Рӯзномаи овозадори «Овози тоҷик» як минбари бошукӯҳест ва ғолибан тарғибгари маданияту фарҳанг, дастовардҳои адабии эҷодкорон, ташвиқгари моҳири суннатҳои волои миллии тоҷикон мебошад.
Ман аминам, ки он дар тӯли сад соли мавҷудияташ роҳи ин миллати тамаддунофарро ба сони як машъалаи фурӯзон ҳамеша равшан нигаҳ доштааст. Ҳоло чун як пири хирадманд ва соҳиби таҷрибаи ғании ҳаёт ба гӯши ҷавонони давр дурри панду ҳикмат мерезад ва дар тарғиби сиёсати оқилонаи ҳукумати феълии ҷумҳурӣ содиқонаву собитқадамона гом мебардорад.
Мо дар як замонаи хеле мураккаб умр ба сар мебарем. Абарқудратҳои ҷаҳон ҳамеша дар фикри он ҳастанд, ки Ӯзбекистон барин давлатҳои рӯ ба тараққиро ба ҳар васила аз роҳи худ гардонанд. Барои расидан ба ин мақсад аз ҳар гуна ҳилаву ҳиял кор мегиранд. Дар чунин замонаи тақдирсоз ВАО, аз ҷумла рӯзномаҳо бояд ҳамеша дар хидмати халқу Ватан бошанд ва роҳнамои мардум гарданд. Рӯзномаҳо дар ҳамаи давру замонҳо чашми бинои ҳукумат буданд ва ин рисолати худро минбаъд низ идома хоҳанд дод.
«Овози тоҷик» ҳам чун як рӯзномаи дӯстдоштаи тоҷикон аз рӯзи таъсис ёфтан то ҳол ҳамеша аз сарнавишти ин миллат мақолаҳо ба нашр мерасонад ва хидмати фарзандони фарзонаи вайро дар ободии Ватани умумии мо – Ӯзбекистони мустақил барҳақ ситоиш намуда, насли минбаъдаро дар роҳи фидокориҳо дилгарм месозад.
Ман як умр дар вазифаҳои баланд кор кардам, ҳоло ба синни 94 расидаам. Барои ин умри тӯлонӣ Парвардигорро сипос мегӯям. Ба ман муяссар гашт, ки давраҳои таърихиро ба чашми сар бинам, зери сиёсати роҳбарони гуногун кор кунам. Як бахши аъзами умри ман дар даврони ҳукумати шӯравӣ гузашт, чун як мутахассис дар гирумони ҳаёти гоҳе ором ва гоҳе хеле тезу тунди он ба воя расидам. Чун дигар рӯзномаҳо ин «Овози тоҷик»-и садсола низ дар ҷамъияти он давр нақши созанда дошт. Ман аз овони ҷавонӣ бо ин рӯзнома шинос будам вай аз зумраи дӯстдоштатарин нашрияҳои ман ба шумор мерафт. Азбаски дар оилаи як марди тоҷик ба дунё омадаву бунёдам, сириштам ва дунёи рангини минбаъди ман бо ин миллати бостонӣ тавъам аст, ҳамеша ошиқи гуфтори ширин, забони ноб, адабиёти ғаниву рангин, тамаддуни беҳамтои тоҷикон будам. Дар Ӯзбекистони аҳди шӯравӣ «Овози тоҷик» ягона рӯзномаи сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт ва ба теъдоди зиёд чоп шудаву меҳмони хонадони аксари тоҷикон мегашт. Ин рӯзнома ба ҷуз аз ифшо намудани дарду доғи дили тоҷикон дар тарғиби дӯстии халқҳои маскуни Ӯзбекистон саҳми арзанда мегузошт. Ман ҳарҷо, ки будам, дар ҳар вазифае, ки кор кардам, мудом тарафдори дӯстии халқҳо зистам ва ҳар қадами худро аз ин дидгоҳи олӣ гузоштаам. Ҳамин шоҳроҳ маро дар чашми ҷамъият шарафманд гардонд.
Ёд дорам, замоне аз Тирмиз озими ноҳияи Деҳнав будам. Радиои мошин мехонд ва ахбори вилояту ҷаҳонро ба самъ мерасонд. Ногоҳ гуфтори ӯзбекӣ тамом шуд ва барномаи хабарӣ ба забони тоҷикӣ шуруъ гардид. Духтараке бо лаҳни ширин хеле марғуб ҳарф мезад. Ҳаяҷони фавқулодае вуҷуди маро фаро гирифт. Дар он замон аз радиои вилоят шунидани сухани тоҷикӣ, ки гӯшҳои мо ба ин одат накарда буданд, аҷаб ҳаловатбахш буд. Аз шодӣ ба зонуи ронанда маҳин задаву амр кардам, ки мошинро боз дорад. Барномаро то охир гӯш карда, бо ваҷд ба ронанда хитоб намудам:
– Мошинро гардон, ба Тирмиз меравем!
Дар Тирмиз рост ба идораи радиои вилоят омада, назди раиси он даромадам. Ҳамон журналисти тоҷикро пайдо карда, самимона табрик гуфтам. Вай духтари бебок ва минбаъд суханвари моҳири ҳамин даргоҳ Шаҳодат Раҳимова буд!
Вақте раиси Иттифоқи касабаи вилояти Сурхондарё будам, ҷоизаи адабии «Адиб Собири Тирмизӣ»-ро таъсис додем ва он чандин сол амал кард, баъдан ба чӣ мӯҷибе маъмурон аз баҳраш гузаштанд. Адибони зиёде ҷоиза гирифтанд. Ин ҷоиза дар таҳкими дӯстии ду халқи бародар – тоҷикон ва ӯзбекон саҳми арзанда гузошт. Ҳамин тавр, як бахши умри ман дар суҳбати адибон, суханварони беҳтарин, журналистони бомаҳорат гузаштааст. Аз ҷумла, рӯзномаи «Овози тоҷик» як ҷузъи ҳаёти ман буд. Пайвандии ман бо ин рӯзнома бештар тавассути хабарнигорони он чун Истад Қосимзода ва Нуралӣ Раҷаб ба амал омадааст. Дӯстии мо ҳанӯз идома дорад. Хоса, Истад Қосимзода аз қаламкашони моҳир буд, ки минбаъд бо пешниҳоди ман ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Садои Сурхон» таъин гардид. Ӯ аз рӯйи меҳру муҳаббат дар бораи ҳаёти ман як қиссаи ҳуҷҷатӣ нигоштааст, ки «Дар сояи боли ҳумо» ном дорад.
Бояд таъкид кунам, ки «Овози тоҷик» барои тамоми қаламкашони Ӯзбекистон мактаби бузургест. Вай аз ман ҳамагӣ шаш сол калон – «бародари маънавиям» ба шумор меравад. Рӯзи таҷлили мутантан ва васеи 100-солагии ин нашрияро шоҳид будан барои мани мӯйсафед бахти баландест. Умедворам тоҷикони ҷумҳурӣ ба қадри ин пири хирадгустар мерасанд ва алоқамандии худро бо он мустаҳкамтар месозанд.
Ҳумойиддин ШАРАФУДДИНОВ,
собиқ арбоби ҷамъиятӣ ва давлатӣ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.