ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ДАСТӢ БА РОҲ МОНДА ШУД

Дар хона-интернати «Мурувват»-и мардони ногирои ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ истеҳсоли дастии маҳсулот ба роҳ монда шуд.

Ин ҷо мардони синнашон аз 18 болои нуқсондор аз тамоми ҳудуди кишвар ҷамъ омадаанд. Аз маълулон 325 нафар, ки дорои нуқсонҳои вазнини беморӣ мебошанд, таҳти назорати доимӣ буду бош доранд.
Ба беморон тибқи нишондодҳои комиссияи тиббӣ-психологӣ ва шифокорони психиатр муносибат карда мешавад. Вобаста ба дараҷаи маъюбӣ беморон вақти холии худро бо китобхонӣ, расмкашӣ, рақс, теннис, футбол, шоҳмот ва шашкабозӣ мегузаронанд. Баъзеҳо ба меҳнати дастӣ машғуланд, яъне ба ин ҳама шуғлҳо дар интернат маҳфилҳо амал мекунад. Бо ташаббуси Агентии ҳимояи иҷтимоии вилояти Навоӣ ин ҷо маҳфилҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар интернат аз собун тайёр намудани гулҳои рангаи бӯйдор ва аз ратан сохтани стол-стулҳои бофта роҳандозӣ гардид. Ҳоло ба ин ду маҳфил наздики 30 нафар ногироён ҷалб гардидаанд.
Маблағе, ки аз фаъолияти ин маҳфилҳо ба даст меояд, ба мақсади боз ҳам беҳгардонии базаи моддӣ-техникии ин маскан сарф мешавад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: