Мутахассисон бар онанд, ки хосса фасли тобистон барои парвариши зироати пахта давраи муҳим маҳсуб меёбад.
Дар ин давр саривақт обёрикунӣ, нуриҳои маъданиро додан, атрофи қатори ниҳолҳоро ҳамвору нарм кардан аз вазифаҳои асосии кишоварзон ба шумор меравад.
Соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Ҷиззах ба 82 100 гектар замин кишти пунба кишт карданд.
Алҳол дар зиёда аз 28 000 гектар замини пахта ниҳолҳо ба гулкунӣ даромадаанд. Дар қисми боқимонда дар ҳолати сабзиш ва рӯ ба гулкунӣ мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки айни замон кишоварзон дар саҳроҳо корҳои агротехникиро ба амал меоранд, ғизо медиҳанд, обёрӣ менамоянд ва култиватсия мекунанд. Ин гуна корҳо пеш аз ҳама барои хуб нашъунумӯъи ниҳолҳо, нарм шудани хоки замин оварда мерасонад ва онҳо ба қадри кофӣ ғизо мегиранд. Аз ҷониби дигар пошидани нуриҳои химиявӣ аз касалиҳо ва зараркунандаҳо нигаҳ медорад.
Назар ба маълумотҳое, ки аз идораҳои хоҷагии қишлоқ тақдим намуданд, дар миқёси вилоят 1325 адад култиватор дар майдонҳои пахта ҷавлон мезананд. Бо ёрии онҳо рӯзе то 7124 гектар байни қаторҳо шаш-ҳафт маротиба нарму ҳамвор карда мешавад.
– Мо майдонҳои пахтаи 2212 хоҷагии ба пахтакорӣ ихтисосёфтаро мунтазам таҳти назорат гирифтаем, – мегӯяд сармутахассиси садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» Санҷарбек Мирзокаримов. – Фаровонии ҳосил ба ҳаракати имрӯза вобастагии қавӣ дорад. Беҳуда нагуфтаанд: ҳаракату баракат. Ба 1320 нафар сарварони хоҷагиҳои фермерӣ номаҳои огоҳикунанда, ба 375 нафари дигар тавсияҳои хаттӣ аз тарафи идораи мо дода шуд.
Тавре ки мутахассисони соҳа мегӯянд, дар ин мавсими долузарб ба ҳар як гектар замин то панҷ тонна нуриҳои маҳаллӣ пошидан ва сипас ба тарзи шарбат обёрӣ намудан айни муддаост. Дар натиҷа фаъолияти микроорганизмҳо дар таркиби хок то панҷоҳ фоиз афзун мегардад.
Дар ноҳияҳои Шароф Рашидов, Пахтакор, Дӯстлик, Арнасой, Мирзочӯл, Зафаробод ва Зарбдори вилоят пахта парвариш карда мешавад. Дар ин майдонҳо кишоварзон ба фасли тоқатфарсои гармо нигоҳ накарда, барои рӯёнидани ҳосили фаровон арақи ҷабин мерезанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.