Маълум, ки барои офаридани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ соҳаи хидматрасонӣ нақши муҳим мебозад.
Аз ин рӯ, ҷалб кардани инвеститсия натанҳо дар соҳаи саноат, балки дар соҳаи хидматрасонӣ низ зарур ва ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар айни замон дар шаҳри Тирмиз ва ноҳияи Тирмиз барои ривоҷ додани соҳаи хидматрасонӣ чандин лоиҳа дар асоси сармояҳои хориҷӣ амалӣ мегардад. Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов дар як рӯзи сафари кории худ бо мутасаддиёни соҳа барои омӯхтани ҷараёни кору фаъолияти чандин чунин корхонаҳои хидматрасонӣ дидан намуд.
Дар қадами аввал бо фаъолияти хостеле, ки аз тарафи корхонаи хусусии «Тирмиз Ҳусан палвон» дар шаҳри Тирмиз ташкил гардидааст, дидан кард. Аз тарафи корхона ба миқдори 6 миллиард сӯм хостели мазкур бунёд ёфта, 10 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.
Клиникаи хусусии гуногунсоҳаи «Avicena international» аз тарафи корхонаи хориҷӣ ва сармояи хориҷӣ ташкил гардидааст. Дар айни замон аз тарафи клиникаи мазкур хидматҳои тиббӣ оид ба соҳаи лор, урология, ҷарроҳӣ, гинекология, невропатология, кардиология, ревматология расонида мешавад. Клиника бо ҷиҳозҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, ба он шифокорони варзида ҷалб карда шудаанд. Ҳокими вилоят бо машварати мутахассисон барои боз ҳам васеъ намудани фаъолияти клиника тавсияҳои лозимӣ дод.
Фаъолияти корхонаи хусусиву оилавии «AZIZA FAMILU CAKE»-и шаҳри Тирмиз, ки маҳсулоти ширинӣ ва қаннодӣ истеҳсол мекунад, соҳиби шароити мусоиди ҷойи корӣ, дорои сифати маҳсулот ва анъанаҳои устоду шогирд, ки дар корхонаи оилавӣ ба роҳ монда шудааст, ҳокимият барои боз ҳам вусъат бахшидану ҷойи корӣ муҳайё сохтан кумаки амалӣ хоҳад расонид.
Дар ҳудуди маҳаллаи Сабзипояи ноҳия рафти корҳои ташкилсозии кластери паррандапарварӣ, ки аз тарафи ҶММ «Турсунтош парранда» амалӣ мегардад, омӯхта шуд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 81 миллиард сӯмро ташкил менамояд ва дар айни ҳол корҳои сохтмон ва таъмиру пайвандгарӣ бурда мешавад. Вақте ки корхона пурра ба кор медарояд, 60-то ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд меояд.
Корхонаи заргарии Фонон, ки дар ҳудуди «Маркази савдои байналмиллии Тирмиз» сохта мешавад, имтиёзҳо ҳам дорад. Аз имтиёзҳо истифода бурда аз кишварҳои хориҷӣ асбобу анҷомҳои замонавӣ оварда дар корхона насб карда шудааст.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.