ЯРМАРКАИ МЕҲНАТ ДАР РОМЕТАН

Бо мақсади мададрасонӣ ба онҳое, ки ҷои корӣ надоранд, дар мактаби рақами 12-уми мусиқӣ ва санъати бачагонаи ноҳияи Рометан ярмаркаи меҳнатии навбатии ҷойҳои холии корӣ ба амал омад.

Дар тадбире, ки аз тарафи ҳокимияти ноҳия, шуъбаи маҳдуднамоии камбағалӣ ва кумакрасонӣ  ба бо шуғлфарогирӣ, инчунин бюрои иҷрои маҷбурии ноҳия созмон ёфт, 45-то корхона, ташкилот ва муассисаҳои ноҳия бо қариб 600 ҷойи кории холии худ иштирок карданд. 
Дар он сокинони маҳаллаҳое, ки муваққатан бекор мондаанд, шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, бонувону ҷавононе, ки дар манзили худ бедаромад мондаанд, иштирок карданд. Мутасаддиёни ташкилоту корхона ба ҷамъомадагон дар бораи ҷойҳои холии кории худ маълумот доданд. Ҳамин тариқ, 17 нафар мувофиқи хоҳиши худ соҳиби кор шуданд. Инчунин 28 нафаре, ки худро бо шуғл банд кардааст, ба қайд гирифта шуд. 9 нафар ба таълими касбӣ равона шуда, ба 4 нафар чун хоҷагии деҳқонӣ замин ҷудо гардид. Ба ғайр аз ин ба даҳҳо шаҳрвандон маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд ва 59 нафар бо кор таъмин гардид.
Дар тадбир ба оилаҳои эҳтиёҷманде, ки аз маҳаллаҳо интихоб шудаанд, дар асоси кредитҳои имтиёзнок аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ сечархаҳои боркашон, мотокултиватор, асбобу анҷомҳои сартарошхона, ҷиҳозҳои нонвойӣ, мошинҳои дарздӯзӣ ва дастгоҳҳои хурд супурда шуд.
Масъулони корхонаи истеҳсолоти техникаи маишии «ARTEL», ки дар шаҳри Бухоро фаъолияташро оғоз кардааст, 20 нафар хоҳишмандонро интихоб намуда, бо онҳо аҳдномаи меҳнатӣ таҳия кард.

А.АВЕЗОВ,
мухбири «Ово
зи тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: