Дар мамлакатамон ба таълим ва тарбияи насли наврас аз тарафи ҳукумат аҳамияти калон дода мешавад, то ки ҷавонон соҳиби донишу касбу ҳунар шаванд ва ба ҷамъият фарзанди муносиб шуда ба воя расанд.
Падар ва модароне ҳастанд, ки ҳаёти худро ба тарбияи хуб ва донишомӯзии фарзандонашон мебахшанд.
Оилаи Эргашевҳо, ки дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Чуст зиндагӣ мекунанд, низ аз ҳамин хел оилаи намунавӣ ба шумор меравад. Эркинҷон Эргашев – соҳибкор, Малика Шарофова бошад, муаллимаи собиқ. Ҳоло ҳамчун мушовири занон ва духтарони маҳалла фаъолият мебарад. Дар оила 3 писару як духтар ба воя расидаанд. Ҳамаи онҳо маълумоти олӣ доранд. Бахтиёр Лутфуллоев дар Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳозира ДМӮ) дар факултети журналистика таҳсил гирифта, ҳоло роҳбари ҶММ-и «Truck Detals» мебошад. Арӯси хона Дилрабо Миллиева дар Донишгоҳи давлатии Намангон таҳсил мегирад. Нигора дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон сабақ гирифта, забони англисиро аз худ кардааст. Писари дуюмин – Баҳодур касби иқтисодчиро интихоб кард. Арӯси хурдӣ Дилрабо Алиева магистранти Донишгоҳи миллии Чинбуки Куриёи Ҷанубӣ. Фарзанди хурдии оила Бобур хатмкунандаи Донишкадаи муҳандисию технологии Намангон мебошад.
– Ба ин дараҷа ба осонӣ нарасидаем, – мегӯяд бонуи оила Малика Шарофова.
– Одатан дар ҳар як оила тартибу қоида, нақшаи хонадорӣ ҷорӣ мебошад. Зану шавҳар бамаслиҳат кор сар кунанд, хайрноку бараканок мешавад. Дар хусуси тарбияи фарзандон низ ҳар ду якҷоя кӯшиш кардем. Ба онҳо ҳамаи шароитро фароҳам оварда, аз синни бачагӣ ба донишомӯзӣ ҷалб кардем. Ягон дақиқаи вақташонро беҳуда нагузарониданд. Ин ҳамаи ҳаракатамон натиҷаи дилхоҳро дод.
Албатта, дар оила ба якдигар боварӣ доштани зану шавҳар муҳим аст. Бо маслиҳат кор кунанд оила мустаҳкаму пойдор мешавад. Ба қарибӣ, дар вилоят байни оилаҳои намунавӣ озмуни «Оилаи намунавии Ӯзбекистони Нав» шуда гузашт ва оилаи Эргашевҳо ғолиб баромада, бо нишони сарисинагии «Оилаи намунавӣ» ва туҳфаҳои қиматбаҳо рағбатнок карда шуданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.