Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба ин кишвар омад.
Дар аэропорти шаҳри Фузулӣ меҳмони олиро муовини якуми Сарвазири Озарбойҷон Яқуб Аюбов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Сарвари давлати мо фардо, 6 июл дар нишасти ғайрирасмии Созмони кишварҳои туркӣ ширкат хоҳад кард.