Дар филиали Янгиери Институти кимё-технологияи Тошканд «Технопарки саноати ҷавонон» ба фаъолият сар кард, ки «Мактаби муҳандисҳои пешқадам» ва «Технопарки энергетикӣ»-ро фаро гирифтааст.
Дар маросими кушоиши он ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев, роҳбарони секторҳо, профессорон, муаллимон, ҷавонон ва вакилони ҷомеавӣ иштирок карданд.
Чи тавре ки қайд карда шуд, дар технопарке, ки арзиши лоиҳавиаш 1 миллион доллари ИМА мебошад, 6 корхона ҷойгир аст, ки ба истеҳсоли шоколад, консерва, нон ва маҳсулоти нонӣ ва коркарди меваю сабзавот ихтисосонида шудааст.
Инчунин, дар ин ҷо таҳти ҳамкорӣ бо ширкати чиноии «Tianjin Sianjin Power Supply Technology» истеҳсоли телефонҳои мобилӣ, қувватдиҳанда ва ускунаҳои дигари мобилӣ ба роҳ гузошта шудааст. Аҳамиятнок боз он аст, ки дар технопарк дар давоми соли таҳсил аз рӯи бештар аз 20 фанҳои ихтисосӣ машғулоти амалӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин ҷо айни замон аз рӯи 15-то диссертатсияҳои магистрӣ, 8-то PhD ва 1-то DcS корҳои тадқиқотии илмӣ пеш бурда мешаванд.
Оянда 170 нафар донишҷӯёни филиал дар ҳамин ҷо ба кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар сурат: дар «Технопарки саноати ҷавонон»-и Янгиер.
Суратгир:
Ш. ОРТИҚБОЕВ
(ӮзА).