КОРШИНОСОНИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ САФАРИ РАСМИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СММ БА ӮЗБЕКИСТОН ВА МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ ДАР ТОШКАНД
Аз 30 июн то 1 июл Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон шуд.
Парерӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки бори дуюм (2017) ба кишвари мо ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар рафти музокирот масъалаҳои таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, субот ва рушди устувор, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва СММ, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои ноил шудан ба Мақсадҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Антониу Гутерриш барои тарғиби ҳамбастагӣ ва ваҳдат дар ҷаҳон, баланд бардоштани самрабахшии фаъолияти созмон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ байни кишварамон ва СММ бо яке аз мукофотҳои олии давлатии Ӯзбекистон – ордени «Олий Даражали Дӯстлик» сарфароз гардонда шуд.
Натиҷаи муҳими мулоқот созишнома дар бораи коркарди муштараки барномаи чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо СММ ба Мақсади рушди устувори Ӯзбекистон барои солҳои 2026-2030 гардид.
Антониу Гутерриш дар мусоҳиба бо АИ «Дунё» дар арафаи сафари худ ба Ӯзбекистон таъкид кард, ки СММ интизори таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон барои мусоидат ба сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон аст.
Бинобар ақидаи коршиносони байналмилалӣ, ба Ӯзбекистон СММ ҳамчун иштирокчии фаъол ва ташаббускори ҷустуҷӯ ва ноил шудан ба роҳҳои муҳими ҳалли мушкилоти доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳо медиҳад.
Роҳбари Академияи байналмилалии технология, маориф ва илмҳои гуманитарии Испания Хосе Ойо Родриго:
– Сафар барои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон руйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар айни ҳол Ӯзбекистон дар фаъолияти СММ, муассисаҳои махсуси он, ба мисли СУТ, СБМ, ЮНЕСКО, ФАО, СБМ, Бонки ҷаҳонӣ, МАГАТЭ ва дигар фаъолона иштирок мекунад.
Ташаббусҳои роҳбарияти Ӯзбекистонро, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд, махсусан қайд мекунам. Танҳо дар солҳои охир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон 10 резолютсияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ қабул гардида, 140 барнома ва лоиҳаҳои муштарак бомуваффақият амалӣ мегарданд. Ҳамаи ин аз сатҳи баланди эътимод ва эътирофи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Сафари Котиби генералии СММ қадами муҳим барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон бо СММ ва ниҳодҳои он мебошад. Антониу Гутерриш дар ҷараёни боздидаш ба ӯҳдадориҳои Ӯзбекистон ба Мақсадҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» инъикос ёфтааст, инчунин пешрафт дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ, васеъ гардондани ҳуқуқи занон, рушди «сабз», мубориза бо коррупсия ва волияти қонун баҳои баланд дод.
Бар замми ин, ташрифи Антониу Гутерриш ба объектҳои саноатӣ ва иҷтимоии Ӯзбекистон имконияти намоиш додани комёбиҳои кишвар дар солҳои мухталиф, инчунин муайян намудани роҳҳои имконпазири ҳамкории минбаъда ва дастгириро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Умуман, сафари Антониу Гутерриш дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистон ва СММ марҳилаи муҳим буда, натиҷаҳои музокироти олӣ самараҳои мушаххас оварда, ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муовини директори Донишкадаи Осиё ва Аврупои назди Донишгоҳи Малая Рой Энтони Родҷерс (Малайзия):
– Ин як рӯйдоди муҳимест, ки бешубҳа ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатро бо ин созмон ба сатҳи комилан нав боло мебарад.
Дар ҳақиқат, дар тӯли солҳои охир Ӯзбекистон дар майдончаҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла, СММ фаъолнокӣ нишон дода, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ ҳиссаи худро мегузорад.
Соли ҷорӣ ба таркиби мақомоти муҳим ва бонуфузи СММ – Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2025-2028, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС) барои солҳои 2025-2027, инчунин Шӯрои маъмурии Созмони байналмилалии меҳнат интихоб шудани Ӯзбекистон аз ин далолат медиҳад.
Ин дастовардҳо, бешубҳа эътирофи васеъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид аз ислоҳоти пешқадам, ки таҳти роҳбарии роҳбари Ӯзбекистон гузаронда мешавад, шаҳодат медиҳанд.
Боварӣ дорам, ки музокироти сатҳи олӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда ба таҳкими равобити дипломатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои кори муштарак, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла, фоҷиаи Баҳри Арал ва дастгирии ислоҳоте, ки дар кишвар дар соҳаи беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, мубориза бо коррупсия ва дигар соҳаҳо гузаронда мешавад, мусоидат мекунанд.
Бовар дорам, ки Ӯзбекистон бори дигар содиқ будани худро барои ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувори СММ тасдиқ кард ва омодагии худро барои расондани кумак дар татбиқи ин ҳадафҳо таъкид кард. Зеро ҳадафу вазифаҳое, ки кишвар дар Стратегияи «Ӯзбекистон –2030» дар назди худ гузоштааст, бо Мақсадҳои рушди устувори Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар Ҳамоиши ҳазорсола қабул шудаанд, ҳамоҳанг аст.
Корманди илмии Донишкадаи Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Адександра Перминова:
– Ӯзбекистон дар сафари Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш аввалин кишваре шуд, тавре қаблан дар расонаҳо изҳор гардид, бояд баъд ба Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ӯзбекистон имрӯз яке аз давлатҳои фаъол ривоҷёфтаистодаи Авруосиё буда, кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба бозингари бонуфуз табдил меёбад, аз он ҷумла дар чаҳорчӯби СММ оид ба барқарор намудани минтақаи Арал, ҳамкории давлатҳо дар Осиёи Марказӣ, муколама бо Афғонистон ташаббусҳои мухталиф пеш мегузорад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки яке аз санаҳои муҳими боздиди Антониу Гутерриш аз Осиёи Марказӣ нишасти сарони СҲШ мебошад, ки дар Остона баргузор мегардад. Имрӯз барои СММ таҳкими муколама бо созмони ҳамкории Шанхай яке аз авлавиятҳост. Зеро ба гуфтаи худи Антониу Гутерриш дар шароити нооромиҳои ҷаҳонӣ маҳз «ташкилотҳои минтақавӣ метавонанд мушкилотеро ҳал кунанд, ки аз қудрати СММ берунанд».
Ӯзбекистон яке аз муҳаррикҳои СҲШ мебошад, қароргоҳи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд ҷойгир аст ва дар аввали моҳи июни соли 2024 дар пойтахти Ӯзбекистон коршиносони ҷаласаи XIX форуми СҲШ гирди ҳам омада буданд.
Дастовардҳои беназир дар муколама бо ҳукумати муваққатии Афғонистон, мавқеи марказии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ва омодагии он ба равишҳои нав барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ Ӯзбекистонро муҳимтарин иштирокчии СҲШ мегардонад ва дар байни кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд ба бор меорад.
Сиёсатшиноси қирғиз, роҳбари Маркази ташаббусҳои коршиносии «Ой Ордо» Игор Шестаков:
– Сафари котиби генералии СММ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ далели он аст, ки минтақаи мо барои чунин созмон дар миқёси сайёра маҳалли ғайримарказӣ набуда, балки ҳамчун қаламрави аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва ояндадор пазируфта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Антониу Гутерриш сафари худро маҳз аз Ӯзбекистон, давлате, ки дар кори СММ ва пешбурди ташаббусҳои муҳим дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад, оғоз намуд.
Аз забони Президент Шавкат Мирзиёев дар сессияҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодҳои ҷорӣ оид ба ҳаллӣ мушкилоти глобалии марбут ва ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, мубориза бо камбизоатӣ, иқтисодиёти «сабз», кор бо ҷавонон садо медиҳанд.
Ба ин муносибат бо боварӣ метавон гуфт, ки Ӯзбекистон дар пешбурди резолютсияи мухталифи СММ ва дастгирии барномаҳои соҳавии он дар Осиёи Марказӣ ба кишвари пешво табдил ёфт.
АИ «Дунё».