ВАЗЪИ БОЗОРҲО ОЁ ҶАВОБГӮЙИ ДАВРУ ЗАМОН АСТ?

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона бист бозори деҳқонӣ фаъолият доранд.

 Аз ин шумор бозорҳои деҳқонии шаҳрҳои Фарғона, Марғилон ва Қӯқанд фаъолияти худро ҳамчун «Ҷамъияти саҳҳомӣ»  ба роҳ монда, бозорҳои боқимонда ба мардум  ба сифати «Ҷамъияти масъулияташон маҳдуд» хидмат мерасонанд. 
Аз маълумотҳои таърихӣ бамеояд, ки дар давраҳои начандон дур маҳз бозорҳо, ғайр аз он ки макони савдо ва хариду фурӯш маҳсуб меёфтанд, ҷойи эълони амру фармонҳои ҳокимони давр ва гӯшрас намудани баргузории чорабиниҳои дигар барои мардум дониста мешуданд. Чойхонаву ошхона ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии он бошад, барои суҳбату мулоқот ва аскиягӯии аҳли санъат истифода мегардиданд. Чунин анъана ҳоло низ дар аксар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳияҳо боқӣ мондааст. Одамон ҳанӯз баъди хариди маводи мавриди эҳтиёҷ дар ошхонаҳои он хӯрок истеъмол мекунанд ва ба хонаҳои худ бармегарданд.  

Қобил ба ёдоварист, ки соли 2017 Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тасдиқи барномаи таҷдиди бозорҳои деҳқонӣ ва бунёди маҷмааҳои замонавии савдо дар ҳудуди онҳо тайи солҳои 2017-2019» қарор ба имзо расонидааст. Бар ҳамин асос  панҷ соли охир дар соири шаҳру вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастикам бист бозори деҳқонӣ пурра аз нав сохта шудаанд. 
Бозори марказии деҳқонии шаҳри Фарғона ва шаҳру ноҳияҳои Марғилон, Қӯқанд, Қувасой, Риштон, Сӯх, Тошлоқ, Олтиариқ ва амсоли он пурра бозсозӣ ва ё дар ҷойи дигар аз нав бунёд ёфтаанд. 
– Бозори мо аз растаҳои яклухтфурӯшӣ ва чаканафурӯшӣ иборат мебошад. Ин растаҳо ҳамеша серодам буда, мардум аз ин ҷо меваву сабзавот ва маҳсулоти полизӣ мехаранд. Барои фурӯши кабудиҳои тару тоза, гӯшти гову гӯсфанд ва мурғ, нон ва кулчаву фатирҳои равғанин, маҳсулоти шираворӣ, биринҷ, пиставу бодом, меваи хушк ва амсоли он низ растаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд, – мегӯяд раиси бозори деҳқонии шаҳри Фарғона Тоҳирҷон Нуриддинов.
Вай меафзояд, ки нархи маҳсулоти ба бозор воридшуда дар фасли тобистон хеле арзон мешавад. Ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ барои арзон шудани нархи наво хеле мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, маъмурияти бозор шароит фароҳам овардааст, ки деҳқонони аз атроф омада маҳсулоташонро дар бозор худашон фурӯшанд.
Тоҳирҷон Нуриддинов иброз намуд, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят меваҳое низ фурӯхта мешаванд, ки тоҷирон аз Эрону Чин ва кишварҳои дигари тропикӣ овардаанд. Аммо лаззати бархе аз ин меваҳо дар қиболи меваҳои худамон ягон бартариву афзалиятро соҳиб нест, бо вуҷуди ин интихоб ҳамеша бар ҷониби харидорон хоҳад буд. 
– Дар масъалаи риояи ҳолатҳои санитарӣ чӣ метавон гуфт?
– Кормандони идории бозор талош мекунанд, ки растаҳои бозор ва саҳну атрофи он ҳамеша тозаву озода бошад. Зеро «Тозагӣ – гарави саломатӣ». Ба ин бозорҳо сайёҳони зиёди хориҷӣ низ ташриф меоваранд ва фарҳанги мардуми моро мушоҳида мекунанд, – иброз дошт Тоҳирҷон Нуриддинов.
– Як идда харидорон ба бозор бо мошинҳои худ меоянд. Оё онҳо ба ягон мушкилот мувоҷеҳ намешаванд?
– Баъди бозсозӣ дар саҳни пеширӯи бозор истгоҳи махсус сохта шуд, то ки мизоҷон бароҳат маҳсулоти лозимаи худро харид кунанд. Шароит мусоидат мекунад, ки мардум тавассути мошинҳои мусофирбар, ки дар истоҳи паҳлӯи бозор воқеъ гаштааст, худ ва маводи харидаашонро ба хона интиқол диҳанд, – тазаккуур дод раиси бозор.  
Дарвоқеъ, болои растаҳои меваву сабзавот, нону фатир, кабудиву маҳсулоти полизӣ пӯшида шудааст ва фурӯшандагон ҳаргиз зери барфу борон ва офтоб намемонанд.  Маълум шуд, ки солҳои дароз фурӯшандаҳо дар ҳавои кушод ва павилонҳои аз оҳан сохташуда савдо мекардаанд: дар тобистон аз гармӣ ва дар зимистон аз сардӣ азият мекашидаанд. 
– Ҳоло бубинед, ки барои мо, фурӯшандаҳо чӣ шароити хуб фароҳам овардаанд. Дар муқоиса бо панҷ-шаш соли пеш вазъият хеле беҳтар шудааст. Мо аз ноҳияи Олтиариқ дар ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ иштирок мекунем ва ҳадафамон таъмини мардум бо маҳсулоти тозаву арзон мебошад, – мегӯяд яке аз фурӯшандаҳо, ки худро Раҳимҷон Иброҳимов муаррифӣ намуд.

Дар ин бозор нархи маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту тухм ва амсоли онро чунин тасниф метавон кард, ки тақрибан барои аксари бозорҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят як аст: сабзӣ – 3000-3500 сӯм, пиёз – 3000-4000 сӯм, картошка – 4000-5000 сӯм, карам – 1дона 3000-5000 сӯм, шафтолу – 4000-10000 сӯм, себи ҷавпазак – 3000-8000 сӯм, гелос – 15000-20000 сӯм, анҷир – 35000 сӯм, харбуза – 1кг 3000 сӯм, тарбуз – 1кг 2000 сӯм, помидор – 2500-3500 сӯм, бодиринг – 3000-4000 сӯм, гӯшти мол – 75000 сӯм, гӯшти гӯсфанд – 90000 сӯм, тухм – 800-1500 сӯм, нон – аз 3000 то 7000 сӯм, фатири ҳаҷмаш гуногун – аз 8000 то 30000 сӯм ва ҳоказо.
Дар баъзе бозорҳои деҳқонии шаҳрҳои Қувасой, Марғелон, ду бозори деҳқонии  Қӯқанд, бозорҳои ноҳияҳои Риштон, Сӯх, Олтиариқ, Фарғона, Бағдод, Бувайда, Ӯзбекистон, Данғара, Бешариқ ва амсоли он корҳои бозсозӣ анҷом ёфта ва ё дар арафаи анҷом ёфтан мебошанд. Намо ва дохили бозори деҳқонии Риштон нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст. Барои фурӯши маҳсулоти гуногун растаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. 
Раиси бозори деҳқонии Риштон Исломҷон Орифҷонов мегӯяд, ки нарху навои баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори деҳқонии Риштон дар бо муқоиса бо бозорҳои деҳқонии шаҳрҳои бузурги кишвар ба карат арзон мебошад. Чунки қисмати асосии фурӯшандаҳои онро деҳқонону кишоварзон ташкил мекунанд ва шароит мусоидат намудааст, ки худи онҳо машғули чаканафурӯшӣ шаванд. Аммо дар бозор як идда фурӯшандаҳои доимӣ низ машғули фаъолият мебошанд, ки асосан бо кори хариду фурӯши маҳсулот машғуланд. Онҳо аз ҳамин ҳисоб маишати хонаводагиашонро таъмин мекунанд.
– Ин шафтолуи боғе мебошад, ки ниҳолҳояшро худам парвариш кардаам. Марҳамат, харида хӯред ва лаззат баред. Ҳар килои он панҷ ҳазор сӯм ва бо чунин нарх дар ҳеч ҷо чунин шафтолуи тару тоза пайдо нахоҳед кард. Барои шумо боз арзон карданам мумкин. Касе маро ҷанг намекунад, ки чаро борамро арзон мефурӯшам. Имсол чун соли гузашта ҳосили дарахтони боғамон фаровон аст. Худоро шукр мекунам, ки баракаташро ба болои сари мо резондааст. Анҷиршафтолуҳо ҳам пухта расидаанд ва ҳафтаи оянда даҳ-понздаҳ қуттӣ ба ин бозор бароварда мефурӯшам,-мегӯяд марди 45-50-солаи рухсору ҷабинаш аз офтоби тобистон сиёҳшуда.
– Чаро шафтолуҳоро мисли дигарон умда намефурӯшед? – кунҷковона мепурсам аз ин мард.
– Ман боғ бунёд кардаам, ки бозорҳоямонро аз меваҳои тару тоза фаровон кунам. Зану фарзандонам шафтолуҳоро чида ба мошин бор мекунанд. Ман ин ҷо нишаставу машғули бо нархи арзон фурӯхтани он мебошам. Бозор арзонӣ бошад, баракат меафзояд, – посух медиҳад ин мард ва садо баланд карда, машғули даъвати мизоҷон мешавад. 
Дар растаи умдафурӯшии бозори деҳқонии Олтиариқ одамони зиёд дар назди қуттиҳои пур аз меваҳои зардолуву шафтолу, себи ҷавпазак ва олуи сип-сиёҳ пухтагиву калон-калон навбат истода мехариданд. Ин шояд яке аз бозорҳои арзонтарин дар водии Фарғона бошад. Дар ин фасли тобистон бозор аз сабзавоту меваҳои гуногун лабрез буда, ба мардум он бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мегардад. 
– Ҳама ба маҷмааҳои савдои шаҳри Қӯқанд – «Роҳи бузурги абрешим», «Ризқ-барака», «Қӯқанд савдо» ва «Қӯқанд сохтумон» меоянд ва он ҷо хариду фурӯш авҷ мегирад. Бо истифода аз ин рӯз мардуми ноҳияҳои атрофи шаҳри Қӯқанд низ меваву сабзавот, кабудиҳо ва маҳсулоти дигари худро ба ин маҷмааҳо оварда мефурӯшанд, – изҳор намуд котиби матбуоти ҳокимияти шаҳри Қӯқанд Уғулбек Норбоев.
Фарқи бозори деҳқонии маркази ноҳияи Сӯхи дурдаст аз бозорҳои деҳқонии дигар дар он аст, ки нархи навои маҳсулоти зиёд гаронтар мебошад. Тоҷирону соҳибкорони сӯхӣ маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, мисли помидору бодиринг, харбузаву тарбуз, орду равған, сабзиву пиёз, караму маҳсули обчакории дигарро аз бозору дӯконҳои шаҳрҳои Фарғона, Риштон, Қӯқанд ва амсоли он харида меоранд ва ба мардум мефурӯшанд. Харҷи роҳ онҳоро водор месозад, ки ба болои нархи харидаашон боз харҷи роҳро низ илова карда, бо андак фоида онро ба дасти харидор расонанд.  
Ин афрод бозори деҳқонии маркази ноҳияро, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешавад, инчунин «Сешанбе-бозор» (Ҳушёр), «Панҷшанбе-бозор» (Тӯл) ва «Ҷумъа-бозор» (Обишир)-ро низ бо маҳсулоти тару тозае, ки харида меоваранд, таъмин мекунанд. 
Ногуфта намонад, ки дар бархе аз бозорҳо чандон ба ҳолати санитарӣ эътибор дода намешавад. Партовҳо сари вақт ба ҷои дигар интиқол намеёбанд ва бӯйи он атрофу акнофро гирифта, мунҷар ба бадшавии вазъи экологӣ мегарданд. Дастандаркорони чунин бозорҳо баҳона пеш меоранд, ки корҳои бозсозӣ ва сохтмон давом дорад, барои ҳамин имкони тозаву озода нигоҳ доштани қаламрави бозор аз имкон берун аст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: