Дар интихоботи порлумонӣ, ки дар Фаронса баргузор шуд, эътилофи боли чапи "Ҷабҳаи нави мардумӣ" пирӯз шуда, дар Ассамблеяи миллӣ 182 курсиро соҳиб шуд.
Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Фаронса хабар додааст.
Эътилофи "Якҷоя"-и неруҳои либералӣ-маркази Президент Эммануэл Макрон мақоми дувумро гирифт. Он дар палатаи поёнии парлумон 168 курсӣ хоҳад дошт. Ҳизби ростгарои "Ваҳдати миллӣ"-и Марин Ле Пен дар мақоми севум қарор гирифт. Вай 143 ҷойи депутатиро ба даст овард.
Қабл аз ин сарвазири Фаронса Габриэл Аттал эълон кард, ки рӯзи 8 июл истеъфо медиҳад. Вай таъкид кард, ки омода аст дар вазифаи раиси ҳукумат то қадри зарурӣ кор кунад.
Рӯзи 7 июл Ҷордан Барделла, раҳбари ҳизби "Иттиҳоди миллӣ" эълон кард, ки ин фраксия шумораи вакилон дар интихоботи парлумонии Фаронсаро ду баробар афзоиш додааст, ки ин дастоварди таърихӣ аст.
Ҳамчунин, бар асоси натоиҷи даври дуввуми интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ дар Фаронса маълум шуд, ки ҳеҷ яке аз блокҳои сиёсӣ натавонистаанд аксарияти мутлақи 289 курсиро ба даст оранд, хабар медиҳад gazeta.ru.