(Ҳикоя)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
– Фаҳмо, – гуфт Бобоҷони раис, ба зану шавҳар алоҳида нигариста. – Дуздиданд гӯед!
– Мураматон, гул барин духтарама дуздидано, – остин ба чашм бурд зани Қодирҷӯгӣ.
– Агар ягон чораашро набинед, Нодирро аз пеши Худо меёбед, раис! – садои таҳдидноки Қодир чун тундар ҳарими ҳавлиро пур кард ва ӯ як нафас рост карда, аз нав ба шиква омад:
– Восити кӯрнамак, писари Нодир бо пошикастаи мо ғут-ғут карда мегашт. Чанд бор рамаш додам, аммо... Дидед, оқибат ин кулфатро дар сари мо андохт.
– Ҳа беадаб, – дар ғайбаш ба сӯйи «дузд» мушти таҳдид бардошт Бобоҷон, ки ногузир худро ҷиддӣ воменамуд.
– Чораашро наёбед, ба ҷои ана ин оби мусаффо хун ҷорӣ мегардад, раис, хун! – қабзаи кордро маҳкамтар дошт Қодирҷӯгӣ ва ду чашми ба ғазаб андарашро ба оби ҷӯй гардонд, ки беғубору оинавор соф буда, ин дам дар авҷи шодиҳо ҷорӣ мегардид.
– Чора..? Мебинем чора. Ҳатман.
Чашмаш ба ҳавлии берабт замоне ба фикр фурӯ рафт Бобоҷон ва:
– Рафтем, – гуфт ниҳоят нигоҳ барчида.
– Ба хонаи Нодир меравем! – ба нигоҳи саволомези Қодир посух гардонд ӯ.
Ба чеҳраи Қодир як нур давиду ҳамоно нопадид гашт ва оташе рӯяшро лесида, андаке сурх гардонд, – яқин ҳаё буд! Кордро ба ғилофаш хаст, аммо ба чӣ маъние аз ин фикр гашт ва аз тасма ҷудо карду ба дасти завҷааш дод.
– Лозим шуд, мерасонӣ! – таъкид кард ӯ ва даври тоқии худро низ аз асорати рӯймоли гардӣ халос карда, дурусттар пӯшид. Як ба сару либосаш зеҳн монд ва бо кафи дастон рӯю ҷабинашро сутурда:
– Равем, ана, меравем, – гуфт аз қафои Бобоҷон қадам бардошта.
– Ман ҳам... – аз ҷой канда шуд зани Қодирҷӯгӣ. Аммо ба нигоҳи таҳдидомези шавҳар дучор омада, ногузир худро рӯйи зина партофт ва аз алам қабзаи кордро сахттар фишурд.
– Шумо мунтазири хушхабар бошед, янга.
Овози Бобоҷон бо нолаи ошиқу маъшуқи дари оҳанӣ омехта, то гӯшҳои зани музтар расид.
– Духтаракам, гул барин духтаракам-о, – нолиши маъюси модар аз паси дари пӯшида шунида шуд. Аммо садои муҳаррики мошин онро фурӯ бурда ва ниҳоят чун қадре масофа паймуданд, оҳу шевани зан дар иҳотаи чаҳордевори ҳавлӣ монд...
Ҳоло офтоб комилан ба ранги тиллои холис даромада, оламро аз ҷамоли худ мафтун месохт. Акнун дар гӯшҳо садои якмароми муҳаррики мошину шув-шуви боди аз тирезаи нимкоф воридшаванда менишаст.
***
Баъди чанд зарбаи ноҳамвор як паллаи дарвозаи чӯбин ба рӯйи онҳо кушода шуд. Сурати андак ҳаяҷонзадаи Нодирлӯлӣ падид омад. Вай даст пеши бар гирифта буд. Қодир назари тунде ба соҳибхона афканд ва мурооти ӯро мунтазир нашуда, бо қадамҳои калон ва устувор ба ҳавлӣ даромад. Даромадан замон ба доду вой бино монд. Ба чаҳор ҳадди ҳавлӣ назар давонда:
– Насимаҷон! Духтаракам, куҷоӣ ту? – овоз андохт ӯ ва то пеши айвон рафтаву таваққуф кард. Ба рост гашта, пеши кати оҳанӣ омад. Дар сояи он саге мехуспид. Саг як сар бардошту ғурид ва ба ҷакидан мадор наёфта, сари вазнини худро коҳилона рӯйи дастон гузошт ва чашмони обраваш пӯшида, ба роҳати худ идома дод. Қодир аз ҳайбати саг дар дил ваҳм гирифта, зуд аз пеши кат дур шуд ва рӯбарӯйи Нодир қарор гирифт.
– Канӣ духтари ман?!
Аз паси дандонҳои камшумораш чанд қатра оби даҳонаш парида ва як-ду чакра ба рӯйи Нодир ҳам расид. Вай бо остин рӯйи худро пок карда, чизе нагуфт ва табассум нашикаста, меҳмононро ба хона даъват кард.
– Марҳамат, раис... Биё ҷиян, даро ту ҳам.
Бобоҷону Султоналӣ вориди ҳавлӣ шуданд ва соҳибхона паллаи дарвозаро пӯшонда, як ба Қодир нигарист, ки ҳамон пасту баланд меомад.
Қодир аз нигоҳи мулоими Нодир бадтар оташин гашта, пушт гардонд ва сахт дандон совида:
– Ҳоло Қодир ба чӣ қодир аст, ба чашми сар мебинед... – гуфт ӯ нафаспеч ва:
– Нодир! – хитоб кард ӯ, ки садои базарбааш ҳавлиро гӯё меларзонд.
Нодир ҳамон хомӯш буд ва ба раиси ҷамоат маънидор нигариста, бо мулоимат ба Қодир рӯ овард:
– Гӯшам ба ту, ошно.
– Духтари ман ку? – Қодир дастон дар пушт, гардан ёзонда ба Нодир нигарист. Аз он баландиҳо нигоҳи вай як даста оташи бедудро мемонд.
– Духтарат...
– Ҳа, духтаракам, ҷигаракам...
Нодир як дам нафас ба дарун гирифт ва аввалин андешае, ки ба сараш зад, ба забон овард:
– Ту дигар духтар надорӣ, Қодирбой. Вай акнун келини ман!
Қодир теғ кашида ба соҳиби гуфтор нигарист ва наздиктар омада, сари худро ба ҷониби ӯ қадре хамонда:
– Номаъқул кардӣ! Фаҳмидӣ? – гуфт дона-дона ва ангушти ишораташро ба синаи соҳибхона ду-се бор расонда:
– Ба фикрам, зарби муштҳои маро фаромӯш кардаӣ! – гуфт таҳдидомез.
– Қодир, ором шав, ошно. Осмон омадаву ба замин начаспидааст, ду ҷавон дар ҷустани бахти худ, хайр, ба ин кор даст задаанд. Мон, ки онҳо аз бахти худ роҳат кунанд, баракат ёбанд.
– Хестӣ, ки хобат! Духтаре надорам, ки ба писари ту диҳам.
Мушт гиреҳ карда, сина дамонд Қодир ва ду тугмаи болои куртааш кушода шуд. Рӯи тахтаи синаи сермӯяш чанд доғи хоно намудор гаштанд, ки аз замони ноқобилиҳояш нишона буданд.
Нодир худро як қадам қафо гирифт ва аз ин арбада асабаш коҳида:
– Ба ту духтар даркор? – гуфт ранҷишомез.
– Даркор! Гапи ин аҳмақро бинанд.
– Пас, ба ту духтар даркор, дуруст? – дубора пурсид ӯ, лабонаш пир-пир парида.
– Ба фикрам, ту ба ду гӯшат нағз шунидӣ, ки ман чӣ мехоҳам! Духтарамро деҳ!
Нодир як нафаси амиқ кашида, ба раис нигарист, ки аз ин машмаша ҳайрон меистод. Пас, ба маънии «чӣ кунам?» гулӯ равшан кард.
Давом дорад.