Дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ўзбекистон мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (БМТ) Антониу Гутерриш, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дошт, баргузор гардид.
Дабири кулли СММ таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар бисёр бахшҳо, аз қабили ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди соҳаи иҷтимоӣ, таъмини шуғли аҳолӣ пешсаф буда, метавонад на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои ҷаҳон намуна бошад.
Илова бар ин, ба бархӯрди ҳамаҷониба ба ҳалли мушкилоти марбут ба экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла оқибатҳои бӯҳрони Арал, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими рӯзнома мебошад, баҳои баланд дода шуд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоиле, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иштироки сарони давлатҳо дар “Ҳамоиши оянда” баррасӣ мешаванд, матраҳ шуда, изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ӯзбекистон бо ташаббусҳои худ дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат хоҳад кард.
Антониу Гутерриш натиҷаҳои кори системавӣ дар Ӯзбекистон ҷиҳати расидан ба баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробарро барои онҳо таъкид намуда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки тамоми тавсияҳои СММ дар ин самт пурра ба инобат гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, аҳамияти нақши парлумонҳо дар татбиқи барномаҳои рушд, ки аз ҷониби СММ ба миён гузошта шудааст, махсусан қайд карда шуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар Китоби меҳмонони фахрии Сенати Олий Маҷлис ёддошт гузошт.