Чанд нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон бо мақсади таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд?

Дар моҳҳои январ-майи соли 2024 15,8 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд.

Шумораи онҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 ҳазор нафар ё худ 7,4 фоиз кам шудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо мақсади таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд, аз рӯи кишварҳо:

Тоҷикистон – 7 888 нафар;

Русия – 2 272 нафар;

Ҷумҳурии Қирғизистон – 1 756 нафар;

Кореяи Ҷанубӣ–900 нафар;

Туркия – 858 нафар;

Қазоқистон – 608 нафар;

Британияи Кабир - 342 нафар;

Чин – 302 нафар;

Олмон - 154 нафар;

ИМА - 141 нафар;

дигар мамлакатҳо – 575 нафар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: