Зуллисонайнии тоҷику ӯзбек ба қарнҳои қадим рост меояд.
Дар осори шоирони зиёд таъсири мавзӯъҳои ахлоқӣ-дидактикии шеъри форсу тоҷик, иқтибоси калима, ибораҳои форсӣ-тоҷикӣ ва истифодабарии образҳои бадеӣ ба назар мерасанд. Инчунин, як қатор шоирони тоҷик, чун Саноӣ, Сӯзанӣ ва дигарон дар ашъори худ аз калимаву ибораҳои туркӣ фаровон истифода бурдаанд.
Дар охири асри сенздаҳ ва аввали асри чордаҳ бошад, дар адабиёти тоҷику ӯзбек жанри «муламмаъ» (ширу шакар) пайдо шуд, ки намояндагони он Бурҳониддин Рабғузӣ, Бадри Чочӣ, Лутфӣ, Амирӣ барин шоирони забардастанд. Ҳатто Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ба ин жанр даст задааст:
Ёро, ба ҳар ду олам,
ёлғиз сени севарман,
Гар ту ба ман наоӣ,
ман аз ғамат ӯларман.
Хӯрдам шаробу шарбат,
бехуд бӯлиб йиқилдим,
Ту ҳам ширину шакар, ҳар
дам эслаб турарман...
Яке аз шоирони дузабона, ки анъанаи зуллисонайниро идома бахшидааст, шоир ва тарҷимон, Журналисти хидматнишондодаи Тоҷикистон, соҳиби ордени «Дӯстӣ» Ӯлмас Ҷамол агар ҳаёт мебуд, 90 сола мешуд.
Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон бо иштироки адибон, шоиру нависандагони тоҷику ӯзбек, намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ, журналистон ва ҳаводорони шеъру адабиёт бахшида ба зодрӯзи шоир анҷумани маънавию маърифатӣ баргузор гардид.
Ӯлмас Ҷамол зодаи (17 майи соли 1934) ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд мебошад. Бо тақозои тақдир соли 1947 ба Душанбе рафта, мактаби миёнаро бо баҳоҳои аъло хонда, соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Чанд сол омӯзгорӣ карда, баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохтааст. То нафақа дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» («Халқ овози») ифои вазифа намудааст. Маҷмӯаҳои ашъораш: «Чашмаи муҳаббат», «Гӯш ба дил», «Даъват ба дуродур», «Дар васфи офтоб», «Фасли накӯкорӣ», «Эҳсос», «Дӯстнома», «Як нигоҳ» ва монанди ин дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд.
– Ӯлмас Ҷамол бо ду забон хома рондааст, ду халқро ба дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдилию ҳамгароӣ даъват намудааст. Ба шеърҳои шоир Фахриддин Умаров, Камолиддин Раҳимов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Ӯринбек Ҳамдамов барин ҳофизони машҳури тоҷику ӯзбек оҳанг баста сурудаанд. Шеъри «Дӯстлик шиори»-и шоирро, ки Ҷ. Муродов оҳанг баста сурудааст, хурду калон дӯст медорад:
Ӯзбекистон ӯғлидурман,
тожигим гуфто писар,
Рост гӯям, ҳар кадоме
севгилимдур жон қадар...
Инчунин, шоир шеърҳои шоирони шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва ғайраро ба ӯзбекӣ баргардондааст. Чор девони шоир: «Сурур», «Масрур», «Манзур» ва «Маъмур» ғазалҳои беҳтарини ӯро дарбар гирифтааст, – гуфт муҳаррири бахши адабиёт ва санъати газетаи «Ҷадид» Шойим Бӯтаев.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ тақдимоти китоби шоир бо номи «Дар ин дунёстам дунё» («Ӯзим дунё аро дунё») низ барпо гардид. Дар китоб шеърҳо ва тарҷумаҳояш, ки дар солҳои охири ҳаёташ эҷод шудаанд, ҷой доранд. Чунончӣ, тарҷумаи шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»-и Абуабдуллоҳи Рӯдакиро чунин овардааст:
... Эй Бухоро, шод бӯлгил,
кӯп яша,
Шоҳимиз сенга томон
келмоқдадир.
Миримиз шоҳдир, Бухоро
осмон,
Ой сенга, эй осмон,
келмоқдадир.
Мир агар сарву Бухоро
бӯстон,
Сарв сенга, эй бӯстон,
келмоқдадир...
Дар поёни чорабинӣ дӯстдорони шеъру адабиёт аз ашъори шоир намунаҳо қироат намуданд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».