Маълум аст, ки сарвари давлати мо ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро 31 май –1 июн зарурати бо кор таъмин намудани аҳолии аз шуғл берунмонда, аз ҷумла, хатмкунандагони мактаб, коллеҷҳои касбу ҳунар, таълимгоҳҳои олӣ ва муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷа баргаштаро алоҳида таъкид карда буд.
Бо ҳамин мақсад дар Боғи маданият ва истироҳати «Сомониён»-и шаҳри Бухоро ярмаркаи меҳнатии ҷойҳои холии корӣ ба амал омад.
Дар он корхонаю ташкилоти ҳудуди вилоят, секторҳои хусусӣ, муассисаҳои таълими олӣ бо ҷойҳои кории худ иштирок карданд. Дар он ҳокими вилоят Ботир Зарифов иштирок намуда, бо субъектҳои соҳибкорӣ шаҳрвандоне, ки ба кор эҳтиёҷ доранд, мулоқот кард. Қадами муҳим будани чунин тадбирҳоро бобати бо шуғл фарогирии аҳолӣ таъкид намуд ва бобати дар маҳаллаҳо ташкил кардани чунин тадбирҳо ба масъулон супориш дод.
Дар ярмаркаи меҳнатии вилоятӣ беш аз 550-то корхона бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи холии кор иштирок карданд. Баробари ин ба 52 нафар шаҳрвандон бо мақсади бо кор таъминшавии онҳо аз ҳисоби маблағи Бунёди ба соҳибкорӣ ҷалб кардани аҳолӣ асбобу анҷом ва ҷиҳозҳои зарурӣ ҷудо гардид. Ҳамин тариқа, орзумандони соҳибкорӣ печҳои пазандагӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, мотокултиватор ва ҷиҳозҳои толори зебоӣ гирифтанд.
Дар тадбир аз ҷониби шуъбаи вилоятии Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ талабу қоидаҳои қонунии кор дар хориҷ маънидод карда шуд.
Мономаркази «Марҳамат ба кор»-и шаҳри Бухоро тақдимоти курсҳои таълими худро бобати ба касбу ҳунар тайёр кардани хоҳишмандон ба сомон расонд.
Инчунин дар тадбир чораю тадбирҳои васеътар намудани фаъолияти ҳунармандии миллӣ таъкид ёфт.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.