НИЁИШ

Як вақтҳо дар Сӯх хонадоне набуд, ки ба он «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) ворид нашавад.

Мутолиаи маводи  чопӣ бештар аҳамият дошт ва дар байни газетаву журналҳое, ки ба воҳаамон меомад, рӯзномаи ҷумҳуриявии ба  забони модариамон чопшуда ба чашми мо чун оташ метофт. Дар байни халқ ифодаи «газетаи  дирӯза» мавҷуд, ки маънояш гапи куҳнашуда мебошад. Рӯзнома, воқеан, «номаи рӯз» аст, вазифаи асосиаш муҳимтарин хабарҳои рӯзро дар вақташ ба рӯзномахон расондан. «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ин вазифаи муҳими дар зиммадоштаашро ба иҷро мерасонд. Рӯзномаи дар Тошканд чопшуда худи ҳамон рӯз ба воҳаи дурдасти мо омада мерасид. Хаткашонҳо хона ба хона даромада, онро дарзамон ба соҳибонашон мерасонданд.
Душвории обуна ва паҳнкунии нашрҳо дар ҳама давру замон ба мо маълум. Тарғибгарон ва фидоиёни «Ҳақиқати Ӯзбекистон» муташаккилона кор пеш бурда, масъаларо бо камоли масъулият ҳаллу фасл мекарданд. Хусусан даврае, ки шодравон Султоналӣ Исмоилов мухбири махсуси рӯзнома дар водии Фарғона буд, муштариён дар воҳаамон хеле сершумор буданд. Баъдтар ин вазифаро журналисти сӯхӣ Каримҷон Муҳиддинов ба зимма гирифт. Обуначиён мисли пештара якдилона рӯзномаро дастгирӣ мекарданд. «Ҳақиқати Ӯзбекистон», айни замон, дар бораи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Сӯх, фаъолияти ибратбахши шахсони номдори Сӯхзамин, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнат карда, ба комёбиҳо даст ёфтаанд, маводҳои рангоранг ба табъ мерасонд.
Ҳоло шароит дигар аст. Вазъи обуна ва дастрассозии матбуоти даврӣ бо сабабҳои гуногун басо мураккаб. Бо вуҷуди ҳамин «Овози  тоҷик» дар вақташ чоп мешавад. Дар баробари шахсони ҷудогонаи ба чоп ва тарғиби рӯзнома масъул, ки ҳамеша фидокор ва сарбози шуҷоъ дар арсаи маданияту фарҳанги миллӣ буданд ва ҳастанд, ҳукумати мо ба масъалаи обуна аз наздик кумак менамояд. Дӯстдорони воқеии «Овози тоҷик», ҳарчанд камшуморанд, бо хоҳиши худ обуна мешаванд. Мисле мушкилоте қодир нест рӯзномаро аз муштариён ҷудо созад.
«Дӯстӣ»-и ман ба «Овози тоҷик» аз солҳое, ки дар дабистони таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Риштон (ҳоло мактаби рақами аввали ноҳияи Сӯх) мехондам, оғоз ёфтааст. Ба навиштаҳои Ӯринбой Раҳимов, Собит Девонаев, Гадойбой Назарқулов, Ғаниҷон Муъминҷонов барин журналистони бомаҳорати маҳаллӣ (равонашон шод бод) маҳз дар ҳамин газета шинос шудаам. Баъдтар шогирдон-дастпарварони онҳо бо чакидаҳои қаламии худ саҳифаҳои рӯзномаи бароямон қадрдонро обод сохтанд.
Нигоҳ доштани шумораҳоеро, ки маводи ҷолиб доранд, одат кардаам. Дар бойгонии шахсиам, хусусан, мақолаҳои дар мавзӯъҳои маънавӣ-маърифатӣ нигоштаи донишманди тоҷик, Муҳсин Умарзода (ҷояшон ҷаннат бод) ҷойгоҳи махсус дорад.  
Зиндаёд Шавкат Ниёзов (собиқ сармуҳаррир) вақт ёфта ба  Сӯх меомад, вохӯриаш бо рӯзномахонҳо фаромӯшнопазир сурат мегирифт. Ҳамчунин бо иштироки шоир Ҷонибек Қувноқов, рӯзноманигорони хушсалиқа Ҳисомиддин Абдувалиев ва Бекназар Тӯйназаров маҳфилҳои матбуотӣ  доир мешуданд. Ин қабил чорабиниҳо рӯзномаву рӯзномахонро боз қаринтар месохт.  Дар солҳое, ки Орифҷон Мустафоев мудири шуъбаи таълими халқ дар ноҳияи мо буд, аксарияти муаллимон рӯзномахон буданд ва «Овози тоҷик»-ро як ҷузъи ҳаёти маънавии хеш мешумориданд. Худи ман бошам солҳои омӯзгориву роҳбарӣ дар мактаби рақами якум, хусусан давраҳои ба сифати котиби кумитаи ҳизбӣ дар ноҳияи Риштон ва ҳокими ноҳияи Сӯх фаъолият бурданам саъй мекардам ба масъалаи обуна аз наздик кумак кунам. Ҳаракатҳои мо самара мебахшид. 
Умедворем равобит ва анъанаҳо  барқарор бимонанд, риштаҳо байни рӯзномаву рӯзномахонҳо мисли пештара мустаҳкам гардад, «Овози тоҷик», ки садсола мешавад, боз садсолаҳои дигар ба даст ва  дили муштарии сершумор рафта расад. 
       
Баҳодурҷон ОБИДҶОНОВ, собиқадори меҳнат.
Ноҳияи Сӯхи вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: