизиони ҷумҳуриявӣ воқеае намоиш дода шуд. Дар он сухан дар бораи омӯзгоре мерафт, ки ба пушти дасти шогирдаш қариб 30-40 маротиба сӯзан халонида, ҷазо додааст. Модари донишомӯз аз рӯи ин ҳолат ба маъмурияти мактаб ва идораҳои дахлдор муроҷиат карда, талаб кардааст, ки дар ин маврид кори ҷиноӣ боз гардад. Воқеан, нисбат ба чунин омӯзгорон андешидани чораи қонунӣ ҳатмист. Чунки ба ин қабил шахсоне, ки тасодуфӣ омӯзгор шудаанд ва дар рафти фаъолият бо шогирдон дағалона рафтору гуфтор мекунанд, дар мактаб ҷой нест.
Аз байн чанд рӯз нагузашта, шоҳиди барномаи дигар шудам: муаллим барои бетартибӣ кардани донишомӯз аз гӯшаш кашида танбеҳ додааст ва барои ин амалаш аз вазифа барканор гардидааст. Саволе ба миён меояд: омӯзгор шогирди бадахлоқи худро бо кадом роҳ тарбия кунад? Ӯро чӣ тавр ба тартиб ҷеғ занад? Агар мо ба ҳар амали муаллим бо назари танқидӣ нигарем, онҳоро ҷазо диҳем, оё ин боиси косташавии обрӯи омӯзгор дар ҷомеа намегардад?
Ҳар як падару модар ва тарбиятгар бояд донад, ки дар фанни педагогика танқид, таъкид ва танбеҳ вуҷуд дорад, ки омӯзгор тавассути ин услубҳо ба шогирдони тарбияашон душвор ё сустхон таъсири худро мерасонад. Ҳоло аксар ин услуби корбарии омӯзгоронро нодуруст мепиндоранд. Ҳатто агар муаллим шогирди худро «ту аҳмақ» ё «садқаи одам шав» гуфта андак дурушт гӯяд, фавран волидони он донишомӯз ба мактаб меоянд ва лаб ба шикоят мекушоянд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё падару модарон дар оила фарзанди шӯху гапнодарои худро дашному танбеҳ намедиҳанд ё гӯшашро намекашанд?
Дар мавриди ҳаққи устод дар таълиму тарбияи шогирд Камолиддин Биноӣ хеле бамаврид гуфтааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад...
Мо, волидон бояд баробари эътибор ба тарбияи фарзанд, эҳтироми муаллим ва мураббиёнро ҳам дар ҷойи худ гузорем. Ҳангоми лаб ба шиква кушодани фарзандамон ҳар ду тарафро шунида, баъд хулоса барорем. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем фарзанди худро дуруст тарбия карда, мақом ва мартабаи омӯзгоронро дар ҷомеа мустаҳкам созем.
– Муаллимоне, ки шогирдони худро ҷазои ҷисмонӣ медиҳанд, ба руҳияти онҳо озори равонӣ мерасонанд, ба касби пуршарафи педагогӣ доғи сиёҳ меоранд, – гуфт директори мактаби таълими умумии рақами 18-уми ноҳияи Самарқанд Ашӯрбой Шомақсудов. – Дуруст, ки гоҳо донишомӯзони шӯху гапногирро танбеҳ медиҳем, волидонашонро даъват карда, суҳбат мекунем. Гоҳо чунин ҳолатҳо мешавад, ки бачаҳо айби худро ба падару модарашон нагуфта, дар ҳама кор муаллимро гунаҳкор мекунанд. Баъзе волидон аз ин оташин шуда, ба масъала яктарафа назар меандозанд, ки дар натиҷа, зиддиятҳои гуногун сар мезананд. Ҳар як падару модар бояд дар хотир дорад, ки муаллим аз субҳ то шом барои соҳибилм кардани шогирдонаш, яъне фарзандони онҳо мекӯшад. Аз нисф бештари ҳаёти худро дар мактаб мегузаронад. Ба маъное мактаб хонаи дуюми ӯст. Дар тавсифи заҳмати омӯзгорон шоири зиндаёд Худоназари Оқсоӣ чӣ барҳақ гуфтааст:
Ба қасру кӯшк ҳоҷоташ набошад,
Чу мактаб манзиле дорад 
муаллим.
Ба дунё ҳам гирифторӣ надорад,
Чу дунё як диле дорад муаллим.
Бо такя ба мушоҳидаҳои худ метавонам гӯям, ки пештар дар дарс бесабаб иштирок кардани донишомӯзон хеле кам ба чашм мерасид. Ягон-ягон бачагон аз сабаби беморӣ дар дарс иштирок намекарданду халос. Ҳама духтаракон ва писаракон мекӯшиданд то бо либоси мактабӣ дар дарс саривақтӣ ҳозир шаванд ва ба қоидаҳои дохилии мактаб қатъӣ амал кунанд. Мактабро чун макони илму дониш ва устодонро чун роҳнамо, таълиму тарбиядиҳанда эҳтиром мекарданд.
Дар он айём барои ислоҳи камбудиҳои ахлоқии хонандагони беодоб аз усулҳои гуногун истифода мебурданд. Масалан, аввал худи муаллимон бо гӯшмол кардан мекӯшиданд, то бачаро ба тартиб ҷеғ зананд. Агар бача худро ислоҳ накунад, ба волидонаш нома навишта, даъват мекарданд ё дар рӯзнома хулқи бачаро ғайриқаноатбахш менавиштанд. Инчунин, дар мактабҳо газетаҳои девории «Ҷайра», «Сангпушт», «Хорпуштак» мавҷуд буд, ки ҳар як шумораи онҳоро рассомони ҷавон бо расмҳои ҳаҷвии симои бачаи духон, дарсгурез, ҷангараю ифлоскор оро медоданд ва ин ҳам як намуди ҷазо ба ҳисоб рафта, дар самти ба тартибу интизом даъват кардани шогирдони мактаб самараи хуб медод. Илова бар ин, дар дарвозаи даромадгоҳ ё пештоқи биноҳо шоҳбайтҳо дар тавсифи мактаб, муаллим, донишандӯзӣ овехта мешуданд. Масалан, дар пештоқи аксар мактабҳо чашм ба ин шоҳбайти маърифатпарвари забардаст Абдуқодир Шакурӣ меафтод:
Эй муаллим, мактабат
бо равнақу пурнур бод,
Номи некат то қиёмат
дар ҷаҳон машҳур бод!
Аз мутолиаи ин шеърҳо низ дар дили донишомӯзон нисбат ба мактаб, муаллим ва мураббиён, дониш андӯхтан меҳр пайдо мегардид.
Боиси эътироф аст, ки ҳоло дар кишвари маҳбуби мо таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бобати ислоҳи системаи таълим, тағйир додани корбарии мактабу омӯзгорон чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд. Аммо новобаста аз ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳукумати кишвар, баъзе муаллимони бетаҷриба ва падару модарони бепарво ба масъалаи таълиму тарбияи донишомӯзон, бо як сухан поягузорони ояндаи Ватан беэътиборӣ мекунанд. Дар натиҷаи поён рафтани сатҳи дарсазхудкунии хонандагон, шумораи бачаҳои бетартибу бадахлоқ меафзояд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин самт аз як гиребон сар бароварда, якҷоя баҳри беҳсозии давомоти хонандагон, афзунгардии сифати таълим кӯшиш кунем. Дар ҳолати ба миён омадани баъзе ҳолатҳои ногувор дар байни муаллим ва донишомӯз, онро ба телевизион набароварда, дар доираи маҳдуд, бо ширкати маъмурияти мактаб, фаъолони маҳалла ва мутасаддиёни соҳа ҳаллу фасл намоем. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем обрӯ ва нуфузи муаллимро дар ҷомеа мустаҳкам намоем.
Дар поёни сухан, аз муштариёни рӯзнома, муаллимон ва падару модарон низ хоҳишмандем, ки дар ин маврид фикру мулоҳизаҳои худро ба суроғаи рӯзнома фиристанд. Беҳуда Мавлонои Балхӣ нагуфтааст:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: