Ҳар боре, ки сухан дар бораи Сӯх меравад, дар дилам як ҳисси аҷибе пайдо мешавад.
Ин боиси он аст, ки ман дар он ҷо таваллуд ва парварда шудаам.
Ноҳияи мо маконест, ки чаҳор тарафаш бо кӯҳҳо иҳота шудаасту ҳавои тоза, табиати зебо, оби софу зулол дорад ва мардуми меҳмоннавозу нексиришти он нисбат ба ҳамдигар меҳру оқибат ва самимияту эҳтиром доранд.
Мегӯянд, ки касе онро як бор дида бошад, боз дар орзӯи дубора дидани он мешавад. Ҳатто Муҳаммад Бобур дар асари машҳури худ «Бобурнома» чунин сатрҳоро овардааст:
«Чор ҷойе, ки дар миёнаҳои кӯҳ ҷойгир буд: яке Исфара, яке Ворух, яке Сӯх ва дигаре Ҳушёр. Вақте, ки Муҳаммад Шайбонихон ва Султон Маҳмудхон ба Олачахон шикаст дода, Тошканд ва Шоҳрухияро гирифта буданд, мо дар ҳамон вақтҳои душвор муддати наздик ба як сол дар Сӯх ва Ҳушёр зистем ва роҳи Кобулро пеш гирифтем».
Ин сатрҳо дар қалби ман ҳисси ифтихорро пайдо намуд. Зеро ин шахси бузург дар зодгоҳи ман наздики як сол зиндагӣ кардааст. Албатта, он ҷои қадимтаринест, ки ашёҳои аз ғори Селенғур ва ёдгориҳое, ки аз наздикии Обишир ёфта шудаанд, дар қатори хазинаҳои маданияти ҷаҳонӣ меистанд.
Хурсандиовараш дар он аст, ки аз тарафи сарвари давлатамон эътибор ба ободии ноҳия баланд шуда, барои ҷавононаш имтиёзҳои фаровони таҳсил дар донишгоҳҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз чунин имкониятҳои фаровон ҳоло як қатор духтарони сӯхӣ истифода намуда, дар донишгоҳҳои гуногуни вилоят ва ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд ва орзӯҳои худро амалӣ месозанд. Ман низ яке аз шумори ҳамин духтарон ҳастам, ки тавассути квотаи давлатӣ ба гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона дохил шудаам ва курси дуюмро хатм намудам.
Ҳоло ҷавонони вилояти мо, аз ҷумла ноҳияи мо ба имкониятҳои васеъ соҳиб мешаванд ва дари донишгоҳҳои зиёд ба рӯи онҳо боз мегардад.
Дар вақтҳои охир шунидани чунин хабарҳо одамро дилгир мекунад. Бархе аз ҷавонон ба роҳҳое мераванд, ки пур аз хавфу хатар мебошад. Ин, албатта, хеле бад аст, барои ҳамин чунин рафтору кирдор дар байни ҷавонони дигар вокунишҳои манфиро ба бор овардааст.
Оре, онҳо ҳоло ҷавонанд ва ба маслиҳату машварати дигарон зуд бовар мекунанд, яъне гумроҳ кардани онҳо осон ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо пеш аз ҳама мо – ҷавонон бояд фикр кунем, ки ин маслиҳатҳо моро ба куҷо хоҳанд бурд ва чаро рӯ ба гумроҳӣ бояд орем? Барои ҳамин ба ҷавонон муроҷиат карда мегӯям, ки ҳар вақт дар ҳаёти шумо вазъиятҳои душвор ба миён ояд, бояд аз падару модари худ маслиҳат гиред, зеро ҳеҷ як падару модар барои ҷигарбанди худ роҳи бадро нишон намедиҳанд.
Ман низ орзу мекунам, ки фарзанди муносиби падару модар ва кишвари худ гардам. Ҳоло, дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, ҳамзамон муҷрии барномаҳои тоҷикии «Армуғон»-и радиои вилояти Фарғона ҳастам, баъзан барои телевизиони вилоят барномаҳои ҷолиб таҳияву таълиф мекунам ва онро ба бинандагон армуғон месозам. Талош ба харҷ медиҳам, ки дар оянда сазовори касби журналистӣ шавам ва ба мардум аз дилу ҷон хидмат кунам.
Фархунда РАВШАНЗОДА,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи ДДФ.