Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои BYD-ро оид ба густариши фаъолият дар кишвари мо дастгирӣ намуд

  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои BYD-ро оид ба густариши фаъолият дар кишвари мо дастгирӣ намуд

26 июн дар чаҳорчӯбаи сафар ба вилояти Ҷиззах Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев президенти ширкати BYD Ван Чуанфуро кабул кард.

Фаъолияти бомуваффақияти корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли автомобилҳои гибридӣ ва барқӣ дар Ҷиззах бо қаноатмандӣ қайд гардид.  Имруз аз конвейери завод аввалин мошини электрикӣ баромад.

Дар доираи марҳилаи аввали лоиҳа 160 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуда, 1,2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар корхона истеҳсолоти технологияи баланд, аз ҷумла кафшер, рангубор ва васлкунӣ ташкил карда шудааст.

Зимни мулоқот Президенти кишварамон зарурати дар ояндаи наздик васеъ намудани доираи моделҳо ва соле ба 500 ҳазор расонидани иқтидори истеҳсолиро таъкид намуд.

Ба лоиҳаҳои маҳаллисозии ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ бо мақсади кам кардани арзиши аслии маҳсулот, инчунин ба роҳ мондани содироти мошинҳо ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ диққати махсус дода шуд.

Нақшаҳои ширкат оид ба иштирок дар лоиҳаи рушди нақлиёти “сабз” дар кишвари мо низ дастгирӣ ёфтанд. Ин таъсиси маркази муштараки инноватсионии тадқиқотӣ оид ба омӯзиши кадрҳо, таҳияи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои нақлиёти барқӣ ва истеҳсоли батареяҳои насли навтарини "Blade" ва автобусҳои электрикии BYD мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: