Чин яке аз мамлакатҳои калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад.
Солҳои охир давлатамон бо ин мамлакат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамкории самаранокро ба роҳ монда, комёбиҳои назаррасро ба даст меорад. Дар Ӯзбекистон, хусусан дар вилояти Намангон бо иштироки сармоягузорони Чин шумораи корхонаҳои муштарак сол то сол меафзояд. Ҳоло дар вилоят қариб 70 корхонаи Чин фаъолият дорад.
Чанде пеш ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар шаҳри Пекин бо роҳбарони ширкатҳои номдор ва соҳибкорони маҳаллӣ вохӯрд.
Дар бораи сохтмоне, ки дар шаҳрчаи Янги Намангон бунёд мегардад, аз тарафи ширкати «Nantong Sijian Construction Group Co. Ltd» барои сохтмон ба миқдори 650 млн. доллар маблағ сарф мешавад, шартнома ба имзо расид.
Дар шаҳри Тайчжоуи музофоти Жежианг бизнес-форуми Тайчжоу – Намангон баргузор гардид ва дар ин озмун аз 100 нафар зиёд тадбиркорон иштирок намуданд. Дар соҳаи сохтмон, хоҷагии кишоварзӣ ва дастгоҳсозӣ 3-то лоиҳаро, ки 300 млн. доллар маблағ сарф кардан мумкин аст, имзо карданд.
Дар доираи форум барои ривоҷу равнақи минбаъдаи вилояти Намангон ба тадбиркорон ва инвесторон, ки шароитҳо фароҳам оварда шудааст, тақдимот гузаронида шуд. Инвестори тайчжоуӣ Ли Фу, ки дар навбати худ иштирокчиёнро бо лоиҳаи худ шинос кард, дар ин бора дар Намангон шахсан бо Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли ҷорӣ дар моҳи март ба Намангон омада буд, вохӯрда будааст, фикрҳои худро баён кард. Дар охири форум сармоягузорони тайчжоӣ бо ҳокими вилояти Намангон дар бораи тадбиркорӣ мулоқоти самимӣ карданд ва ба саволҳо ҷавоб гирифтанд.
Аъзои намояндагӣ дар корпоратсияи «Hua Hai Pharmaceutikal» бо фаъолияти корхона шинос шуд. Корхона асосан маҳсулоти дорувори ихтисосонидашуда истеҳсол мекунад. Дар вақти мулоқот роҳбарон оиди таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ гуфтушунидҳо ба сомон расониданд. Аз ҷумла, ҳар ду ҷониб дар ин мулоқоти самимӣ дар бораи маҳаллигардонии истеҳсоли дорувории зидди вирусҳои гуногуни пешбинишуда ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли чунин воситаҳо дар ҳудуди минтақаи хурди саноатии «Косонсой Фарм» ба як қарор омаданд.
Вохӯриҳои амалии ҳокими вилоят дар шаҳри Урумчӣ ва Чуанджо низ баргузор гардид ва дар ин форум лоиҳаҳои гуногун, ки 200 млн. доллар маблағ сарф мешавад, имзо шуд.
Сафари навбатӣ ба шаҳри Тианжин, ки дар музофоти Шандонг ҷойгир аст, шуд. Дар ин ҷо меҳмонон бо фаъолияти компанияи «Tianjin Donxin Flowers Co. Ltd « шинос шуданд. Корхона асосан бо гулпарварӣ ва экспорти он машғул мешавад. Ширкат соли 1991 ташкил шуда, дар 570 гектар майдон гулҳои рангоранг парвариш мекунанд. Дар 600 ҳазор метри мураббаъ гармхона лотус, нахли сурх, таро, оловқуш, банан, катюша барин навъҳои ноёбро рӯёнда, ба якчанд мамлакат экспорт мекунанд.
Роҳбарон дар бораи фестивали байналхалқии «Иди гул», ки дар Намангон баргузор гардид, низ суҳбат оростанд. Зимни мулоқот ба хулосаи омаданд, ки дар оянда ҳамкориро мустаҳкам намуда, таҷриба андӯзанд ва дар фестивал иштирок кунанд.
Бояд эътироф намуд, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ натанҳо боиси мустаҳкамшавии риштаҳои дӯстиву ҳамкории тарафайн, балки дар беҳтаргардонии таъмини эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолӣ ба маҳсулоти саноатӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим мебозад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.