Ба наздикӣ дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро бинои нави Маркази маърифат ва маънавият ба истифода супорида шуд.
Лента бурида шуд ва ҳозирон вориди бино шуданд. Бино дорои толори маҷлис барои 120 ҷой, китобхона ва утоқи кории расмӣ мебошад. Дар китобхона қатори адабиёти ҷаҳонӣ, китобҳо дар забони давлатӣ, инчунин китоби «Ояти сабз»-и Муҳаммадҷон Шодиев ҷой дошт, ки кам бошад ҳам барои шайдои каломи бадеи аҳли Шофиркон, ки нисфи аҳолии он тоҷиконанд, хурсандиовар буд.
Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи ШОФИРКОН.