ДАР ШАҲРИ БАНДАРИИ ЛИТВА – КЛАЙПЕДА ХОНАИ САВДОИ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ШУД

Дар доираи чорабинӣ ба маблағи 10,1 миллион доллар қарордоди содиротӣ ба имзо расид.

Дар маросими кушоиши он намояндагони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилот, корхонаҳои Литва, доираҳои корчаллон ва ҷамоатӣ ширкат варзиданд.
Дар суханрониҳои табрикӣ ислоҳоте, ки дар кишвари мо татбиқ мешаванд ва натиҷаи онҳо, иқтидори иқтисодӣ, сармоявӣ ва содиротии Ӯзбекистон, пешомади хонаи нави савдо дар Литва қайд карда шуданд.
Раиси кумитаи Сейми Литва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Казис Старкиявичюс дар суханронии худ таъкид намуд, ки Ӯзбекистонро дар Литва ба сифати яке аз кишварҳои калидии минтақа мешиносанд ва аз рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ манфиатдор мебошанд. Бинобар суханони ӯ, кушода шудани хонаи савдо ба минбаъд афзудани ҳаҷми савдои Ӯзбекистон нафақат бо Литва, балки бо дигар кишварҳои аврупоӣ хидмат хоҳад кард.
Ҳамраиси Шӯрои соҳибкории ӯзбекистониву литвагӣ Албертас Ситавичюс зикр намуд, ки хонаи савдои Ӯзбекистон дар бузургтарин шаҳри бандарии Наздибалтика имкон медиҳад ҳам ҷуғрофияи содиротии маҳсулоти Ӯзбекистон васеъ шавад, ҳам рағбати ширкатҳои логистикии Литва ба ҳамкорӣ бо маҷмӯи навтаъсиси савдо афзояд.
Иштирокдорон қайд намуданд, ки аз тариқи ин хонаи савдо Ӯзбекистон ба тоҷирон бобати барқарор намудани муносибатҳои тарафайни ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими истеҳсоливу саноатии Литва, зиёд кардани содироти маҳсулоти миллӣ ва ҷалби сармоягузорон ба Ӯзбекистон кумаки амалӣ расонда метавонад.
Дар доираи чорабинӣ қарордодҳои содиротӣ ба маблағи 10,1 миллион доллари ИМА имзо гардиданд.
Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ва ширкати «Ӯзтерминал»-и Литва, ки дар бандаргоҳи давлатии Клайпедаи ҳудуди ширкати бузургтарини логистикии «ВЕГА»-и он ҷойгир аст, муассисони хонаи савдо гардиданд. Бояд таъкид сохт, ки алҳол ба воситаи бандари мазкур ба тамоми кишварҳои ҷаҳон аз тариқи роҳҳои баҳрӣ ва рӯйизаминӣ борҳо фиристода мешаванд. Иқтидори солонаи бандар 70 миллион тонна борро ташкил медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки ин дувумин хонаи савдои Ӯзбекистон дар Литва мебошад. Моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Вилнюс хонаи савдои Ӯзбекистон кушода шуда буд.

АИ «Дунё»,
шаҳри Клайпеда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: