Саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» (собиқ «Сариосиё ҳақиқати»), нашрияи сиёсиву иҷтимоии Шӯрои намояндагони мардумӣ ва ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё 36 сол боз барои тоҷикони маскуни қаламрав чун минбари миллӣ хидмат намудаву бо такопӯи чанд равшанфикри маҳаллӣ ҳанӯз пойбарҷост.
Саҳифаи тоҷикӣ соли 1988 ташкил шудааст. Инак дар идомаи 36 сол мунтазам ва суботкорона ба нашр расида, меҳмони хонадони тоҷикони сарбаланди ноҳияи Сариосиё мегардад. Боз гардидани саҳифаи тоҷикӣ дар он замон як падидаи неке буд ва тоҷикон дар Ӯзбекистон ба ҷуз аз рӯзномаи «Овози тоҷик» (дар собиқа «Ҳақиқати Ӯзбекистон») нашрияе ба забони модарии худ надоштанд ва нашри саҳифаҳои тоҷикӣ дар чанд рӯзномаи ноҳиявии вилояти Сурхондарё (Узун, Сариосиё, Деҳнав ва Бойсун) аз ҷониби мардуми тоҷики ин ноҳияҳо, ки дар баробари ӯзбекон як қисмати бештари аҳолии таҳҷоиро ташкил медиҳанд, истиқболи гарм ёфт.
Ин тавр нахустин муҳаррири масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» Садриддин Тоҷиддинов ном дошта, ӯ пас аз як соли кор дар ин даргоҳ аз пайи корҳои омӯзгории худ рафт. Муддати кӯтоҳе омӯзгор ва рӯзноманигори маҳаллӣ Турдиқул Ҳасратов ба нашри саҳифа пардохт. Баъдан солҳои 1989-1991 саҳифа ба дасти муаллими забон ва адабиёти тоҷик Насриддин Назаров мегузарад, ки ӯ роҳи хеле дури байни деҳаи Гулистон ва маркази ноҳияро тай зада, мунтазам нашри саҳифаи тоҷикиро пеш мебарад. Вақте мутахассиси ҷавон Асадулло Исмоилзода, донишҷӯи бахши рӯзноманигории ДДМ Тоҷикистон соли 1992 барои таҷрибаомӯзӣ ба рӯзнома омада, як муддат дар саҳифаи тоҷикӣ дарси маҳорат меандӯзад, муаллим Насриддин Назаров масъулияти чопи онро бо боварии комил пурра ба дӯши ӯ мегузорад. Ҳамин тавр, нашри саҳифаи тоҷикӣ комилан ба дасти Асадуллои ҷавон гузашта, муддати ҳашт соли баъдӣ, яъне то соли 2000-ум хеле хонданибоб мегардад ва ба як ҳисоб чун минбари воқеии розу ниёзи тоҷикони Сариосиё шинохта мешавад. Асадулло Исмоилзода таҳсили худро дар донишгоҳ ба шуъбаи ғоибона гузаронида, тамоми неруяшро ба ободии саҳифаи тоҷикии рӯзнома мебахшад. Ин давраро бешак яке аз давраҳои ҳассос ва пур аз моҷарои саҳифаи тоҷикӣ метавон номид. Аввалан маҳз дар ҳамин замон низоми пешини давлатдории шуравӣ барҳам хӯрдаву Ӯзбекистон дар қатори ҷамоҳири дигар ба давлати мустақиле мубаддал гашт. Дар назди раҳбарияти кишвари навбунёд мушкилоти зиёде меистоданд, ки бояд онҳоро пайгирона ҳал намоянд. Яке аз ин муаммоҳои доғ пойдории сулҳу оромӣ дар қаламрави сермиллати кишвар буд.
Дар ҳамин марҳила саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» ба минбари асосии тоҷикон мубаддал гашт. Асадулло Исмоилзода ба бунёди маҳфили адабие бо номи «Гули санг» асос гузошт, ки минбаъд тамоми эҷодкорони қаламравро сарҷамъ намуд. Раҳбарии ин маҳфил ба дӯши шоири соҳибтаҷриба шодравон Абдуллоҳ Раҳмон вогузор гашт. Дар атрофи саҳифаи тоҷикӣ таҷаммуи як гурӯҳи калони равшанфикрон ва қаламкашони ноҳия боиси ободии он шуд. Чунки ҳафтае се маротиба ба нашр омода сохтани саҳифаи тоҷикӣ ба як шахс кори басо душвор буд. Дар сурате ки се саҳифаи дигари рӯзномаро, ки ба забони ӯзбекӣ нашр мегардид, 15 эҷодкор омода месохтанд. Чунин мизони нобаробари кор то имрӯз идома дорад...
Ин тавр, маҳбубияти саҳифаи тоҷикӣ рӯз аз рӯз меафзуд ва тоҷикони бедордили Сариосиё ба ободии минбари худ часпу талош менамуданд. Тоҷикони ноҳия ҳатто борҳо боиси наҷоти худи рӯзномаи «Сариосиё» аз муфлисии таҳдидкунанда гаштанд ва ин амал ба ғаразҳои беҷои баъзе аз ашхос дар робита ба бастани саҳифаи тоҷикӣ нуқати таммат гузошт. Собиқ муҳаррири масъули саҳифаи тоҷикии «Сариосиё» Асадулло Исмоилзода мегӯяд:
– Саҳифаи тоҷикии мо он замонаҳо дар танҳоӣ бори як рӯзномаро мекашид. Ба ҷуз аз нашри қаламиҳои эҷодкорони маҳаллӣ дар бораи мавзӯъҳои иҷтимоии доғи рӯз мақолоти хондание чоп карда, қадам ба қадам дар дили ихлосмандони худ ҷой мегирифт. Он замонаҳо ҳар шумораи мо бо мақолаи хондание музайян мегардид ва мардум пас аз мутолиа ба тариқи акси садо фикрҳои худро навиштаву ирсол медоштанд. Ҳар шумораи саҳифаи тоҷикӣ ҳудуди 20-30 адад акси садо дастрас мекард, ки далели маҳбубияти беандозааш дар байни хонандагон буд. Чунин ба назар мерасид, ки саҳифаи тоҷикӣ рӯзномае дар таркиби як рӯзнома аст! Қариб дар ҳар шумора аз мушкилоти зиндагии мардум мақолаҳо нашр мегардид ва ин баъзан ба муассиси рӯзнома – ҳокимияти ноҳияи Сариосиё хуш намеомад. Дар чанд ҷаласаи густарда бо ширкати намояндагони мардумӣ масъалаи бастани саҳифаи тоҷикиро пеш гузоштанд, аммо сармуҳаррири рӯзнома, шахси дурандешу бофарҳанг Нарзулло Холиқов талаби муассисро бо ҳар баҳона ақиб партофтаву саҳифаи тоҷикиро аз марги муфоҷо раҳо мебахшид.
Бо нашри саҳифаи тоҷикӣ дар Сариосиё муҳити адабӣ ба ҷӯш омад ва ба зуҳури як идда қаламкашон, аз ҷумла шоирони ҳоло соҳибкитоб мусоидат сохт. Шоирони умедбахши ноҳия Муҳаммадҷон Раҷабӣ, Саодат Сангинова, Маъсума Бобокалонова, Абӯмуталиби Қурбон, Абдуалӣ Ғафуров, Розия Бадалова, Зебуннисо Шокирова ва боз чандин қаламкашони муваффақро метавон ёд кард, ки маҳз дар канори саҳифаи тоҷикӣ сабзидаву борвар гаштаанд. Хушбахтона, саҳифа имрӯз ҳам рисолати таърихии худро идома медиҳад ва дар тарбияти қаламкашон ҳисса мегузорад.
Баъдан масъули нашри саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» ба дасти шоир ва рӯзноманигор Фозил Шукурзода гузашт ва ӯ дар ин даргоҳ баъзан фосила гирифта, аз соли 2000 то соли 2013 кор кардааст. Аз соли 2014 то ҳол муҳарририи саҳифаи тоҷикиро рӯзноманигор ва шоири маҳаллӣ Солеҳи Муҳаммадҷон дар дӯш дорад. Вай фарзанди шоир Муҳаммадҷон Раҷабӣ аст. Ҳамакнун «Сариосиё» ба далели мушкилоти молиявӣ ҳафтае як бор ба нашр мерасад ва саҳифаи тоҷикӣ ҳам бетаъхир аз чоп мебарояд.
Масъули имрӯзии саҳифаи тоҷикӣ Солеҳ Муҳаммадҷон гуфт, ки кунун ба сабаби ривоҷ ёфтани интернет ва дар ин саҳна пайдо гардидани саҳифаҳои иҷтимоии зиёде кори нашрияҳои коғазиро душвор сохта, аз хонандагони сершуморашон маҳрум месозанд. Ин тавр, бо часпу талоши ҳукумати ноҳия рӯзномаи «Сариосиё» ва саҳифаи тоҷикии он ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми А-2 бо теъдоди 3600 нусха ба нашр мерасад.
Маълум мегардад, ки корбарони саҳифаи тоҷикӣ низ мисли пешин зиёд набуда, муҳаррири масъули саҳифаи тоҷикӣ дар пайдо кардани маводи чоп ба мушкилот сарбасар мешавад.
– Ба як кас пур кардани саҳифа гаронӣ мекунад. Солҳои охир таваҷҷуҳи тоҷикон ба рӯзномаву саҳифаи тоҷикиаш костааст. Ҳама ба олами маҷозӣ – интернет рӯ овардаву моро бо мушкилоти рӯзафзун танҳо мегузоранд, – лаб ба шиква боз мекунад рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Солеҳи Муҳаммадҷон.
Аммо саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» ҳамоно рангину хонданбоб аст ва дар замоне, ки қисмати бештари мардум аз китобу рӯзномаҳо дурӣ меҷӯянд, ҳамнафаси давр ба фаъолияти худ идома медиҳад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.