Тахайюли инсон беохир аст.
Ин беохирӣ метавонад асрореро, ки аз ақли инсон берун аст, ошкор созад. Ин беохирӣ рӯҳияти инсонро ба паҳлуҳои беканор ба сайру саёҳат даъват мекунад, ба замонҳое, ки мову шумо надидаем ва намедонем, мебарад ва метавонад дар он макон сохта, фазои мулоҳиза ва мушоҳидаро фароҳам оварад.
Бузургоне, ки боиси ба вуҷуд омадан ва идома ёфтани тамаддунҳои бузург дар марзҳои бепоён шуда, умр ба сар бурдаанд, ҳамеша Офаридгорро васф намудаанд. Баҳри тараннум кардани васфи Ӯ, пеш аз ҳама дарк намудани Ӯ камарбаста ва дар ин роҳ ба душвориҳо дучор шудаанд.
Симо ва сурати дарки Офаридгор дар тамаддуни ҷаҳонии Шарқу Ғарб беназир буд. Аммо дар Шарқи зебоманзар шинохту дарки Ӯ дигар хел гузашт. Сарфи назар аз он, ки чунин падидаҳои фаҳмиш дар илм, дин, санъат ва адабиёт алоҳида шарҳ дода мешаванд, ҷаҳони ислом, ки дар фазои Шарқ дар асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст, дар тасаввуф паҳлуҳои шабеҳро таҷассум кардааст.
Чун дини ислом дар адабиёти он низ суннати салафиҳоро идома дода, боз ҳам ғанӣ гардонидан ва сайқал додан, бо эҳтиром ба пайроҳаи онҳо пайравӣ кардан ва дар давоми тай намудани ин роҳ пас аз покӣ ва поксозӣ ба мақоми камолот расидан лозим аст.
Чунин силсилаи салафиҳо дар олами ислом бардавом аст. Дар ин маврид низ домани салафро халаф бо мурури замон аз рӯйи ҳолати рӯҳиаш, ки ҳатто аз он хабар надошт, нигоҳ дошта бошад. Дар чунин ҳолати ӯ мафҳуми замон ва макон мақоми худро комилан гум кардааст. Дар ин сурат дар табиати солик хоҳиши муриди ғоибона шудан ба пир пайдо мешавад ва барои расидан ба ин хоҳиш кӯшиш мекунад. Чунин насабҳо дар таърихи ислом хеле зиёданд, ки аз онҳо Алишери Навоӣ (1441-1521) ва пири ӯ Фаридиддуни Аттор (1145-1230) мебошанд. Яке аз онҳо муаллифи достони «Мантиқ-ут-тайр» ва дигаре «Лисон-ут-тайр» (1498-99; «Забони мурғон») аст, ки ба чандин забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Ҳардуи ин осор тасаввуфӣ буда, бо вуҷуди он ки шеваи баён дар онҳо гуногун аст, бо ягонагии мантиқ ва тартиб якдигарро таъкид ва пурра мекунанд. Алишер Навоӣ, ки аз овони ҷавонӣ достони «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридиддуни Атторро бо шавқу ҳавас мутолиа ва ҳатто аз ёд мекард, «Лисон-ут-тайр»-ро танҳо дар овони пирӣ, пас аз он, ки ин роҳро тай карда, моҳияти тариқатро дарк кард, менависад. Ҳадафи аслӣ аз таълифи ҳарду ҳамоса тавзеҳот ва асоснок кардани мақоми инсони комил тибқи тариқати исломӣ ва ташвиқи мардум ба он аст. Ин мавзӯъ, ки бо мурури замон ба гунаҳои мухталиф тафсир шудааст, абадӣ ва ҷовидона буда, дар тӯли садсолаҳо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои адабиёти классикӣ ҳифз ва бо меҳру муҳаббат мутолиа мешавад.
Айнан ҳамин мавзӯъ тавассути рангҳо дар эҷодиёти Зебинисо Шарипова тафсир шудааст. Мусаввир аз ин асарҳои адабӣ илҳом гирифта, як қатор асарҳои рангтасвир офаридааст. Инчунин манзилҳои тариқат, баъзе қиссаҳое, ки моҳияти онҳоро ошкор мекунанд, бо забони рангҳо низ баён шудаанд.
Нахустини онҳо «Водии талаб» ном дорад. Дар он мӯйсафеде дастони худро ба дуо кушода, ба Аллоҳ муроҷиат мекунад. Вай аз сифати худ гузашта мехоҳад ба васли ӯ бирасад. Ва бо ҳамин хоҳиш ба водии талаб мебарояд. Ин танҳо қудрати хоҳишест, ки ҳоло дар роҳи талаб роҳҳои рангорангро кашф кардааст. Талабгор вақте ки аз он мегузарад, толибилмон гӯё дар рӯйи дарёи мавҳум ба сӯйи макони номаълуми коинот саъю кӯшиш мекунад, онро талаб мекунад, (воқеан, ин дараҷаҳо маълуманд, вале ӯ шахсияти худро торафт фаромӯш мекунад). Ҳамин ки роҳи талаб ба сӯйи талабгор боз шавад, мурғи ҷони ӯ низ кӯшиш мекунад, ки ҷисмашро тарк кунад, яъне моддияти он дар тасвир, ки ду дасти талабгор ба дуо кушода шуда, ба уммони нестӣ медарояд ва дар шакли ду бол аст, нишон дода шудааст. Вақте мо болҳои мурғи рӯҳро, ки ҳастии худ (ҷисмро) тарк мекунад, мебинем, ки рангҳои гуногун дар онҳо мавҷ мезанад ва дар вақти ин мавҷ бо баробари расидани рангҳо ба сафед (покӣ), сиёҳи сурхтоб (ба ишқ), арғувонӣ (афзоиши майл), бунафш (болоравии ишқ) мурғи ҷон аз замин ҷудо мешавад ва барои тарки тан омода мешавад. Тайёрӣ ба тарзе баён шудааст, ки шахсе, ки онро ботинан эҳсос мекунад, ба ҷисми толибе, ки ба ҷустуҷӯйи симурғ баромадааст ва бо хоҳиши ӯ омехта шудааст, шояд дарк накунад. Зеро он дар як лаҳза, зуд ба амал меояд ва аз мушоҳидакор фаҳмиши тезро талаб мекунад.
Ба таври секунҷа ва печида сохта шудани композитсияи асар талабро боз ҳам зиёд мекунад. Гӯё даъвогар аз водии талаб меравад, чунин таассурот медиҳад, ки вай бо суръати тез аз беканориҳои номаълуми коинот мегузарад. Бесабаб нест, ки дар композитсия қисми сари тасвиршаванда ифода ёфтааст, охир вай бо талаби симурғ дар фалак аз танаш мегузарад. Дар он замон фақат андешаҳое ҳастанд, ки дар зеҳнаш маълуманд, хаёли ӯ бо симурғ банд аст, ки дар бадани муваққатиаш наёфтааст, ки онро ҳудҳуд – пешвои паррандагон тасвир кардааст. Фикру тасаввуроти дигар барояш бегона, на танҳо тасаввурот, ҷисмаш ба худаш бегона... Дар ҳолати дуо будани дастони толиби Худо нишонаи он аст, ки банда дар баробари дуо кардан ба Офаридгор, беихтиёр дастонашро бардошта, аз Ӯ эҳтиёҷоти худро мепурсад. Чеҳраи пирамард низ, чашмони ба боло нигоҳкарда ба сӯйи Ӯ нигаронида шудааст. Чашмони ӯ мавҳумтар ифода ёфтааст, аммо вай ҳам далели нилгун. Чашмоне, ки аз баёни ниҳоии фаҳмиши рӯҳ пур шуда, дар ин сонияҳо як лаҳза ҳам зебоии Ӯро дидан мехоҳанд ва дидани чизе дигар маъно надорад...
Вақте ки солик дар хоҳиши дидани симурғ аз водии талаб мегузарад, хоҳиши ӯ боз ҳам бештар мешавад ва ақлу ҳушашро гум мекунад. Барои ӯ на танҳо мафҳумҳои замону макон, балки сонияҳои фаромӯшии худ торафт наздик шуда, ба «Водии ишқ» қадам мегузорад. Дар ин ҳолат дар рӯҳи солик ғазаб зиёд мешавад, вай дар ашку оташ мемонад. Дар ин ҳолат, дар ин дақиқаҳо тан ва рӯҳи ӯ ба гулхани ишқ пайваста, гӯё бо тамоми коинот ба оташ медарояд. Вай на худаш, на ҳастиро дарк мекунад, на танҳо дарк, балки барои вай тамоми ҳастӣ шакл ва моҳияти худро гум мекунад...
Композитсия танҳо аз арғувон ва сурхи торик ташаккул ёфтааст. Дар ин маврид кодҳои асарҳои адабӣ бо рангҳо ифода карда мешаванд. Дили ошиқ, ки шароби ишқи илоҳӣ нӯшидааст, гӯё аз ишқ метапад. Маълум аст, ки диле, ки зоҳиран хеле шод ва ё аз чизе метарсад, шикофта ва аз он хуни сурхи тира мебарояд. Дар сонияҳои ишқи илоҳӣ ҷинси ягонаи илоҳӣ наметавонад ба чунин лаззат, ба чунин ғазаб, ба чунин тарсу ҳаяҷон тоб оварад...
Қаҳрамони водии ишқ дар симои ҷавонмард таҷассум ёфтааст. Он бешубҳа моҳияти худро дорад. Магар шавқу ҳаваси ҷавонмарди ба синни балоғат расида, пур аз лаззатҳои марҳилаи зиндагии инсон нест, талабу хоҳишҳо ба ҷунбиш омадаанд ва чаро ҷисму рӯҳи ҷавоне ба ҳар коре қодир нест? Дар чашмони ӯ як нигоҳи мустақим ба ишқи илоҳӣ дида мешавад. Охир, орзуи ҷавон ишқ набуд? Магар аз ишқ ба водӣ нарафтааст? Чаро аз ӯ битарсад, чаро ба ошиқонаш нигоҳ накунад? Аслан агар дар ин лаҳзаҳо ба ӯ гӯяд, ки «агар ишқ бошад интиқом, ба рехтани хун мешавад асос», магар ошиқ ба онҳо намегӯяд: «Он қадар ишқ рехт, ки хуни ман, ҷони ман, парвои теғи каси дигар надорад?» Дар ин сонияҳо на аз хун, на аз теғ ва на аз ҷон хабаре дорад. Ҳама ҳастиро дар ишқи маҳбубаш фаромӯш кардааст, дар худ гум шудааст, девонаи «маҷнун» аст.
«Водии ишқ» низ чун солик аз манзили тариқат гузашта, мисли мавҷудият, нестӣ, ибтидо ва интиҳои ҳама чиз, ба охир расид.
Ба охир расид, аммо пас аз ин қадар талафот ба худ меояд ва мефаҳмад, ки барои пайдо кардан ва расидан ба Симурғ, ки сарчашмаи хоҳиши ӯ шудааст, бояд хислатҳои ӯро ҷустуҷӯ кунад ва ин хоҳиш ӯро ба сӯйи «Водии маърифат» мебарад.
Дар осори рангтасвир «Водии маърифат» ба воситаи образи хирадманди куҳансол шарҳ дода шудааст. Донишманд «куртаи сафеди маърифат» пӯшидааст. Гӯё маърифат худро дар симои шайх таҷассум мекунад.
Басирати ӯ фарохтар кушода шудааст, ки худро тамоман маълум мекард. Касе, ки талабгори ман аст ва аз мушкилоти муяссари ман гардидан натарсад, ман муқобил нестам, марҳабо ман – маърифатро аз худ намоед, мисле ки мегӯянд, аз ман барои амали нек истифода баред. Саллаи сари донишманд ба исломӣ будани маърифат, дароз будани риши ӯ бошад, ишора ба азаливу абадӣ будани маърифат аст.
Композитсияи асар бо гаммашуъоҳо — омезиши рангҳои сафед ва нофармону бунафш тобиш меёбад. Дар ин ҷо ранги сафед ранги асосӣ буда, ба ғайр аз ранги маърифат будан, дигар вазифаҳоро низ дар худ муҷассам сохтааст. Бо чашми одӣ дар ранги сафед вуҷуд доштани ҳамаи рангҳоро дидан имконнопазир аст. Балки ин ишора ба симурғ бояд бошад, ки дар ниҳояти водиҳо лона гузоштааст...
Ғайр аз ин, дар қисми болои тарафи чапи композитсия байте аз «Мантиқ ут-тайр»-и Фаридиддуни Аттор оварда шудааст:
Лоҷарам бас раҳ, ки пеш
омад падид,
Ҳар яке бар ҳадди хеш
омад падид.
Боз як унсури рамзии асосии асар китоб мебошад. Он тафсири худро зарур намешуморад, ҳарчанд бе китоб илму маърифати ҳеч яки мо низ намебуд... Бояд таъкид намуд, ки роҳи маърифат пурмашаққат буда, бузургоне будаанд, ки дар ин роҳ пешпо хӯрданд, бо қувваи сидқу вафо ва ҷидду ҷаҳд мӯҳр ба ҷовидонӣ заданд, бо шарофати он азалӣ будаанду абадуддаҳр монданд.
Солик, ки роҳи маърифатро интихоб намуд, ӯро соҳиб гашта, рӯ ба водии навбатӣ — «Водии истиғно» нигошт. Истиғно чунин водист, ки дар он ҳолати даъвогар ва ҳаракати ӯ аз нав тағйир меёбад. Акнун ӯ симурғро натанҳо тасаввур карда метавонист, балки дар бораи ӯ дониши маърифатӣ низ дошт, илме дошт, ки дар пайдо кардани хилқати ӯ кумакрасон буд. Аммо афсӯс, ки ҳолати солик чанде абгор аст. Тезутундӣ дар кайфият, девонагӣ, парвози озоди мурғи илоҳиро мебинем. Дар тасвир ӯ завлонаро шикаста, боз болотар парвоз мекунад. Хоҳиши ӯ чунон қавӣ аст, ки чизи халалрасонро дар роҳ барбод месозад. Агар бикӯшад, барои ӯ ноқулаӣ ва ё ҷойи ноҷоиз нест, магар ин ки аз баҳри ҳамааш гузашта, ба сӯйи симурғ, ки халоскори илоҳӣ ва чун ҷон муқаддас аст, мешитобад. Охир дар назди кулл ҷузъ чӣ гуна арзиш дорад?
Як пой ва ду дасту тамоми ҷасади ҷавонмарде, ки сӯйи водии Истиғно мешитофт, аз замин барканда мерафт. Қадду қомати ӯ чунон барҷаста буд, ки аз ӯ ба ғайр аз камолот сифати дигарро набояд ҷустуҷӯ кард. Хоҳиши камолот дар ӯ чунон баланд буд, ки аз водиҳо бо шиддат мегузашт. Аммо бо эътибор нигарем, як пойи ӯ дар замин аст. Ин чунин маънӣ дорад, марде, ки ба сӯйи комилӣ бо ҷидду ҷаҳд қадам мениҳод, аз насли одам буд. Яъне ишора ба камбудии нозуки одам, ки «олитарин офаранда»-и Офаридгор, ҳатто «халқе, ки Азозилро барои саҷдааш фармудаанд» мебошад. Ё худ барои нафс ба замин ронда шудани ӯ шояд ишора ба аз хок офарида шудани замин бошад!? Чи хеле ки набошад, ӯ кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҷони худ – мурғи илоҳиро озод бикунад. Сидқу вафо ва ҷидду ҷаҳди ӯ чунон ба ваҷд омад, ки ӯ албатта аз ӯҳдаи ин мебарояд...
Композитсияи асар, ки дар асоси амудӣ (вертикал) ва илтиво (морпеч, спирал) сохта шудааст, маънои зиёдро дар худ нуҳуфтааст. Ҳаракати илтиво кӯшиш ба болоравӣ, ба сӯйи солик рафтани симурғ, роҳ ба сӯйи комилӣ мебошад. Маънои дигараш он аст, ки инсон ҳамеша бо ҷисми худ ва ё бо афкору тасаввур ба болоравӣ мекӯшад.
Ҳолати баъдинаи солик ӯро ба «Водии тавҳид» мебарад. Дар ҳамин нукта бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки калимаи «тавҳид» аз забони арабӣ ду маъниро дорад. Маънии аввали он «ҷамъшавӣ» бошад, маънии дигараш «яккашавӣ», «ягона» аст. Вақте солик вориди марзи тавҳид мешавад, аз шароби илоҳӣ нӯши ҷон карда, сархуш мегардад. Дар ин ҳолат ӯ бо Офаридгор мепайвандад ва ё дар айни замон дар андешаи «ман танҳо ҳастам» мешавад. Дар тахайюл мусаввир худро дар Водии тавҳид мебинад. Албатта, ин маънӣ ва рамзи худро дорад. Аввал ин аст, ки эҷодкор, табиист, мехоҳад дар Водии тавҳид танҳо худро бубинад. Бо диққат нигарем, чунин роҳро ба маънои модӣ худи эҷодкор тай менамояд. Ӯ танҳо. Дуюм ин аст, ки дар эҷодкор вақти эҷод «рӯҳияти танҳоӣ» мешавад. Дар чунин маврид мавҷуд будани шахси дигар дар тафсири мавзӯи илоҳӣ ба эҷодкор халал мерасонад. Боз чунин мазмун низ дорад, ки калимаи «тавҳид» маънои «ягона»-ро дошта, шахси ягона ба шахси якуми «ман» рост меояд. Дар айни замон эҷодкор дар танҳоӣ аз паи табъ ва хоҳиши тафсири «ман»-и худ аст. Чунки эҷодкор мехоҳад ва ё на – иштирокунандаи воқеаи тавсифшаванда мегардад. Бо баланд гардидани хоҳиш ба қаҳрамони асосӣ табдил меёбад.
Рангҳои водии Тавҳид гуногун, ҳолат нуҳуфта, намуди он қариб, ки мавҳум аст. Таъкид намудем, ки муаллиф - рассом дар водӣ худро тасвир намудааст, аммо бо диққат нигарем, дар ин ҷо симоҳои «бегона» низ ба назар мерасанд. Бо як нигоҳ ӯро шинохтан мумкин аст, ки ӯ худи муаллиф аст, аз нуқтаи дигар нигарем, намедонем, ки ӯ кист? Ӯ «кулл» мебошад, ки дар худ одам, мурғ... ёки махлуқоти дигари Офаридгори барои мо номуайянро ҷамъ овардааст. Гуногун аст, яъне аз рӯйи рангу сифату ҳолат мураккаб. Фаҳмидани шумо душвор мешавад, ки тавсифшаванда яккаву ягона, яъне «ман»-и худро тафсир менамояд ёки бо хоҳиши Офаридгор бо ӯ мепайвандад.
Композитсия дар шакли секунҷа сохта шуда, моҳияти он боз ба боло, ба арши аъло, ишора ба ҷониби симурғ, инчунин назар ба ҳолати ӯ боқатъият, мустаҳкам ба назар мерасад.
Вақте ба «Водии ҳайрат» омада мерасад, ҳолати ториқ тамоман ранги дигар мегирад. Дар он ҳама чиз ҳайратовар, баҳайбат, ё ки зебо ва мукаммал, ки боварии кас намеояд. Он ҳамин хел водӣ, ки ба таърифаш забон лолу ақл кӯтоҳ.
Ин гуна вазъият бештар ба бачагии беғубор хос. Кӯдакон ба чизҳои дар наздашон буда бо тааҷҷуб нигоҳ мекунанд, онҳо сода ва беғуборанд, аз ин боис тааҷҷуби худро пинҳон карда наметавонанд. Тааҷҷуб инчунин, хоси куҳансолон аст, чунки онҳо пурдида, таҷрибаашон зиёд мебошад. Барои ҳамин аз чизҳои ноодатӣ чун кӯдакон ба ҳайрат меафтанд.
Табиати кӯдак софу беғубор ва беолоиш аст. Куҳансолон бошанд, аҷаб нест, ки аз балои нафс акнун халос шуда, аз олоишҳо тоза шуда бошанд. Назар ба ин дар водии ҳайрат тасвир кардани пиру куҳансол айни муддао.
Куҳансол як роҳгузари одӣ ё ин ки донишманди бузург низ шуданаш мумкин.
Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳама чизро донистам, фаҳмидам ва ниҳоят ҳис кардам, ки ҳеч чизро намедонам». Илмҳои дунёвии инсон, ки дар давоми умр азхуд кардааст, баъди донишманд шудан оё дар назди илмҳои илоҳӣ чизе шуда метавонад?! Шояд дар назди он илме, ки донишманд то пир шудан ҷамъ кардааст, симо, ақлу заковати комил, зебоии бемисли симурғ ӯро дар ҳайрат монондааст?!
Балки дар давоми умр ғарқи фикру андешаи худ шуда, баъди ба суроғи симурғ ба роҳ афтидан, тай намудани саҳроҳо ва воқиф шудан аз сирру асрори мӯъҷизаофари онҳо дар тааҷҷуб мондааст... Ҳолат, ҳаракат, чашмони калон-калон кушодаи ӯ Ҳайратро ифода мекард.
Гузоштани болҳои мӯйсафед ишора ба паррандаи илоҳӣ аст, аммо онҳо ҳам мисли кӯҳҳои азиме ҳастанд, ки ба дараҷаи ҳайратовар бузурганд.
Донишманд ба чизҳое, ки ақл бовар намекунад, ба воқеаҳои шоҳидшудааш бо даст ишора карда истодааст.
Гӯё тааҷҷуби худро баён карда наметавонад, дар пайдо кардани як ҷумла талош мекунад, тааҷҷуб ва ҳаяҷон он қадар сахт аст, ки аз ҳуш рафтааст, беқувват аст...
Водии охирин, ки дар «Мантиқ-ут-тайр» ифода ёфтааст, «Водии фано» ба шумор меравад. Воқеаи водии Фано нуқтаи кулминатсионии асар буда, «вақте дар тасаввуф ба мақоми марг (фано) мерасад, дар андешаи адолат ва бузургии Худованд ғарқ мешавад ва ҷамъи чизи дунёи фониро фаромӯш мекунад. Фано – бо роҳи аз худ дур кардани тамоми хислатҳои бад ба Худо наздик шудан аст...»
Дар асари мусаввир ин водӣ дар образи пири аъмо талқин ёфтааст.
Ӯ бо ду даст ба асо такя кардааст, сараш бошад, ба осмон нигаронда шудааст, сафедии чашмонаш камтар намоён. Дар симои мӯйсафед таҷассум ёфтани Фано якчанд сабаб дорад. Аввало, мӯйсафед дар охири манзили тариқат, яъне водии фонӣ – нестӣ қарор дорад. Фақир, тамоман аз баҳри ҳаёт гузаштааст, чунон мискин, ки аз модиёт чашм пӯшида, ба Ҳақ рӯ овардааст. Дарк кард, ки дунё модист ва ӯ низ дар байни онҳост.
Дар назди Ҳақ худро фаромӯш карда, тамоми ақлу ҳуш, ботину зоҳирашро ба Ҳақ пайвастааст. Чашмони мӯйсафед нобино, нобиное, ки акнун ба дидан эҳтиёҷе надорад. Хоҳиши ӯ танҳо расидан ба Холиқ, бо тамоми вуҷуд ба ӯ ҳамроҳ шудан аст. Гуфтаанд: «Ҳақ ояд, ноҳақ ботил шавад», «Эй мӯъмин, (ба дарун)ворид шав...». (Ҳадис).
Ботини ӯ ба он андоза пок шудааст, ки акнун ӯ ҳеч чизро намебинад, балки чизи дидание намондааст, ҳамааш дар гирдоби нестӣ ғарқ шудааст. Тасаввур намоем, ки агар номи яке аз водиҳои фано кулл аст, яке аз маконҳои асосӣ ва ҷузъии он, ки дар ҳар сония иваз шуда меистад, дар мақоми покию сафо қарор дорад. Гӯё пири аъмо дар водии фано, ки ба суроғи симурғ омадааст, дар остонаи фақр қарор дорад. Инак, ворид мешаваду ба висол мерасад. Дар ҷойи дигар пири аъмо ба сифати инсони комил ҷилва мекунад. Ӯ акнун зоҳири дунёро намебинад, ба дунё кор надорад, шукргузор аст, ки чашмонаш намебинанд, кори ӯ дигар бо ботин аст. Бино ба таъбири Мавлоно, ӯ «чашми пӯшидаи ба дил табдилёфта»-ест. Барои ин саъю кӯшиш ба харҷ додааст.
Асар секунҷаи барқарорест, ки аз бари он турунҷ (спирал)-и ниҳон тоб хӯрда берун меояд. Ин ишораест ба неруи тарки дунё, ки соликро мисли барқ ба ҳузури симурғ – Аллоҳ мебарад. Ҳолати турунҷи дарунӣ ишора ба асрори илоҳӣ бошад, ранги замини тасвир басе мавҳум буда, ҳадякунандаи кайфияти аҷибест: гӯё Мусо (а.с.) ба Аллоҳ «Худоё, кош як бор ба висолат мерасидам» гуфта истодаасту аз ӯ чунин ҷавоб меояд: «Висоли маро наметавонӣ таҳаммул кунӣ, бори онро ҳатто кӯҳҳо бардошта наметавонанд». Ба қавли Ҷалолиддини Балхии Румӣ: « Мақоми дидор Муҳаммадро равост»...
Зебинисо Шарипова чанд сол аст, ки масъалаҳои тасаввуф ва тариқатро амиқ омӯхта, онҳоро дар як қатор асарҳои рангтасвири худ талқин намудааст. «Ишқ», «Майи илоҳӣ», «Мунозира», «Шикор», «Ошиқон», «Шоҳзода ва дарвеш», «Толиб», «Шайх Санъон ва маъшуқаи насронӣ», «Девона», «Таҷаллӣ», «Нур ва соя», «Акс», «Сароб» барин асарҳои рангтасвирро офаридааст. Ин асарҳо монанди ҳикояҳои хурди «Мантиқ-ут-тайр» ва «Лисон-ут-тайр» аз ҳар ҷиҳат рангоранг тасвир шудаанд. Дар инҳо низ ҳодиса ва воқеаҳои мухталифе, ки дар масканҳои тариқат содир шудаанд, ҳолатҳои солик, сифат, фазилат ва шаклу шамоили он ба забони рангтасвир ифода ёфтааст...
Дар ҳамин ҷо доир ба услуби рассом низ мухтасар мулоҳиза меронем. Асарҳое, ки бо услуби реалистӣ офарида шудаанд, симои беруниро ифода карда бошанд ҳам, дар образҳои эҷодкардаи рассом мавҳумҳо, сирру асрор ва рамзҳои ботинӣ бисёр. Барои фаҳмидани ин равзанаи дилро сайқал додан, ботини ақлу хирадро ғанӣ гардондан лозим ва кифоя аст!
Гулноз ШАРИФОВА,
санъатшинос.