Бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии бачагони назди Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо мақсади ташаккул додани маданияти китобхонии аҳолӣ, афзун гардидани шавқи китобхонии онҳо дар Бухоро «Фестивали китобхонӣ» ба амал омад.
Дар он ходимони Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, падару модарон ва китобдорон иштирок карданд. Дар доираи фестивал ғолибони озмун аз рӯйи намудҳои «Фаъолтарин талабаи китобхон», «Бачагони эҷодкор», «Беҳтарин ои-лаи китобхон», «Беҳтарин мактаби китобхон», «Фаъолтарин китобдор», муайян гардиданд.
Дар ҷараёни озмун қариб 20 ҳазор нафар хонандагон иштирок намуда, 60 нафар иштирокдорони беҳтарин ҳавасманд гардонда шуданд. Фестивал бо савту сурудҳои дилнишин наврасонро рӯҳбаланд намуд.
Дар доираи ин тадбир семинари ҷумҳуриявии китобдорони мактабҳои таълими умумӣ низ баргузор гардид.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.
МУЛОҚОТЕ, КИ ИНТИЗОРАШ БУДЕМ
ё худ акнун китобҳои Гулсифат Шаҳидиро дар Ӯзбекистон ҳам мехонанд
Дар даъватномае, ки аз Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи Алишери Навоӣ ба дасти мо расид, моро ба маҳфили адабию бадеӣ, маънавию маърифатӣ, ки «Вохӯрии ғайричашмдошт» («Кутилмаган учрашув») унвон дошт, хоста буданд. Аммо, ростӣ, ин мулоқотро аслан китобдӯстон, онҳое, ки аз шарҳи ҳоли адиби ҷаҳонии тоҷикон Гулсифат ва шавҳарашон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ – фарзанди яке аз шоҳсутунҳои олами мусиқии тоҷик – Зиёдулло Шаҳидӣ лоақал каме воқифанд, солҳост мунтазир буданд. Аз ин рӯ, ин мулоқотро «Мулоқоти деринтизор» номидан мумкин буд. Зеро...
Соли 1997, моҳи август. Дар Самарқанд якумин Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» мегузашт. Як ҷуфти ба якдигар хеле муносибу рафтору гуфторашон хеле муаддабона ва ботаҳаммул Толибхон Шаҳидӣ ва хонумашон Гулсифат таваҷҷуҳи аксари хабарнигорон ва мутахассисонро ба худ ҷалб карда буд. Онҳо ҳамчун намояндаи Тоҷикистон, яке чун оҳангсозу санъатшинос, дигаре ба ҳайси журналист ташриф оварда буданд. Он замон Гулсифат ҳанӯз китобе нанавишта буд. Суҳбати роқими ин сатрҳо дар Самарқанд дар доираи таассуроту бардоштҳо аз фестивал буд. Чанд сол қабл аз воситаҳои ахбори оммавии дунё донистем, ки китобҳои журналисти тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ғолиби озмунҳои байналмилалӣ гардидаанд. Аммо китобҳои ӯ дастраси мо – ӯзбекистониён набуд. Се сол пеш хабаре пахш шуд, ки Гулсифат Шаҳидӣ дар Русия аз рӯйи адабиёти бачагона «Нависандаи сол» (2021) эътироф шудааст. То ин муждаи нек овоза шуд, ки китоби нахустинаш «Шаҳри ормонҳои сабз» (соли 2014) дар Лондон бо Ҷоизаи Форуми байналмилалии нависандагон қадрдонӣ шудааст. Зиёда аз ин «Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон» дар тарҷумаи англисиаш соли 2018 дар Лондон ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард, ӯро «Беҳтарин адиб» донистанд. «Некиву хайрхоҳӣ ва самимият дар афсонаҳои адиби тоҷик комилан ҳамаро мутаассир намуд», навишта буд он вақт нашрияи «Asia-Plus». Ногуфта намонад, ки асари аввалинаш «Шаҳри ормонҳои сабз»-ро Гулсифат дар 60-солагиаш навиштааст.
Ғайр аз ин мегӯянд, ки асарҳои Гулсифат дар шаҳрҳои Лондон, Маскав, Ню-Йорк, Вашингтон, Остона, Брюссел, Стокголм, Кембриҷ, Тел-Авив, Калининград, Минск ва албатта дар зодгоҳаш Душанбе муаррифӣ шудаанд.
Чанд сухан дар бораи шарҳи ҳоли Гулсифат Шаҳидӣ.
Падару модараш олимони иқтисодшинос аслан аз Бухоро буда, дар Душанбе кору зиндагӣ мекунанд. Гулсифат дастпарвари шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ба забони русӣ таҳсил намудааст.
— Гулсифат, – мегӯяд журналист Мирасрори Фарғонӣ, – дар факултаи мо аз донишҷӯёни хеле фаъол буд. Сарварии ташкилоти ҷавононро бар дӯш дошт. Бо дипломи аъло хатм намуд. Дар нашрияи ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. Чандин сол дар ширкати телевизионии «Мир» ифои вазифа дошт. Аммо он солҳо пай намебурдам, ки истеъдоди нависандагӣ ҳам дорад.
Имрӯз ӯ аз адибони ҷаҳонии тоҷик ба шумор меравад. Гарчанде дур аз зодгоҳаш зиндагӣ мекунад, мавзӯи зани тоҷик аз мадди назари нависанда дур нест. Вай узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон, Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад. Инчунин адабиётшинос ҳам ҳаст, номзади илмҳои филологист. Имрӯз китобҳояш дар шаш забони дунё чоп шудаанд.
Бинобар ин он маҳфили адабию маърифатие, ки аслан ба рӯнамоии китобҳои ӯ ба забони ӯзбекӣ «Қӯшнижонлар» («Ҳамсояҳои нозанини ман») ва «Аҳриман – зулмат ҳукмдори» («Аҳриман-ҳукмдори зулмот») бахшида шуда буданд, хеле шавқбахшу мутаассир буд. Ин асарҳоро аз забони русӣ Дилфуза Абдумуродова тарҷума кардааст ва зери таҳрири Аҳмадҷон Мелибоев тавассути нашриёти «Само-нашр» ба чоп расидаанд.
Бояд гуфт, ки ҳар ду китоб ба масъалаҳои мубрами оилаи тоҷикон (ин муаммоҳо дар оилаҳои ӯзбекон низ ҳастанд) бахшида шудааст. Муаллифи асар дар воқеаву ҳодисаҳое, ки дар оила ва маҳаллаи тоҷикон рӯй медиҳанд, иштирок кардааст. Гулсифат муаммоҳои оилавиро дар байни ҳаммиллатонаш дида ором нишаста наметавонад. Муаллиф дар интихоби номи қаҳрамонҳо низ эътибори махсус додааст, номҳо аксар тоҷикианд. Дар китоби «Ҳамсоягони нозанини ман» Зебо, Шодӣ, Лола, Марворид, Нигора, Раъно, Даврон, дар «Аҳриман» – Озар Қурбонӣ, Садбарг, Нилуфар, Сарвиноз, Гулчеҳра, Ховар, Парвинхола, Анвар, Фарҳод ва Ширин...
Боз як ҷиҳати муҳим муаллиф аз шеъру ғазалҳои Мирзо Турсунзода дар мавзӯи зан, аз ҳадисҳои шариф, рубоиёти Умари Хайём хеле бамаврид истифода бурдааст, ки онҳо ҳусни асарро боз ҳам афзудаанд.
Асарҳо таваҷҷуҳи иштирокдорони маҳфилро ҷалб намуданд. Онҳо дар Ӯзбекистон чоп шудани ин китобҳоро табрик гуфтанд. Хусусан, сармуҳаррири «Шарқ юлдузи» – «Звезда Востока» Сироҷиддин Рауф, докторони илм Саида Шермуҳаммедова, Ҷаъфар Муҳаммад, ношир аз Лондон Марат Аҳмедҷанов, Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Шер, раиси Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова ва чанд нафар китобшиносон аз муҳимияти ин китобҳо дар ҳаёти маънавии мардум ибрози фикру андеша карданд.
Гулсифат Шаҳидӣ мегӯяд:
– Ба ростӣ, имрӯз барои оилаи мо ҷашн аст. Медонед, ки мусиқа ва сухан ҳамеша тавъаманд. Ин ҷо иштироки ҳамсарам, оҳангсоз Толибхон Шаҳидӣ ба ман нирӯ мебахшад. Шукри Худованд, ки чунин ҳамсар ва фарзандони меҳрубон дорам, ки барои нашри китобҳоям ёрӣ медиҳанд. То имрӯз 32 китобам дар шаш забони дунё чоп шуд. Хеле мехоҳам, ки байни ману хонандагони китобҳоям робитаи мутақобила бошад. Мо якдигарро ба воситаи китоб ва мусиқӣ бояд шиносем. Ман шодам, ки акнун китобҳоямро дар Ӯзбекистон – ватани бобоии мо низ мехонанд.
Дар хотима оҳангсози варзида Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи чандин ҷоизаи байналмилалӣ Толибхон Шаҳидӣ баъди суханҳои дилпазир сари фортепиано нишаста, ба навохтани мусиқӣ пардохт. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева таронаҳоеро, ки муаллифашон Зиёдулло Шаҳидӣ буданд, иҷро намуд. Шунидани таронае бар шеъри Мирзо Турсунзода бо байти:
Хонаи мо он қадар
ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо
манзур нест.
хаёли ҳозирони маҳфилро ба олами завқбахши мусиқии тоҷикии касбии солҳои 70-уми асри ХХ бурд. Инчунин сурудҳои ҳунарпешагони номӣ Марям Сатторова, Аҳмадҷон Дадаев, Абдуллоҷон Раҳимҷонов ба маҳфили онрӯза шукӯҳи хоса бахшиданд.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.