Ширкати «StarFruitCo. forfoodstuffs, vegetablesandfruits»-и Кувайт расонда додани мева ва маҳсулоти полизии Ӯзбекистонро ба Кувайт ба роҳ монд.
Ба наздикӣ ба ин мамлакат бори нави ин меваҷоти Ӯзбекистон расонида шуд.
Аз ҷумла, директори иҷрогари ширкати «StarFruitCo. forfoodstuffs, vegetablesandfruits» Абдураҳмон Сурур хабар дод, ки бо ширкати «National-Agroforte»-и Ӯзбекистон ҳамкории фаъол ба роҳ монда шуд.
Мувофиқи қарордоди нав ширкати ӯзбекистонӣ ба ин кишвар гелос, зардолу, шафтолу, олуболу, харбуза ва ғайра расонда медиҳад.
Соҳибкори кувайтӣ аз сифати меваҷоти ширини Ӯзбекистон ба ваҷд омада, изҳор дошт, ки ният дорад ҳамкориро бо ширкатҳои Ӯзбекистон идома диҳад.
Ширкати «StarFruitCo. forfoodstuffs, vegetable-sandfruits», ки соли 1991 таъсис ёфтааст, инак солҳои зиёд аст, ки мева ва сабзавоти тозаро ба ресторанҳо ва меҳмонхонаҳои панҷситорадори Кувайт расонда медиҳад. Ширкат бо расондадиҳандагони мева ва сабзавоти саросари ҷаҳон муносибати шарикиро ба роҳ мондааст, то ки дастрасии муттасили маҳсулоти худро таъмин намояд.
АИ «Дунё»,
шаҳри АЛ-КУВАЙТ.