САВДОИ БАХТ

Шариф ХАЛИЛ

(Ҳикоя)
Аз мағз-мағзи болопӯши равғанолуди дег ҳаври сабуке мехест ва дар муҳити сурурангези ҳавлии серодам мунҳал мешуд. Ошро нав дам кардаанд. Аз лаби деги дигар, ки эҳтимол ним соат пеш кушодаанд, ба табақҳо беист ғизои наҳор мекашанд. Бӯйи хуши сабзиву пиёзи доғ, равғани зағиру зираи кӯҳӣ... ҳавлиро пур карда буд. 
Раҳмат Миллери судхӯр дар назди халоиқ рӯй сафед мекард – дасторхон кушода, дасти ҷигарбандонашро ҳалол месохт! 
Мардум дар ҳавои мусиқии ором оши наҳор мехӯрданд.
Ба назди Бобоҷони раиси маҳалла ва ҷияни ӯ Султоналӣ як лаълӣ оши сергӯшт омад. Яқин баковул одамшиносӣ кард. Онҳо ҳанӯз даст ба тановул набурда телефони раис рӯшан шуд. «Аз дасти ин мардум ягон дами орамидан нест!» – дар ҳадди танаффур абрӯ сарбасар овард. Аммо дар гӯшӣ чун лафзи лӯлиёнро шунид, дар лабаш гули табассум шукуфт: 
– Лаббай, лаббай, – озод овоз кушод Бобоҷон ва нигоҳи қадре шодаш як лаҳза ба рӯйи мардуми ошхӯр рафта, баъд дар панҷаи сабзи дарахтони лаби ҷӯй шикаст, ки аз навозиши насими саҳаргоҳон оҳиста рамақ меёфт.
– Шири очаамро заҳр карданд – о, Раисҷон, ҷигарамро кабоб карданд-о!  Агар тез омадаву чораашро наёбед, Нодир... тамом шуд гуфтан гиред! Нашъи бадбӯяшро аз таги ҷари Париҳо, равони мурдорашро аз асфалуссофилин меёбанд!
Қодирлӯлӣ ба аспи «ҷаҳл» савор буд. 
– О бандаи Худо, ин чӣ гап? – як зарра мушавваш пурсид Бобоҷон ва пас аз он, ки мухтасар бо тафсилоти низоъ шинос гардид, оҳи сабуке кашид. Вай бист сол боз раиси ҷамоат аст ва лӯлиҳои маҳалла чӣ урфе доранд, мисли панҷ ангушташ медонад. Ин мардуми беғубор аз барои бахти фарзандон ва камхарҷии тӯйҳо аҷаб тамошое нишон медиҳанд.  
Боз овози Қодир ба гӯшаш нишаст:
– Раисҷон, масъала ҷиддӣ, ки бояд ҳал шавад. Вагарна...
– Маравам, Қодирбой. Албатта, ҳал мекунем.
Бобоҷон ба нигоҳҳои мардуми кунҷков эътиборе надода, ба ғизо рӯ овард. Ҳанӯз луқмае соф накарда, боз садои телефон омад.
«Оббо-о...» – нидо дардод ӯ ва ҳарчанд тахмин мезад, ки Нодир ҳам занг хоҳад зад, аммо як майда асабӣ шуд. Бо нигоҳи норизо дастпокро ҷуст ва ангуштонро аз равған пок карда:
– Лаббай, – гуфт чун одат. 
Як парда овозаш баланд омад. Гӯшашро аз телефон наканда,  гӯштеро аз миёни дандонҳои «дуздаш» ҷудо кард ва бо ду ангушт совида, кулӯла сохт ва ноаён ба таги кӯрпача гузошт. 
– Раисҷон!
– Ҳа..!
– Ин ман – Нодир.
– Шинохтам, Нобирбой, шинохтам.
Қомат ёзонд Бобоҷон ва ҳушу ёдаш ба вазъи Нодирлӯлӣ банд шуд, ки вазнин нафас мекашид.
– Биёед, ки рӯзам сиёҳ.
– Хайр...
– Чӣ мегӯед, ки... Қодир ба хуни ман ташна.
Нодир ноаён оҳ кашид, ки тазйиқи ошкораш ба қалби Бобоҷон асар кард.
– Хайриятист? – ҳарчанд медонист, аммо барои ширин шудан «аз даҳони Луқмон» шунидан хост.
– Бачаи бадбахт духтари вайро дуздидааст. 
– Оббо-о... 
– Ишқ, мегӯяд, муҳаббат мегӯяд, ин бетамиз, намедонам, яқин дидаи ақлаш аз ин бало кӯр!
– Фаҳмо.
– Ин масъаларо худатон ҳал накунед, намешавад.
– Хуб, хуб...
Раис натавонист батааннӣ оши наҳор тановул кунад – занги паёпайи телефон иштиҳои ӯро дуздид. Муддате ошхӯрии ҳамдеҳагонро тамошо карда, тоқиро ба қафотари сар тела дод, пешонии фарохашро оҳиста молид. Чашмонаш ба рӯйи дасторхон, аммо хаёлаш ноаён ба мардуми лӯлитабори маҳалла рафта, як лаҳза дар лабонаш табассум давид ва: «Аҷаб одамони софдиланд» гуфт зери лаб. Баъд дубора ба табақи ош мутаваҷҷеҳ гашт.  
Султоналӣ бепарво буд ва монугир ба табақ даст бурда, беист насиба мечид. 
Аммо Бобоҷони раис иштиҳои худро пир ёфта, зуд таваққуф кард.
– Кифоят, – гуфт, луқмаи охирро фурӯ бурда ва аз лаби хон дастпокро гирифт, бо кӯмаки забон ризқи дандонҳоро ҳам ситонда, зуд аз гулӯ гузаронд ва ба Султоналӣ, ки барои луқмаи нав даст ба табақ мебурд, маънидор нигарист. «Мехезем, ҷиян!» – ишора кард ӯ. 
Вай аз ин нигоҳи таконбахшу ишораи мармуз андак барошуфт, аммо ночор дар тараддуди тамизи дастон шуд. 
– Як пиёла чой... – гуфт, дастаки чойник дар дасту бо нигоҳ пиёла ҷуста Султоналӣ.
– Не! Мехезем, – гуфт Бобоҷон андешаманд лаб газида ва овозашро як парда поин оварда таъкид кард: 
– Кор ҳаст. Зарур! 
– Эҳ... Чойи кабуди зӯр буд, – таассуф кард Султоналӣ, ки яқин дилаш чой меҷуст.
– Сабр!..
Миёни абрӯвони сермӯйи раис чанд сатр чин хест ва ӯ осема дастҳоро чумча кард. Дуои баъди таом ҳам мухтасар буд. 
Дар гӯш садои «Хуш омадед!»-и хешовандони соҳибтӯй онҳо ба самти мошин қадам бардоштанд. Аз куҷое Раҳмат Миллер пайдо шуд, ки дар рӯйи сергӯшташ сурхӣ давида, хиш-хиш нафас мегирифт.
– Нашиштед, раис... 
Дар оҳанги ӯ озурдагӣ ҳис мешуд.
– Ташаккур, Раҳматбой. Ош хӯрдем, аз дигар неъматҳо чашидем... Акнун ба мо иҷозат... – гуфт Бобоҷон даст рӯйи сина бурда. – Ҷӯгиҳоямон нотинҷ, наравам намешавад.
Соҳибтӯй ба маънии «фаҳмо» ду абрӯ боло кашид ва ҳамон дам ба ранги сурхи рӯяш равшанӣ давид.
– Хайр, зорӣ дорему зӯрӣ не. Кори ҷамъият зарур. Аммо, албатта, дар базми шабона иштирок кунед, раисҷон. Давраро худатон мекушоед.
– Ба чашм...
Раҳмат Миллер бо чолокӣ ба самти ду шахс қадам бардошт, ки низ аз дарвоза баромада, эҳтимол азми баргаштан доштанд. Бобоҷони раис як ба онҳо назар давонда, нашинохт. «Шояд мизоҷони Раҳмат ҳастанд» – аз дил гузаронд ва андешаманд даст ба дари мошин бурд. 
Султоналӣ аз ҳар ҷониб гузашта, ба чархҳои мошин зеҳн монд: – «Кӯрдилон мабодо мехча нагузошта бошанд!» Баъд қаноатманд паси чамбари идора гузашта,  ба маънии «Чӣ кори зарур баромад?» – ба раис нигарист. Ҳанӯз посухе нагирифта, калидро тоб дод. Дар гӯшҳо садои ороми муҳаррик:
– Куҷо меравем? –  пурсид Султоналӣ.
– Ба Гулобод ҳай кун – ҷӯгиқишлоқ меравем, – гуфт Бобоҷон.
– Ҳамин хел тӯйа партофта -я? – дар оҳанги гуфтори ронанда озурдагие ҳис мешуд.
Ду чашмаш ба роҳи калон:
– Тӯйи ҳақиқӣ дар пеш, ҷиян.., – ҷавоб дод раис ва як лаҳза симои Қодиру Нодирро пеши назар оварда, табассум кард. – Духтари Қодирҷӯгиро дуздидаанд, – мақсадро дасторхонвор кушод ӯ.
– Ё пири балогардон! – акнун таҳайюр кард Султоналӣ.
– Бешӯхӣ дуздидаанд, – дубора такрор намуд раис даст совида.
– Зӯрку-у, – фавран шукуфт Султоналӣ, ки дар хидмати амакаш бисёр гашта, низ аз баъзе асрор огоҳ буд. Вай шодон гашти якмароми мошинро бо як пилла бардоштани суръатафзо тағйир дод.
Онҳо як лаҳза нигоҳҳоро ҷанг андохта, дар банди андеша сукут варзиданд. Дар салон як хомӯшии шигифтангез тор танид...
Аз тирезаи қадре кушода, шамоли гоҳи офтобхез даромада, чанд тора мӯйи Бобоҷони раисро, ки аз қафотари сар оварда ҷабини лучакашро пӯшонда буд, дар ғояти навозиш парешон месохт.
Ин дам офтоб аз гиребони машриқ сар бароварда, гӯё аз ҳаё сурх мешуд.
***  
Раиси маҳалла ба хонаи Қодирҷӯгӣ даромада, «қиёмат»-ро қоим дид. Қодир дар сар тоқӣ дошт, ки атрофашро бо рӯймоли гардӣ фӯтавор печонда буд. Вай раисро дидан баробар қиёфа дигар кард, ба аспи ғазаб нишаста, корди дудамаи дар тасмаи шимаш ҳамоилро аз ғилоф берун овард. Бонуи то ин дам хомӯш ба шавҳар ҳамсадо шуд – дар сари зинаи айвон нишаста, ҷисми фарбеҳашро алвонҷ дода, ду даст ба ронҳо задаву ба навҳа даромад.
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: