Поп ноҳияи аз ҳама паҳновару калонтарини вилояти Намангон аст.
Он наздики 50 фоизи қаламрави вилоятро дар бар гирифтааст, бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Тоҷикистон, ноҳияҳои Чусту Мингбулоқи вилоят, навоҳии Бӯстонлиқу Оҳангарони вилояти Тошканд ва ноҳияҳои Бувайдаю Данғараи вилояти Фарғона ҳамсарҳад мебошад. Аз самти вилояти Тошканд онро метавон дарвозаи водии Фарғона гуфт.
Бо вуҷуди ин ноҳия нисбат ба навоҳии дигари вилоят камаҳолӣ аст. Тоҷикон дар Поп аз аҳолии сершумор ба ҳисоб мераванд. Онҳо асосан дар деҳоти Чодак, Гулистон, Водӣ, Ғолиб, Резаксой, Қӯшҳавз, ағбаи Камчиқ, шаҳраки Олтинкон, қисман дар деҳаҳои Қӯшманор, Хонобод, Янгиер, Пунгон, Янгиобод, Қирчин ва маркази ноҳия — шаҳри Поп умр ба сар мебаранд.
Онҳо посдорандагони забон, урфу одат, фарҳанги худанд. Ин ҳамзабонони мо бо анъанаҳои хосашон аз дигарон тафовути куллӣ доранд. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Поп тонги» вуҷуд доштани саҳифаи тоҷикӣ боз як далели ҳастӣ ва шиносномаи ҳамзабонон аст. Онро ҷузъи ҷудонопазири матбуоти даврии тоҷик метавон гуфт. Гарчанд он чоряки ҷузъи чопист, ҳар шуморааш 5-6 хабар, инчунин мақола, шеър, ҳикоя, навгонӣ ва очеркҳоро дар ҳаққи қаҳрамонону фидоиёни меҳнат дар худ ғунҷонида метавонад, ки исботи зинда будани забону бахти бедори тоҷикони ноҳия мебошад.
Аз таърихи пайдоиши саҳифаи тоҷикии «Поп тонги» вақти зиёд гузашт. Дар асоси қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокими вилоят, бо ташаббусу сарварии рӯзноманигор Шуҳрат Инъомов аз 1 августи соли 1992 чопи он ба роҳ монда шуд. Номбурда то соли 2019, яъне то ба нафақа баромадан ин корро давом дод. Барои пурмазмуну хонданбоб баромадани саҳифа кӯшид. Пас омӯзгори собиқадори забон ва адабиёти тоҷик, соҳибкори босабру тоқат Имомалӣ Усмонов ба ин кор камар баст ва то имрӯз масъули он аст.
Яке аз саҳифаи тоҷикии рӯзнома асосан ба поси хотири гузаштагон бахшида шудааст. Сарлавҳаи маводе аз он «Чӣ хел асалро набояд истеъмол кард?» аз китоби «Канзи шифо», таҳияи Н. Бобоаҳмадов мебошад. Мо хуб медонем, ки кадом асал боби истеъмол асту кадоме не. Донистани ин масъала бештар ба ҷавонон тааллуқ дорад. Чунин матолибу маводи хубу тарбиявӣ дар саҳифаҳои тоҷикии «Поп тонги» («Субҳи Поп») зиёд ба табъ мерасанд.
Бигузор, саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии Поп дар қатори саҳифаҳои ӯзбекии он равнақ ёбаду масъули он – Имомалӣ Усмонов ҳаргиз монда набошад.
Ш. МИРЗОЕВ,
ноҳияи Попи
вилоят НАМАНГОН.