Чун шумораҳои рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро аз соли аввали таъсисёбиаш варақ мезанед, ҳатман ба мақолаҳо доир ба тарбия ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дучор мешавед.
Зеро тарбия дар ҳама давру замон ва ё дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ аз масъалаҳои мубрам ва муҳим буду ҳаст.
Имрӯз дар шароити ҷомеаи мо низ ин масоил мавқеи худро аз даст надодаанд, балки мавқеи бештар пайдо намудаанд. Июли соли равон «Моҳи ташаккули маданияти кибер» эълон шудааст. Чанде пеш ба ин муносибат дар Донишгоҳи маъданҳои кӯҳӣ ва технологии Навоӣ бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва шаҳрвандон тадбир гузаронида шуд. Тибқи маълумот дар дунё танҳо 10 фоизи ҷиноятҳои кибер фош карда мешудаанд.
Дар Ӯзбекистон низ фиребгарҳо зиёданд. Онҳо аз номи давлат ё шахсиятҳои машҳур ҳар гуна ваъдаҳо дода, ба мардуми одӣ зарари зиёди моддӣ мерасонанд. Тариқи расонаҳои оммавӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ медонем, ки баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ба фиребгарӣ даст мезананд. Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (шумораи 239 аз 25 майи соли 1928) «Хиёнаткорӣ ва тӯрачигӣ. Тӯрачигӣ аз ин зиёд намешавад» ном мақола чоп шудааст, ки ба мавзӯи мазкур дахл дорад. Хостем онро ба хонандаи закӣ пешниҳод намоем, то аз он худаш хулоса барорад.
«Яке аз рӯзҳо (4 моҳи июн) дар боғам ба кор машғул будам, ки овози даҳшатноке ба гӯшам расид. Дар ҳайрат шуда аз боғ берун баромада мехостам, ки сабаби ин овози мазлумонаро фаҳмам. Омада нигоҳ кардам, ки ҳамсояам Раҷаббой Ҳиматуллозода фарёд мекунад. Дарҳол аз пушти девор гӯш карда дидам, ки се-чаҳор нафар коргарон ба Раҷаббой дӯғҳои чаҳор ба як зада истодаанд. Зану бачаҳои Раҷаббой хун мегирянд.
Барои асли воқеаро фаҳмидан оҳиста аз девор партофта (гузашта – Ӯ.Р.), ба тарафи онҳо рафта худро ба нодонӣ зада дар як канор нишаста будам, ки яке аз коргарони масъули район дар ғами (шояд боғи – Ӯ.Р.) боло бар ҳамон Усмонов ном ҷавони 17-18 солаи тапончанок истодааст.
Ҳамроҳи вай Ҷӯрақули милитсия милтиқи худро ба тарафи Раҷаббой рост карда доштааст. Дар ин ҷо Эшонқул Мӯлтанов ном касе ман шӯрои деҳа гуфта сиёсат меронд. Дар таҳти дарвозаи болои Раҷаббой як ароба кӯч ҳозир буд, ки вай кӯчи Ҳикоятой ном зани 15 сол пеш талоқ карда сар додагии Раҷаббой будааст. Занак бо як расвоӣ бо алфози қабеҳ Раҷаббойро ҳақорат карда, кӯчи худро мехост, ки ба боғи Раҷаббой дарорад.
Дар ҳамин асно худи Усмон Бурҳонзода Раҷаббойро пеш ҷеғ зада, пурсид: ин боғ азони кист? Ту дар ин боғ ҳеҷ ҳақе надорӣ! Ту ҳозир боғро холӣ карда ба ин занак медиҳӣ, – гӯён ҳақорат ва тӯрагии бисёр мекунад. Ҳарчанд Раҷаббой: – ин боғ аз они худам, ба боғи ман касе ҳақ надорад, – гӯён тавалло-зорӣ кунад ҳам, лекин Усмонов ба суханҳои вай гӯш накарда, кӯчи занакро ба қӯрғони Раҷаббой ба зӯрӣ дароварда, чизҳои Раҷаббойро аз он ҷо берун кард.
Раҷаббойи бечора аз сиёсати Усмонов тарсида, монанди бед меларзид. Дар ҳамин асно Ҳикоятой боз ба Усмонов гуфт, ки ман дар қӯрғон наменишинам, маро ба беруни қӯрғон ба айвони боғ бароред. Усмонов ҳам дубора кӯчҳои Раҷаббойро гирифта як-як ба даруни қӯрғон партоёнд.Кӯчи Ҳикоятойро ба беруни қӯрғон баровард.
Усмонов баъд аз тамом кардани кӯч ба милитсияаш Ҷӯрақул мефармояд, ки бигир Раҷаббойро ҳамин соат ба ҳабс фирист.
Ҷӯрақул ва худи Усмонов аз дасти Раҷаббой дошта ӯро мехостанд, ки ҳамон соат ба ҳабс фиристонанд, лекин Раҷаббой гуфт: – Ҷаноби Усмонов, ҷавоб диҳед, ки ман кӯрпа-болиштҳои худро ба ҳабсхона гирифта равам.
Усмонов ҷавоб надода боз ҳаракатҳои барзиёд карда, мисли ҳайвонон кашола мекард. Зану бачаҳои Раҷаббой он қадар гиря ва доду фарёд мекарданд, ки ба инсон тоқати шунидан намемонад.
Дар ҳамин асно яке аз ин тӯрачиён Раҷаббойро бардурӯғ (ба тарзи сохта) ба кафилӣ гирифтанӣ шуда аз ҷаноби Усмонов гуноҳи ӯро ва ҳабс нашудани ӯро талаб менамуд. Усмонов ӯро аввал як қадар ҳақорат карда, баъд аз он бо чашми худ ишоракунон Раҷаббойро ба кафил дод.
Мана акнун Раҷаббой аз ҳабси сохта озод шуд. Инҳо ҳама Ҳикоятойро хотирҷамъ карда, ба кӯча баромада рафтанд.
Фардояш бечораи Раҷаббой арзи ҳоли худро ба шуъбаи кофтукови кори ҷиноятии Дарғами болои округи Самарқанд мерасонад. Ва воқеаро ба тафсил баён мекунад. Дар ин вақт маълум мешавад, ба дигар одамон ва аризачиён ҳам ҳамин гуна муомила карда ва тӯрагӣ мекардааст. Баъд аз он дар натиҷаи тафтиш тӯрачӣ ва бадахлоқ будани Усмонов собит мешавад.Ва ӯ дар ин хусус ҷинояткор ҳисоб шуда, ба масъулият кашида мешавад. Худаш ҳам аз хидмат хориҷ карда мешавад.
Акнун меоем дар бораи ҷинояти Ҳикоятой. Ҳикоятхон зани пештараи Раҷаббой аст, ки аз ин 15 сол пеш аз номуросогии хонадонаш талоқ шуда аз шавҳараш ҷудо гардида, рафтааст. Имрӯзҳо ба шавҳараш даъво карда мехостааст, ки ба боғи вай соҳиб шавад. Ҳоло даъво ва ҷанҷоли онҳо дар тафтиш аст. Дар тафтиш маълум хоҳад шуд, ки соҳиби боғ кист.
Мана, дар болои ҳамин ҷанҷоли ҳал нашудагӣ Усмонов ва дигарон бо чандин раия бозӣ ва сохтакорӣ ба боғи Раҷаббой омада, хостаанд, ки Раҷаббойро як тарсакӣ зада, боғи ӯро аз дасташ гирифта, ба зани пештараи баромада рафтагиаш супоранд. Бинобар ин дар натиҷаи қонунношиносӣ ва тӯрагиашон ба даст афтодаанд, ки ҳоло сари онҳо дар тафтиш (шояд «ташвиш» бошад – Ӯ.Р.) аст.»
Имзои мустаори «Ҷим».
Матн ва таҳияи Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».