НАҚШИ ФАЪОЛ ВА САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАВЗӮЪҲОИ АСОСИИ НИШАСТ АЗМИ КИШВАРРО БА НЕРУИ ПЕШБАР ВА СОЗАНДА ДАР ДОИРАИ СҲШ СОБИТ НАМУД

3-4 июл Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чорабиниҳо дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона ширкат варзид.

Нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай  4 июл ба поён расид, ки Беларус ба узвияти комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шуд. Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон сарони давлатҳои СҲШ Нақшаи ҳамкории кишварҳои узви ин созмон оид ба масъалаҳои таъмини амнияти байналмилалии иттилоотиро тасдиқ карданд ва Изҳороти Шӯрои сарони давлатҳоро дар бораи принсипҳои некҳамсоягӣ, боварӣ ва шарикӣ  қабул карданд. 
Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ нутқ эрод намуда, даъват намуд, ки ба принсипҳои асосии «Рӯҳи Шанхай» риоя карда, муттаҳидии оилаи СҲШ-ро мустаҳкам карда, аз имкониятҳои ба вуҷудомада ҳарчи бештар истифода бурда, принсипи тараққиёти якҷояро пай дар пай татбиқ намоянд. Дар бахшҳои амният, иқтисод, нақлиёт, сармоягузорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳимоя низ як қатор ташаббусҳои дахлдор ба миён гузошта шуданд.
Намояндагони ҷомеаи байналмилалии коршиносон дар шарҳи натиҷаҳои нишасти Остона бар ин назаранд, ки Ӯзбекистон ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъол ва амиқсозии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲШ буда, дар таҳкими субот ва амният дар минтақа нақши калидӣ дорад. 
Роҳбари Коллеҷи давлатии Донишгоҳи илмҳои амалии Мерзебург, профессор Минг Ченг (Олмон):
– Рӯйдоди мазкур нишондиҳандаи назарраси пайравии Ӯзбекистон ба рушди ҳамкории байналмилалии фаъол мебошад. Иштироки сарвари Ӯзбекистон дар ин ҳамоиш нақши муҳими кишварро дар таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди устувор нишон медиҳад. Он азми Ӯзбекистонро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ нишон медиҳад. 
Итминон дорам, ки Ӯзбекистон дар ҳамкории зич бо дигар кишварҳои узви СҲШ минбаъд низ дар таҳкими субот ва амният дар минтақа нақши калидӣ хоҳад дошт.
Дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми Президент Шавкат Мирзиёев дар баррасии масъалаи ташкили бозори умумии иқтисодӣ ва энергетикӣ махсусан муҳим аст. Ӯҳдадориҳо оид ба пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар доираи СҲШ на танҳо ҳамгироии иқтисодӣ, балки суботи иқтисодӣ ва рушди минтақаро мустаҳкам менамояд.
Ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор низ дар ин ҳамоиш аз мавзӯъҳои марказии нишаст қарор гирифт ва Ӯзбекистон бори дигар ҷонибдории худро барои ноил шудан ба устувории экологӣ нишон медиҳад. Бо дастгирии лоиҳаҳои муштараки экологӣ ва стратегияҳои рушди устувор Ӯзбекистон омодагии худро барои ҳифзи захираҳои табиӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим изҳор намуд.
Дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ Ӯзбекистон тавассути пешбурди табодули фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои башардӯстона байни кишварҳои узв нақши муҳим мебозад. Ин кӯшишҳо ба амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ, таъмини ояндаи осоишта ва шукуфони минтақа мусоидат мекунанд.
Густариши СҲШ, шомил шудани узви наве чун Беларус ва ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ аз ҷониби Ӯзбекистон низ истиқбол шудааст.
Хулоса, мо ошкорбаёнӣ ва омодагии кишварро ба ҳамкорӣ бо аъзо ва шарикони нав барои таҳкими ваҳдат ва неруи созмон мебинем.
Нақши фаъоли Президент Шавкат Мирзиёев ва саҳми ӯ дар мавзӯъҳои марказии нишаст азми Ӯзбекистонро ба неруи пешбар ва созанда дар доираи СҲШ собит месозад.
Мушовири калони президенти Институти муносибатҳои байналхалқии Венгрия Ласло Ваш:
– Иштироки Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои нишасти СҲШ дар Остона ва мулоқотҳои дуҷонибаи вобаста ба он аз нуқтаи назари сиёсати хориҷии бисёрҷонибаи кишвар аҳамияти бузург дорад.
Ӯзбекистон узви фаъоли СҲШ аст ва аз ин лиҳоз васеъ гардондани ин созмон нақш ва аҳамияти Тошкандро афзоиш медиҳад. Платформаи ҳамкории Шанхай ба равандҳои ҳамгироии Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад, ки Ӯзбекистон дар онҳо хеле фаъол аст. Ҳамин тавр, роли асосии он дар раванди минтақавӣ мустаҳкам мегардад.
Илова бар ин, ҳадафи муҳими стратегӣ мустаҳкам кардани иқтисодиёти Ӯзбекистон мебошад, ки қувваи пешбарандаи он ба ҷуз аз сиёсати хориҷӣ ва равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, ки дар боло зикр гардид, аҳамияти рӯзафзуни «Долони миёна» мебошад.
Аммо Тошканд на фақат иштирокчии ногузири системаи муносибатҳои Шарқу Ғарб, балки дар навбати аввал ба шарофати системаи прогрессивии муносибатҳо бо Афғонистон калиди муносибатҳои Шимолу Ҷануб ҳам мебошад. Мустаҳкам шудани СҲШ барои ҳамаи ин лоиҳаҳои Ӯзбекистон заминаи мувофиқи амниятро фароҳам меорад.
Директори Пажӯҳишгоҳи тамаддуни исломии Малайзия Фариза Шам:
– Ӯз-бекистон ҳамчун муассис ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай дар муайян кардани стратегияи минбаъдаи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ин созмон мавқеи махсус ва пешбарро ишғол мекунад.
Аз ҷумла, аз соли 2017 инҷониб Президенти Ӯзбекистон барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистика, инноватсия ва ғайра 91 ташаббус пешниҳод кардааст. 75-тои он аллакай иҷро шуда, 16-тоаш дар арафаи татбиқ мебошад.
Бартарии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар он зоҳир мешавад, ки ташаббусҳои аз ҷониби Тошканд дар доираи СҲШ пешбаришуда, ки ба рушди устувори минтақа нигаронида шудаанд, ба манфиатҳои миллии кишварҳои узв комилан мувофиқанд, ба туфайли он аз ҷониби тамоми иштирокчиён дастгирӣ ёфтаанд. Кишвар инчунин ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, робитаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Нишасти кунунии СҲШ истисно набуд, ки дар ҷараёни он раҳбари Ӯзбекистон аз тамоми ширкаткунандагон даъват кард, ки дар шароити ташаннуҷи геосиёсӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо ба принсипҳои асосии ин созмон содиқ бимонанд. Бо ташаббуси ӯ сарони кишварҳои узви СҲШ Нақшаи ҳамкории кишварҳои узви созмонро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва Изҳороти Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи принсипҳои ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ тасдиқ карданд.
Воқеан, имрӯз СҲШ ба як созмони мукаммал ва бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки бузургтарин бозигарони сиёсӣ ва иқтисодии минтақаро, ки қодиранд ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсир расонанд, муттаҳид мекунад. Платформаи он ба нигоҳ доштани муколамаи баробари сиёсӣ ва табодули афкор аз рӯи доираи васеи масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ бо кишварҳои асосии узви он мусоидат мекунад.
Итминон дорам, ки ташаббусҳои нави калидӣ, ки Президенти Ӯзбекистон эълон кардааст, ба фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои қабули қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳим дар чаҳорчӯби нишастҳои СҲШ мусоидат хоҳад кард.
Профессори Донишкадаи тадқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи забонҳои хориҷии  Ханкук Ким Санг Чхол (Ҷумҳурии Корея):
– Созмони ҳамкории Шанхай дар тӯли 23 соли рушди худ ба манзури таҳкими сулҳу амният дар минтақа доираи фаъолият ва фазои ҳамкориҳои худро ба таври қобили мулоҳиза тавсеа бахшида, инчунин тавонистааст эътирофи байналмилалӣ ба даст оварда, ба як платформаи муассир барои ҳамкории бисёрсоҳавӣ табдил ёбад.
Саҳми муҳим дар ин дастовардҳо ба Тошканд тааллуқ дорад, ки барои дастгирии институтсионалии фаъолияти созмон саъю кӯшиши зиёд кардааст ва онро идома медиҳад.
Ҳамоиш дар Остона ва додани мақоми узвияти комил ба Беларус як навъ рӯйдоди таърихӣ дар густариши «оила»-и СҲШ мебошад. Ҷуғрофиё ва доираи созмон ба таври назаррас васеъ мешавад, ки ин боиси афзоиши назарраси потенсиал ва эътибори байналмилалӣ мегардад.
Тошканд ба таври анъанавӣ на танҳо ба масъалаҳои тиҷорати электронии фаромарзӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, долонҳои нақлиётӣ ва энергетикаи «сабз», балки ба мушкилоти Афғонистон, ки ба таври ҳақиқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва вазъ дар ин кишвар, ки ба суботи минтақа бевосита таъсир мерасонад, эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Ман ташаббуси Президенти Ӯзбекистонро комилан ҷонибдорӣ мекунам, ки дар шароити кунунии пешгӯинашаванда ва душвор муколама бо Кобул бо минбаъд барқарор намудани кори Гурӯҳи тамоси «СҲШ – Афғонистон» зарур аст.
Пешниҳод дар бораи ташаккули системаи фарогири нақлиёт дар хатти «Шарқ-Ғарб» ва «Шимол-Ҷануб» сазовори таваҷҷуҳи махсус аст, ки ба рушди босамари иқтидори иқтисодии кишварҳои СҲШ мусоидат мекунад ва имкон медиҳад ҳамлу нақли бор зуд, сарфакорона ва бехатар анҷом дода шавад.
Пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи Шарқии тадқиқоти стратегии Эрон Омид Раҳимӣ (Эрон):
– Ӯз-бекистон аз замони таъсиси он яке аз муҳимтарин кишварҳои узви СҲШ мебошад.
Ин ба нақши геосиёсии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вобаста аст. Мо медонем, ки Ӯзбекистон дар маркази минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, дар таҳкими пайвастагии онҳо нақши муҳим мебозад.
Кишвар инчунин дорои мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ буда, равияҳои фарҳангиро муайян мекунад. Аз соли 2017 Ӯзбекистон дар нишастҳои сарони СҲШ, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирокашро фаъол кард ва  дар самтҳои гуногун ташаббусҳои муҳим ба миён гузошт.
Аввалин ва муҳимтарин ташаббус ба нақлиёт ва логистика дахл дорад. Масалан, мо дар бораи долони Трансафғон шунидаем, ки метавонад ба сулҳу шукуфоии Афғонистон таъсири ҳалкунанда расонад ва ба рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни кишварҳое, ки ба баҳр роҳи бевосита надоранд, мусоидат кунад.
Мо дар Ӯзбекистон шоҳиди дастгирии инноватсия ва соҳаҳое,  ки аз  инноватсияҳо, аз қабили стартапҳо асос ёфтанд ва роҳандозии равобити хуби байни кишварҳои СҲШ дар ин самт гардидем.
Узвияти Эрон ба СҲШ дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар ин созмон ба итмом расид ва илова бар ин, ин кишвар дар таҳким ва пешбурди СҲШ нақши муҳим ва ҳалкунанда бозид.

АИ «Дунё».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: