Қаҳрамонони Ӯзбекистон
1. Бачагӣ
Эркин Воҳидов дар яке аз оилаҳои ҷавон ва хушбахти ноҳияи Олтиариқ ба дунё омад.
Вале ҷанг сар шуду аъзои ин хонадон, чун дигар узви оилаҳои он давр, осоиш гум кард. Дар ибтидои набарди бешафқат шоири оянда ҳамагӣ панҷ сол дошт. Ҳанӯз хеле кӯдак, вале чун дигар ҳамсолонаш, ки муғчаҳои нимворо мемонданд, сармои сахт, зарбаҳои шадиди тӯфони зиндагиро ҳис кард. Падараш Чӯянбойакаро, ки дар мактаби деҳ муаллимӣ мекард, ба фронт даъват карданд. Рӯзгор ба дӯши модараш Розияхон, ки низ омӯзгор буд, бори худ партофт.
Дар оилаи зиёиҳо, ки чашм ба олами ҳастӣ кушод, ҳануз ба дабистон нарафта, савод бароварда буд. Дар синфҳои ибтидоӣ аз фаъолтарин хонандаҳо буд. Баробари ҳусни хати хуб доштан – забонаш пухтаву бурро. Ба падараш номаҳо менавишт. Мактубҳои аз ӯ омадаро бо як пазмони дилу рӯҳ, дар вазъе, ки ба чашмаш ашк метохт, бо овоз мехонд.
Модараш гӯш мекард...
Падар навиштааст, ки аз госпитал баромадам. Ҷароҳатам сиҳат ёфт. Парешон нашавед.
Ва насиҳат мекард ба Эркин: боақлакам, аз мактаб намон, нағз хон!
Чӣ қадар нишотангез буданд номаҳои падар. Гоҳо Эркинро лозим меомад номаи ҳамсояҳои дар фронт будаашро низ хонда диҳад. Аксарият, хусусан занҳои калонсол, чашми хат надоштанд. Номаҳои сиёҳ низ меомаданд. Хаткашон месупурду мегурехт. Пиразанҳои аз дунё бехабар лифофаи сегӯшаро ба назди Эркин меоварданд, ки хонда диҳад. Қалби кӯчакаш ҳис мекард, ки хабари нохуш. Лифофаро бо дасту дили ларзон мекушод: «Извещение». Нафас дар гулӯяш роҳгум мезад. Вале ба нахондан илоҷ нест.
– Писаратон ҳалок шудааст, бибиҷон.
– Чӣ?..
Якбора фиғон мебаровард модари зор.
Аз ҳуш мерафт...
Дили Розияхон низ дар кафи изтироб метапид. Парешон мешуд ба шавҳар. Офаридгорро дар ҳар нафас илтиҷо месохт, ки «нигоҳ дорад». Ҷанг тамом шавад. Дар фронт будаҳо саломат баргарданд!
Модаркалони Эркин Ойдинбибӣ низ дар сари ҷойнамоз дурудароз дуо мехонд.
Хаёлаш дар ҷанггоҳ. Калониаш соли сивунӯҳ ба артиш рафта буд. Хурдиаш (падари Эркин) – соли чилу як. Ҷанг бешафқатии худро кард – бародарон дигар якдигарро надиданд.
Чӯянбой дар охири ҷанг баргашт-куя, бо сари докапеч. Дар мағз – осколка. Гирифтан мумкин нест. Бо вуҷуди ҳамин духтурон ҳаракат карданд. Аммо...
Вафоти шавҳар ба Розияхон зарбае буд ҳалокатовар. Як сол бардошт карда тавонисту бас.
Эркинро модар низ тарк кард, тамоман ятим монд.
2. Дар даргоҳи тағо
Падари Эркин Воҳидов Чӯянбойака дар Олтиариқ тавлид ёфта ва ба воя расида бошад, модараш Розияапа тошкандист.
Дар дили Чӯянбой орзуи ҳамхона шудан ба духтари зебои тошкандӣ, ки ҳамроҳи бародараш ба Олтиариқ кӯчида омада буд. Розияхон низ бефарқ набуд. Дар оғози солҳои сиюм тӯйи арӯсии онҳо баргузор гардид.
Шояд ҷанг сабаб шуд ё қисмат ҳамин буд, Эркин дар бачагӣ бе нигоҳубин монд. Тағояш Каримбой ӯро ба Тошканд овард ва тарбияву парвариш намуд. Дар пойтахт боз як тағо дошт, номаш Рихсибой. Шояд насли калонсол ҳанӯз фаромӯш накарда – Рихсибой Сахибоев солҳои дароз ҳамчун котиби Президиуми Шӯрои Олии Ӯзбекистон хидмат намудааст. Вай мисли бародараш Каримбой ба Эркин падарӣ намуд, то имкон будан нагузошт ятимӣ ҳис кунад.
Эркин Воҳидов асосан дар манзили Каримбойино истиқомат кард. Дар мактаби рақами 22-юм бо баҳои аъло хонд. Ҳарчанд дабистон аз хона хеле дур ва лозим меомад Себзор, Тартовбошӣ, Охунгузар барин маҳаллаҳоро тай кунад, аз ҳама барвақт ба маскани таълим меомад. Ба адабиёт меҳри ҷудогона дошт. Шеър машқ мекард. Аввалин шеърҳои Эркин Воҳидов дар матбуоти давр рӯйи чоп дидаанд.
Тағояш ҳуқуқшинос бошад ҳам адабиёт ва мусиқиро дӯст медошт. Дарвозааш ба рӯйи аҳли назму наво ҳамеша боз.
Одамони касбу кори ҳархела низ иштирок мекарданд дар нишастҳои адабӣ. Адабиёту санъат онҳоро муттаҳид месохт. Байтҳои классикон таҳлил мешуданд. Шоир Чустӣ, ки бо ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) ғазал мегуфт, ҳофизи номвари тоҷик Маъруфхоҷа Баҳодуров – гули сари сабад. Аския низ дар авҷ. Эркини наврас ба меҳмонон чой мекашонд, аз суҳбатҳои маънавӣ баҳра мебурд.
3. Роҳ ба адабиёти калон
Нахустин шеъри Эркин Воҳидов аснои дар синфи ҳафтум хонданаш дар маҷаллаи «Муштум» чоп шуда бошад, нахустмаҷмӯааш бо унвони «Нафаси субҳ» дар солҳои донишҷӯияш ба табъ расид. Ҳанӯз аз ҷавонӣ тарҷума низ мекард. Дилбохтаи Есенин буд. Дар анҷумани эҷодкорони ҷавони Иттиҳоди нависандагон бо эҷод ва тарҷумаҳояш баҳои баланд доданд. Вохӯрӣ ва баҳрабардорӣ аз маслиҳатҳои Ойбек, Ғафур Ғулом, Абдулло Қаҳҳор, Миртемир, Шайхзода барин бузургон ба вай таасссуроти калон гузошт. Муҳити адабии донишгоҳ низ дар тарбияи истеъдодаш нақши калон бозидааст.
4. Фаъолият
Соли 1960 донишгоҳро хатм карда, дар нашриёти «Ёш гвардия» ба фаъолияти мустақилона оғоз бахшид. Соли 1963 нашриёти адабиёти бадеӣ ӯро ба даргоҳ хонд ва дар ин ҷо то соли 1970 кор кард. Дар байни 10 сол 7 китоби шеър, ҳамчунин дафтари тарҷумаҳояш рӯйи чоп дид.
Дар солҳое ҳам, ки сармуҳаррири маҷаллаи «Ёшлик» ва директори нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом буд, самаранок эҷод кард.
Барандаи Мукофоти ба номи Ҳамид Олимҷони Иттифоқи нависандагон, Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза ва соҳиби унвони «Шоири халқии Ӯзбекистон» гардид.
Эркин Воҳидов ҳамчун ходими ҷамоатӣ ва арбоби давлатӣ низ хидмати сазовор кард. Даҳ сол депутати Палатаи қонунгузорӣ буду 5 сол – узви Сенат. Ба кумитаҳое, ки ба касбу кораш созгор буданд, раисӣ кард. Дар пешниҳоди лоиҳаҳои муҳим ва муҳокимаи қонунҳо фаъолона ширкат варзид. Фикрҳои солими ӯ ҳамеша мавриди эътибор қарор мегирифт.
5. Арӯзро зинда кард
Эркин Воҳидов яке аз ғазалсароёни маъруф дар адабиёти муосири ӯзбек мебошад. Дар оғоз ва авҷи фаъолияти эҷодӣ дар вазни ҳиҷо ғазал мегуфт. Баъд ба арӯз гузашт. Хуршед Дӯстмуҳаммад мегӯяд, вазни аҷдод – арӯз солҳои тӯлонӣ дар музей чун экспонат мехобид. Маҳз бо эҳтимоми Эркин Воҳидов арӯз эҳё шуду либоси тоза ба бар кард.
Муносиб ба вазн – қофияи ғазалиёти ӯ устувор. Мазмуну шакл, чун ғазалҳои анъанавӣ, ба ҳам мутаносиб.
Эркин Воҳидов дар адабиёти халқи бародар ҳамчун яке аз аввалинҳо девон мураттаб сохт.
6. Ҳаҷв дар эҷодиёти Эркин Воҳидов
Спектакли «Девори тиллоӣ»-ро тамошо кардаем. Бо як ҷаҳон завқ! Аз пойдевор баногоҳ ёфт шудани хуми тилло. Худро гум кардани ду ҳамсояи синнашон ба ҷое расидаи девордармиён, ки одӣ ҳаёт мегузаронанд. Тиллои байни худ тақсимкардаашонро куҷо пинҳон кунанд, намедонанд. Девонаавзо шуда монд Мӯъмин (актёр Ғанӣ Аъзамов). Ҳамсоя (қудошаванда), ки Абдусалом (Турғун Хонтӯраев) ном дорад, аз вай бадтар. Дар тамошобоб баромадани спектакл нақши коргардон Тошхӯҷа Хӯҷаев низ босазо. Вале тамошогар, қабл аз ҳама, ба маҳорати муаллиф қоил...
Силсилаи «Ҳангомаҳои Донишқишлоқ» низ чун латифаҳои хуби замонавӣ эътибори умумро ба худ кашид. Саргузштҳои аҷиби Матмӯсо... Ҳам механдед. Ҳам тараҳҳум рӯ мезанад дар қалбатон нисбати ин содалавҳи деҳотӣ, ки чӣ рӯзҳое аз сар нагузаронд...
Мушкилоти зиндагӣ, дардҳои амиқи иҷтимоӣ низ хобидааст таҳти ҳар зарофат, юмор ва ишороти маънидор.
7. Маскани воқеии шоир
Воҳидов аз бачагӣ дар пойтахт муқим шуда бошад ҳам манзили падариро аз ёд набаровард. Зуд-зуд ба Олтиариқ омада ва чароғи падару модарро фурӯзон медошт.
Танҳо не, адибони номвари даврро ҳамроҳ меовард. Ба ҳавлие, ки кӯдакиаш гузашта, борҳо пою қадами Саид Аҳмад, Ӯлмас Умарбеков, Охунҷон Ҳаким, Йӯлдош Сулаймон, Ӯткир Ҳошимов ва дигар соҳибқаламон афтодааст. Онҳо қадам ранҷа созанд, ҳавлӣ файзи дигар мегирифт.
Эркинака хонаи падариро нишон медод ва мегуфт: «Ватани воқеии ман!»
Вай дар яке аз сурудҳояш навишта: «Масканим Фарғонадур, Фарғонадур, Фарғонадур!..»
8. «Шоҳи шоҳмот»
Як гурӯҳ зиёиёни Тошканд, ки дилбохтаи шоҳмот буданд, «гаштак» доштанд. Баъди омин ва ғундоштани дастархон гирди тахтаи шоҳмот менишастанд. Умарзодаи мо (равонашон шод бод) низ узви гурӯҳ ва аз беҳтарин донаронҳо. Лекин кам касон Эркин Воҳидовро мағлуб сохта метавонистанд. Ғолиб оянд, бо фахр мегуфтанд «шоҳи шоҳмот»-ро таслим кардам. Саргарми бозӣ гузашти вақтро ҳис накарда, бемаҳал ба хонаҳои худ бармегаштанд.
Боре қарибии субҳ Эркинакаро яке аз дӯстонаш бо мошин ба манзилаш бурд. Завҷаи шоир парешонҳол дар дами дарвоза меистод. «Хавотир мешавад намегӯед? Соат чанд?»
Шоир бо лабханд гуфт: «Пештар бевақт меомадам. Лекин имрӯз ҷудо барвақт омадам ба назарам. Ҳанӯз, одамон ба кор нарафта. Соат акнун шаш!»
Инсони зариф, кушодадил ва хуштабъ буд...
9. Муҳаббат ва оила
Нафаре аз завҷаи Воҳидов мепурсад: «Гулчеҳраапа, мегӯянд кулли шеърҳои ошиқонаи устодамон ба шумо бахшида шудаанд, ин рост?»
Не, мегӯяд маънидор Гулчеҳра Воҳидова, ин қабил шеърҳо ҳадя ва меҳрномаи шоир ба кулли бонувон. Лекин як шеърашон...
– Кадом шеърашон? – мепурсад мухбир.
– Сенга бахтдан тахт тиларман, толедан бошингга тож....
Ва илова мекунад:
– Ҷавон будем. Одӣ зиндагӣ мекардем. Лекин чӣ қадар хушбахт. Шеъре, ки ишора кардам, соли 1967 навишта шудааст.
Гулчеҳраапа, бо оби чашм, давоми шеърро мехонад:
Айт-чи жоним, борми сенда
Кӯз ёшимга эҳтиёж?..
Гулчеҳраапа низ чун Эркинака дилшикаста буд. Ду дили маҷрӯҳ пайванд гашт. Вақт то андозае ба ҷароҳатҳо дармон бахшид. Соҳиби чаҳор фарзанд шуданд. Бо меҳр, муҳаббат, садоқати якдигар ба пирӣ расиданд. Дар паноҳи набераю абераҳо шукри зиндагӣ карданд. Вале ҳаёт ҳаёт аст, мурдан ҳақ... Аввал Эркинака рафт. Боли Гулчеҳраапа шикаст.
Вале намегузоштанд рӯҳафтода бошад. Баъди вафоти шавҳар ба ӯ ордени «Фидокорона хизматлари учун»-ро супурданд.
10. Дар поёни умр
Дар поёни умр ҳайкалвор ба нуқтае менигарист шоир, падару модари номуроди худ ба ёд меовард. Дар як ҳолати риққатзо...
Каримҷони тағояш ибтидои солҳои сиюм ба Олтиариқ сафарбар шуда буд. Танҳо наомад – зан, духтарча ва хоҳари 15-солаашро ҳамроҳ овард. Хоҳаракаш Розияхон дар техникуми педагогии Тошканд ғоибона мехонд. Вай диплом гирифт, дар мактаби деҳа чун муаллимаи география кор кард. Тақдир ӯро ба Чӯянбой рӯбарӯ намуд, ки яке аз муаллимҳои ҷавон буд. Ва аз ин никоҳ 3 фарзанд ба дунё омад. Нахустфарзанд, ки духтар буд, дар кӯдакӣ аз зотилҷамъ вафот кард. Додари Эркинака низ, ки Элбурс ном дошт, дар тифлӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Боре оилаи ҷавонро лозим омад ба Марғилон кӯч бандад. Притсепе, ки кӯчро мекашонд, ба ҷӯй ғӯтид, кӯч чаппа шуда рафт. Азоби гӯр...
Гуруснагӣ... Қаҳтӣ. Эркин баъзан пояи ҷуворимаккаро мемакид, ба ҷои қути лоямут...
Эркинака, ки бачагӣ аз лавҳи хотираш мегузашт, ногоҳ гирист. Бо овоз. Чӣ шуд, гӯён аҳли хонадон бо ташвиш гирдашро печонданд.
Саъй кард гиря фурӯ нишонда ва лабханд занад.
– Боре модарам барои он ки ба бачаҳо ҳамроҳ шуда, кӯнҷора хӯрдам, як тарсакӣ ба рӯям заданд. Нагиристам. Лекин худашон то рӯз гириста баромаданд.
Эркинака ин гуфт ва худдорӣ карда натавониста, боз гирист.
11. Вафот
Дар маросими дафн (тавре журналист ва нависандаи собиқадор Аҳмадҷон Мелибоев мегӯяд) нафаре гуфт:
– Эркинака ба ҷойи дур не, ба назди Навоӣ сафар кард. Шоири мардумӣ, Қаҳрамони Ӯзбекистон ба «водии хомӯшон» дасти хушк нарафт. Аз ҳар он чӣ дар зиндагиаш навишт, 10 маротиба зиёдтар назди Навоии бузург раҳовард бурд. Чизҳоеро бурд, ки зиндагӣ имкон надода буд онҳоро рӯйи коғаз резад.
Муҳаммадҷон ШОДӢ.