Рӯзномаи «Овози тоҷик» сад сол муқаддам аз ин ба нашр расида, дар ҷамъияти тоҷикони он даврони тақдирсоз нуру зиёи нав ворид кард.
Ғолибан шиносносмае шуд, ки ҳастии миллати мутамаддини тоҷикро ба аҳли дигар қавму миллатҳои маскуни Осиёи Миёна муаррифӣ намуд. Дар он замони ноором, ки низоми давлатдорӣ ва ғояи пешбарандаи он комилан нав шуда, инсоният талош дошт ба оянда аз дидгоҳи илм бингарад, ҷомеа ба руҳафтодагӣ дучор гашта буд. Дар чунин даврони ҳассос рӯзномаи «Овози тоҷик» ба майдон омад, аз гузаштаи пурифтихори тоҷикон ёдовар шуд ва аз фардои офтобии ин миллати куҳанбунёд сухан ба миён овард. Ба ин тартиб, дарду доғҳои куҳнаву нави онро ба гӯши зимомдорони давр расонд, ба шифо ёфтани захмҳои вай мусоидат кард.
Агар нек бингарем, «Овози тоҷик» ана ҳамин рисолати таърихии худро дар идомаи 100 сол сарбаландона иҷро ва ҳастии миллати тоҷикро дар байни зиёда аз сад миллату қавмҳои маскуни Ӯзбекистони Нав махсус таъкид мекунад.
Ман ба ҳайси як мухлиси ин рӯзнома, ки бидуни шак маърифати миллии моро оинавор ба аҳли ҷаҳон арза медорад, аз соли 1964 ошно ҳастам, робитаи хубе ҳам дорам. Он солҳо «Овози тоҷик» бо номи «Ӯзбекистони сурх» ба дасти хонандагон мерасид. Баъдан «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном гирифт. Падарам Қобил Тошқулов омӯзгори мактаби миёна буданд ва ҳар як шумораи рӯзномаро бо меҳр мехонданд. Мани хонандаи мактаб ба падар нигариста низ газетхон шудам. Ба рӯзномаву рӯзномахонӣ меҳр мондам. Дар давоми шаст соли шиносоӣ ва иртибот бо «Овози тоҷик» иштиёқи ман ба олами рангини адабиёт ва қаламу коғаз зиёд гашт. Ҳамин муҳаббат буд, ки ба навиштани чандин асар муваффақ гаштам. Аввалин қаламиҳои ман дар ҳамин рӯзнома рӯйи чопро дида, минбаъд ба нашрияҳои дигар роҳ ёфтаанд.
Хеле хурсандам, ки бо воситаи ин рӯзнома бо аҳли илми диёр ва берун аз он ошноӣ пайдо кардам, аз ҳаёти онҳо воқиф гаштаву роҳи эҷодии эшонро пайгирона омӯхтам. Ин шиносоиву омӯзишҳо на фақат илҳоми маро бедор кардаанд, балки боз ба халқу Ватан содиқона хидмат карданро омӯхтанд.
Бояд таъкид кард, ки рӯзноманигорон аз зиндагии мардум воқифанд ва ҳарчи иншо кунанд, баргирифта аз ҳаёти онҳост. Бурду бохтҳои миллат дар нигоштаҳои онҳо ифода меёбанд. Барои ман боиси ифтихор аст, ки солиёни дароз бо «Овози тоҷик» ҳамкорӣ доштам ва бо чеҳраҳои шинохтаи он чун Шавкат Ниёзов, Ҷонибек Қувноқов, Маъруф Отахонзода, Бекназар Тӯйназаров, Абдулло Субҳон, Паймон, Муҳаммад Шодӣ, Шерпӯлод Вакилов, Тоҷибой Икромов, Нуралӣ Раҷабов, Неъмати Қувват, Анорбой Назаров, Ӯзбакбойи Раҳмон, Амрулло Авезов, Зоҳир Ҳасанзода, Шариф Халил ва чандин тани дигар аз наздик шинос шудаам. Дар мақолаҳои пурмазмуни онҳо аз ҷумла ҳаёти миллати тоҷик низ инъикос меёбад.
Тоҷикон як ҷузъи ҷудонопазири Ӯзбекистони мустақил буда, дар шукуфоии ин сарзамин ҳиссаи арзанда мегузоранд. Дӯстии байни миллати тоҷику ӯзбек, ки аз қадимулайём дар ин сарзамин зиста, бародарони ҷонӣ шудаанд ва ғолибан пайвандии гӯшту нохунро ба ёд меоранд, дар саҳифаҳои рӯзнома мунтазам дарҷ мегардад. Пас, «Овози тоҷик»-ро метавон пули қавие номид, ки пайи иртиботи ду миллати ба ҳам дӯст хидмат мекунад.
Ман хеле хурсандам, ки гувоҳу шоҳиди таҷлил шудани 100-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи миллии мо дар Ӯзбекистон –«Овози тоҷик» дар ҷамъи ҳамзабонон мегардам. «Овози тоҷик»-и 100-сола имрӯз пири хирадмандеро мемонад, ки ба гӯши фарзандони мо аз ҳар боб дурри сухани порсиро рехтаву ба худшиносии онҳо меафзояд. Умедворам, ки тоҷикони вилояти Қашқадарё ҳам, ки кам нестанд, минбаъд, беш аз пеш дар дифои ин минбари ягонаи худ, ин ифодагари ормонҳояшон фидокорӣ мекунанд.
Карим ТОШҚУЛОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон,
раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони
ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.