БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

Дар Женева ба чорабиниҳо бобати вусъат додани имкониятҳои иқтисодии занон дар Ӯзбекистон ва татбиқ намудани иқтидори соҳибкории онҳо баҳои баланд дода шуд.

Аз ҷониби намояндагии доимии Ӯзбекистон дар назди Бахши СММ-и Женева ҳангоми иҷлосияи 56-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон чорабинии дигар (sideevent) дар мавзӯи «Мубориза ба муқоби зӯроварии гендерӣ: Роҳ ба пешрафти иқтисодиёт, инклюзив ва рушди устувор» гузаронида шуд. 
Чорабинӣ бо ташаббуси ҳайатҳои дипломатии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Иттиҳоди Аврупо ташкил гардид.
Намояндагии доимии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин директори департаменти меъёрҳои байналхалқии меҳнати Созмони байналмилалии меҳнат Коринн Варга ба сифати нотиқони асосии чорабинӣ баромад карданд. 
Дар тадбир намояндагони зиёда аз 60 кишвари аъзо, шуъбаҳои сохтории СММ, ҳамчунин як қатор Созмонҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.
Дар суханронии ҷониби Ӯзбекистон оид ба аҳамият ва моҳияти ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таъминсозии баробарии гендерӣ татбиқ мешаванд, маълумот дода шуд. 
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки тӯли солҳои охир Ӯзбекистон бобати куллан муваффақ шудан ба рушди устувор, таъмин кардани баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. 
Қайд шуд, ки мувофиқи индекси аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ коркардшуда Ӯзбекистон ба сафи 5 кишвари зудтараққии ҷаҳон дар соҳаи баробарии гендерӣ дохил шудааст, бинобар индекси маълумоти рӯшоди гендерӣ дар байни 20 кишвари пешқадами ҷаҳон аст. Ба шарофати чораҳои андешидашуда саҳми занон дар мақомоти идоракунии давлатии Ӯзбекистон аз 27 фоиз то ба 35 фоиз, дар соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат то 46 фоиз зиёд шудааст, бо шуғл фаро гирифтани бонувон бошад, аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ӯзбекистон мебошад. 
Эътибори иштирокдорон ҳамчунин ба «Мулоқоти занон – пешоҳангони Осиёи Марказӣ», ки соли 2021 бо ташаббуси Ӯзбекистон таъсис ёфтаасту дар он тамоми панҷ кишвари минтақа дохиланд, ҷалб карда шуд.
Нотиқони чорабинӣ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир ва Созмони байналмилалии меҳнат ба пешгирӣ шудани зӯроварии оилавӣ дар Ӯзбекистон, ҳамчунин чораҳо бобати вусъат додани имкониятҳои иқтисодии бонувон, татбиқ гардидани иқтидори соҳибкории онҳо баҳои баланд доданд.    

АИ «Дунё», 
шаҳри ЖЕНЕВА.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: