Навоӣ яке аз вилоятҳои саноатии кишвар мебошад.
Соҳаҳои гуногуни саноат ривоҷ ёфтааст. Ҳокими вилоят Нормат Турсунов барои боз ҳам бештар ривоҷ додани соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургия эътибор медиҳад. Бо инвесторҳои хориҷӣ бештар вохӯриҳо мегузаронад, ҳамкориҳои зиёд ба роҳ мондааст ва ин анъанаро идома медиҳад.
Чанде пеш ҳокими вилоят бо намояндагони ширкати бонуфузи Чин «Yicyng interional kommerce (bejinng) grour» музокира намуд, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъол буда, бо ҷустуҷӯ ва рушди геология машҳур аст.
Yicng interional kommerce (bejinng) grour co., LTD, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, дар экспорти нимкокси Чин пешқадам аст. Нимкокс энергияи сабзро сарфа намуда, маҳсулоти тозаи экологӣ мебошад. Ширкат компанияҳои ферроаллоӣ ва корхонаҳои пӯлод истеҳсолкунандаи 15 давлати ҷаҳонро бо маҳсулоти тозаи экологии нимкокс таъмин мекунад.
Он зери шиори «Як камар – як роҳ» дар воридоти тилло, сурма, мис ва қӯрғошими конҳои Покистон, Эрон ва Туркия фаъол буда, дар ҷустуҷӯи конҳои тилло, сурма, мис ва қӯрғошими Қазоқистон, Кения ва Эрон ҳамкорӣ дорад. Инак, тасмим гирифтааст ҳамкориро бо вилояти Навоӣ ба роҳ монад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.