Дар дунё муъҷизаҳо зиёданд.
Масалан, китоб, чароғи электрӣ, радио, телевизион, телефон, компутер...
Рӯзнома низ аз муъҷизаҳост. Маҳсули ақлу заковати инсон аст.
Дар ҳаёти мо – калонсолон рӯзнома нақши муҳим бозидааст. Мо бо чандин нашрия обуна шуда, омадани онҳоро интизор мешудем. Туфайли матбуот забонамон сайқал ёфт, нутқамон буррою ҷаҳонбиниамон васеъ гардид. Аз он ғизои маънавӣ мегирифтему худро комилтар мекардем.
Рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик» имсол 100-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Он соли 1924 дар шароити одӣ интишор шуда, дар майдони ахбори миллӣ ва маҳаллӣ соҳиби мақоми ба худ хосе гашт. Бо хонандагонаш алоқаи наздик дошт, ба онҳо дар ҳалли муаммоҳояшон ёвар гардид. Мардуми тоҷикро сари вақт аз навгониҳо бохабар намуд ва ин хизмати беминнати худро то ҳол давом медиҳад.
Аз он хушнуд ва сарфарозем, ки туфайли рӯзнома аз оламу ҳаводиси он воқиф мегардем, аз саҳифаҳояш маводи лозимиро пайдо намуда, кори худро пеш мебарем.
Номи рӯзнома ба ман ниҳоят маъқул аст. «Овози тоҷик» – овози тоҷикони ӯзбекистонист. Аз саҳифаҳои он оид ба сиёсат, иқтисодиёт, варзиш, маданияту маърифат, технологияҳои пешқадами Ӯзбекистону навигариҳои ҷаҳон маълумотҳои боэътимод мегирем, аз навгониҳо сари вақт огоҳ мешавем. Баробари мутолиа фонди луғавиамонро ғанӣ намуда, нутқамонро сайқал медиҳем.
Соли 1983 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолиятамро дар мактаби умумии рақами 58, ки дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон аз пешқадамтарин мактабҳо ба шумор меравад, сар кардам. Ба якчанд рӯзномаю маҷаллаҳо ва албатта, ба «Овози тоҷик» обуна мешудам, ҳар як шумораи онро бесаброна интизор гардида, бо ҷону дил мутолиа мекардам. Кӯшиш менамудам, ки аз навгониҳои адабиёту маориф бехабар намонам, аз усулҳои нави таълим, таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорон сари вақт бохабар шуда, дар фаъолияти педагогиам татбиқ намоям.
Баъди солҳои 90-уми асри гузашта ягона дӯсту ёвари ман рӯзномаи «Овози тоҷик» буд. Зеро, дастрасии нашрияҳо аз Тоҷикистон қатъ гардид.
Дар ҷараёни дарс аз рӯзномаи маҳбубамон истифода бурда, баъзе мақолаю шеърҳои дар саҳифаҳояш чопшудаи нависандагону шоиронро ба хонандагон хонда медодам. Ҳуҷҷатҳои шӯрои педагогии мактабро дар вақти бо забони модариам навиштан, албатта бисёртар ба ин рӯзнома муроҷиат мекардам. Ношири қарору фармон ва кулли ҳуҷҷатҳои давлатӣ будани рӯзнома барои ман айни муддао буд.
Худам низ хабару мақолаҳо менавиштам ва онҳо дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» чоп мешуданд. Аз рӯзномаи азизам беҳад миннатдорам. Маҳз туфайли он ман дар чандин конфронс, анҷуманҳои «Муаллими эҷодкор» иштирок намудам. Бо шоири маҳбубамон Паймон, ки дар ин рӯзнома фаъолияти эҷодӣ мебарад, ҳамсуҳбат шудам ва дар бораи эҷод маслиҳатҳо гирифтам. Бо якчанд муаллимҳои эҷодкор, ки дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, шинос шудам.
Солҳои дароз «Овози тоҷик» ҳамдаму ҳамнишин ва дӯсту ёвари ман буд. То ҳол ҳар як шумораи рӯзномаи дӯстдоштаамро интизор мешаваму мутолиа мекунам.
Мехоҳам умри рӯзномаамон дароз шавад, теъдоди мухлисонаш афзояд, дар байни нашрияҳо обрӯю эътибораш баланд гардад. Ба кормандони заҳматкаши рӯзнома низ тансиҳатию барори кор, хонаободию барокати рӯзгор таманно дорам.
Зулфия БОЗОРОВА,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.