Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Русия муаррифии ҷузъи аввали китоби «Антологияи назми қароқалпоқ», ки ба забони русӣ тарҷума шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дипломатҳо, олимон, нависандагон, намояндагони расмии Русия, арбобони фарҳанг ва ҷомеа, донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мегиранд, инчунин, фаъолони ҷамоатии қароқалпоқ, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, иштирок карданд.
Дар баромадҳои худ сафири Ӯзбекистон дар Русия Ботирҷон Асадов, муовини аввали Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Илёс Умахонов, академики АИ Русия Лев Зелёний, раиси Иттиҳоди нависандагони Қароқалпоқистон Кенесбай Каримов таъкид намуданд, ки дар сурудаҳои қароқалпоқ ҳикмати асрҳо, инчунин зебоии беинтиҳои ҳаёти ин халқи беназир нуҳуфта аст. Қайд карда шуд, ки ба забони русӣ чоп гардидани антологияи мазкур боз як зуҳуроти таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Русия ва Ӯзбекистон мебошад.
Дар ҷилди аввал намунаҳои беҳтарини шеъри қароқалпоқии давраи то ибтидои асри ХХ – достонҳои «Қирққиз», «Қоблан», «Шаряр», ки то он замон шифоҳӣ буданд, инчунин сурудҳои халқӣ дохил карда шудааст.
Китоб аз ҷониби Хонаи табъу нашри «Ладомир» бо дастгирии Бунёди хайриявии «Санъат, илм ва варзиш»-и Алишер Усмонов ба чоп расидааст.
Он рӯз саҳни ҳавлии сафорат намоишгоҳи фарҳангии қароқалпоқро ба ёд меовард. Дар юртаи воқеии қароқалпоқ асбобҳои мусиқии халқӣ ва ашёи рӯзгори ин мардум ҷойгир шуда буданд.
Озод ПИРИМОВ,
муовини раиси Ҷамъияти дӯстии Русия – Ӯзбекистон.