ӯро аз балоҳо дур медорад
Дуруст аст, ки имрӯзҳо дар мамлакатамон барои ба китоб ва китобхона рӯй овардани халқ имконияти зиёд пиёда гардидааст. Бо ташаббуси худи Президент озмунҳои китобхонӣ эълон шуда, беҳтаринҳо, ҳатто бо мошинҳои сабукрав мукофотонида мешаванд. Китобҳои муҷаҳҳаз аз рафҳои китобхонаҳо ҷой гирифтааст. Нашриётҳои давлативу хусусӣ дар хидмати аҳли қалам ҳозиру нозиранд. Муҳаррирони болаёқату пуртаҷриба фикри тозаву нури чашмони хешро дареғ надошта, аз паи таҳрири аълосифати эҷодкоронанд. Мусаҳҳеҳу кормандони техникии нашриётҳо барои сифати аълои китобҳо дар майдони рақобат пойкӯбӣ мекунанд. Аммо... ростӣ, маҳсули ин ҳама ранҷҳо – китобҳоро дар китобхонаҳо бехонанда дида, ба дили кас озор мерасад.
Дод мезанем, шикоят мекунем ва сахт норозӣ мешавем, ки бачаҳои ин замон китоб намехонад, аз матбуот дур аст! Баҳона пеш меорем, ки сомонаҳои интернетӣ барин воситаҳои техникии таблиғотӣ бачаҳоро аз сари китобу газетаҳо дур кардааст. Вале ҳамаи зиддиятҳо дар ҷодаи ба газетаву китобхонӣ баргардонидани насли наврас барабас мераваду ба назар бефоида менамояд.
Ба фикри ман, баробари тадбирҳои дигар боз ба ду чиз бояд эътибор дод:
Якум, тиббиёт ва унсурҳои дини мубини Ислом исбот намудааст, ки фарзанди инсон ҳанӯз дар шакли ҷанинии чормоҳагӣ дар батни модар гӯши шунаво пайдо мекунад ва бо қазову қадар ошно мешавад. Агар чунин аст, бояд ҳангоми аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштани ҷавонони ба балоғатрасида ба онҳо китоб тӯҳфа намоянд. Навхонадорон агар имконият дошта бошанд, адабиётҳои лозимаро харанд. Дар ин сурат ҳам бо китоб ошно мешаванду ҳам аз асосҳои оиладорӣ хабардор мегарданд. Падару модари ҷавон, ки китобхон шуд, албатта ба насли вай бетаъсир намемонад. Як оилаи китобхону бофарҳанг ба вуҷуд меояд.
Дуюм пештар ҳам дар гаҳвора ва ҳам дар арғунчак, ки вазифаи гаҳвораи тобистонаи кӯдакро иҷро менамуд, зери болини навзод китоб мегузоштанд. Бештар Қуръон ва куллиёти Хоҷа Ҳофиз ҳамрозу ҳамдами кӯдак буд. Тифлакро аз бало дур медошт. Меҳри бача ба китоб ҳанӯз аз гаҳвора пайдо мешуд. Аллаи модари босавод рӯҳи фарзандро ба олами маънавӣ мебурд.
Ҳоло аксарияти модарҷавонон, ки хеле пуркору серташвиш шудаанд, хобонидани фарзанди азизи худро ба ихтиёри телефон супурдаанд. Яке аз ошноҳоям бо ифтихор гуфт, ки наберааш то суруди «Кӯк жигули»-ро нашунавад, хоб намекунад. Келинаш машшота асту то нимашаб бо кор банд. Акнун гӯед, ки аз чунин модару тифли ӯ чӣ интизор шудан мумкин?
Хуб мебуд, агар асолати бисёрсолаи халқамонро эҳё намуда, пас аз ба гӯшаш азону қомат гуфтан, зери болинаш китоб гузорем...То умре китоб бо ӯ ҳамроҳ гардида, аз балои бедонишиву офати нодонӣ нигоҳ дорад!
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи гиромӣ?
Озод ҲАМИДЗОДА,
сарвари нашриёти «Лоиқи Озод»,
узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Ӯзбекистон.