БУНЁДИ МАСКАНИ ТИББӢ

Дар ҳудуди Толлии ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё бинои наву замонавии хидматрасонии тиббӣ – шифохонае, ки ба 25 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои Гулистон, Олиҳиммат, Толлӣ, Шакаркӯл ва Конобод хидмат мерасонад, ба истифода дода шуд.

Қабл аз бунёди ин маскани тиббӣ бошандагони маҳаллаҳои мазкур дар бобати табобати бемориҳояшон азият мекашиданд. Зеро, маҳаллаҳои мазкур ҳарчанд ки аз маркази ноҳия чандон дур ҷойгир нестанд, вале ба кумаки таъҷилии тиббӣ ниёз доштанд. Яъне, бино ба талаб ҷавобгӯ набуд. Инак, чунин бино, ки дорои ду шуъба: кӯдакон ва валодат мебошад, барпо гардид, ки дар бунёди он 2 миллиарду 400 миллион сӯм маблағ масраф шуд.
– Дар қишлоқҷойҳо бунёд ёфтани чунин шифохонаҳои замонавӣ, ки ҳам ташхис ва ҳам табобат ба роҳ монда шудаасту шифокорони варзида ба мардум хидмати тиббӣ мерасонанд, натиҷаи ғамхориҳои ҳукумат мебошад, ки мо аз ин фақат шукрона карданамон лозим, – гуфт сардухтури бемористони марказии ноҳия Шерзод Одинаев.
Ҳоло дар ин маскани тиббӣ 54 нафар шифокорону ходимони тиб фаъолият мебаранд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: